Дронҳо дастгоҳҳои бесарнишини паррон дар кори медиа-соҳа истифодаи ба омили нисбтан паҳншудаистода табдил меёбанд. Ба ақидаи экспертон ин омил фаъолона рушд ёфта, ВАО-и мамлакатҳои хориҷ ва мидиаширкатҳои Осиёи Марказӣ онро бо наворгирӣ дар осмон аз таҷриба мегузаронанд.
Дар бисёрии давлатҳо қоидаи истифода бурдани дронҳое, ки ба ҷузъиётҳои мувофиқ насб гардонида шудааст, вуҷуд надорад. Вале соҳа зина ба зина пас аз гузашти моҳҳои дуру дароз ва зиёд вақтро кашолдиҳиҳои беҳудаи бюроктартии Оҷонсии федеролии ҳавопаймоии ИМА (FAA) маҷмӯи қоидаҳоеро баровард, ки пас аз гузаронидани санҷиш ба рӯзноманигорон имконияти бидуни муҷаввизи (патент) бесарнишин озодона идора кардани дронҳоро медиҳад, менависад poynter.org.
Ин маҷмӯаи қоидаҳо дар охири ҳамин моҳ амалан ба қуваи эътибор пайдо мекунад ва шояд дар ИМА ногаҳон фотожурналистони зиёд пайдо шаванд, ки бо дронҳо аслиҳанок ҳоҳанд буд.
Аммо агар чунин ҳолат рӯй диҳад, пас CNN дар назди рақибони худ афзалият пайдо мекунад. Таҷрибаи медиа ВАО манфиатовар хоҳад буд. Зеро ВАО нақша дорад, ки ба кори таҳририя омилҳои нав ворид намояд.
Медиаташкилот дар бораи созмон додани CNN AIR – зершӯъбаи нави худ хабар дод, ки бо аксбардории ҳавоӣ ва хабарнигории фазоӣ машғул аст. Гӯрӯҳе, ки аз ду оператори дронҳо барои рӯзи пурраи корӣ ва флот тақрибан аз дувоздаҳ дронҳои андозаи гуногун иборат аст, яке аз аввалинҳо ва асоситаринҳо дар байни ВАО-и ИМА маҳсуб меёбад ва ният дорад, ки дар истифодаи дастгоҳхои паррони бесранишин барои ҷамъоварии ахборот пешсаф бошад.
Чуноне Грег Агвент (Greg Agvent), роҳбари калон оид ба амалиётҳои ахборотии медиаташкилот мегӯяд, новобаста аз оне, ки шӯъбаи CNN AIR нав ба «парвози худ» сар кардааст, он дар давоми 16 моҳ офарида шудааст. Ғояи офаридани ин чиз дар Сэм Фейст (Sam Feist), роҳбари бюрои вашингтонгии CNN ва ҳамзамон дӯстдори ҳавонавардӣ, ки ба мувааффақият дар технологияи дронҳо таваҷӯҳ намудааст, пайдо шудааст ва ӯ дар ин бора ба ҳамкорони худ гуфтааст.
Дере нагузашта CNN дар ҳамкори бо Georgia Tech дар сари масъала фикр карданд, ки чӣ тавр метавон дронҳоро дар ҷамъоварии ахборот беҳтар истифода бурд. FAA CNN-ро асосгузори ин омил номид ва ба медиашабака иҷозат дод, ки бо мақсадҳои тиҷоратӣ аз дронҳо истифода баранд. Бехатарӣ бошад, ба дараҷаи аввал гузошта шуда буд.
Пас аз ин CNN бо ёрии дронҳо якчанд супоришҳоро ба анҷом расонид, мегӯяд Агвент. Наворҳои аввалаи дронҳо аз болои хонаи аз сурб сироятёфтаи шаҳри Флинти иёлоти Мичиган ва инчунин аз осмон ба наворгирии ҷараёни Анҷумани миллии ҳизби демократии Филаделфияро дар бар мегирифт.
CNN фаҳмид, ки дронҳо махсусан барои истифодаи се чиз манфиатоваранд, мегӯяд Агвент
1.Матн ва фаҳмиш
Агвент баромадани Gupta-ро аз шаҳри Флинт барои истифодаи дронҳо баҳри мазмуни баланд додан ба матн чун намуна пеш меорад.
«Ҳама матлаби хабарнигори дар он буд, ки «ман дар хона бо дараҷаи баландӣ сироятёби аз бемории хук будам, вале ба Шумо лозим буд, ки дар бораи 10 000 хонахои аз оби вайроншуда сироятёфта маълумот пайдо кунед», мегӯяд Агвент. «Барои ин мо аз дрон истифода бурдем, дрон ҳамагӣ дар 3 метр баланд аз он қарор дошт.
2.Беҳтар намудани сифати маҳсулот
Банаворгирии дроно аз Китобхонаи президентии Рейган дар Сими Вэлли, Калифорния, саҳнаҳо аз Филаделфия дар рафти Анҷумани миллии ҳизби демократӣ ва Анҷумани миллии ҳизби ҷумҳуриявӣ дар Кливленд сифати барномаро дар бораи ин воқеаҳои муҳим беҳтар намуд, мегӯяд Агвент.
«Китобхонаи Рейган – ҷойи махсусан беҳамто», –мегӯяд Агвент. – «Ин бинои зебо бо гӯшаву канори ранги сурхдошта дар байни биёбон мебошад. Мо тавонистем бо истифодаи дронҳо дар як вақт ҳам худи биёбон ва китобхонаро аз баландӣ ба навор гирем. Мо аз дохили айвони ҳавопаймои президентӣ аксҳоро ба даст оварда тавонистем.
3.Беҳтар намудани қиссаи навори ҳӯҷатӣ
CNN AIR танҳо бо наварбардории ахборотҳои асосии CNN маҳдуд нест. Ҳавонавардони зершӯъба барои лоиҳаи «Қиссаи ҳайратовар» (Great Big Story) контент меофаранд. Ин ташабускории олӣ барои офаридани видеорнавор мебошад. Инчунин зершӯъбаро дар дигар лоиҳаҳои системаи пахшии Turner ва Time Warner низ истифода мебаранд. Яке аз нахустин намунаи чунин корҳо ба тамошобинон барои ҷамъварии хушпаймоҳо ё подаи бизонҳо фиристода шуд, мегӯяд Агвент.
[youtube youtubeurl=»eZCIYmoq-wE» ][/youtube]
«Мо тавонистем, ки натиҷаи хуб ба даст орем», – мегуяд ӯ. – «Мо дронҳоро барои ба навор гирифтани он чизҳое, ки тавассути вертолёт аксбардорӣ карда намешвад, сурат гирем.
Ҳоло, мегӯяд Агвент, флоти дронҳои CNN AIR асосан аз коптерҳо (вертолетҳо) иборат аст, вале ӯ ният дорад, ки ба он дастгоҳи парвозкунандаро бо боли ҳаракатнамекарда илова намояд, то ки вақти парвозро бидуни таваққуф зиёд намояд. Операторони дронҳо дар давоми як моҳ 10 маротиба ба парвоз хоҳанд баромад (тақрибан 2 ё 3 мартиба дар давоми як ҳафта).
CNN медонад, ки ҳангоми нодуруст истифода бурдани дронҳо боиси бавуҷудоии муноқишаву низоҳо мегардад, бо вайрон кардани дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ё дигар этикаи рӯзноманигорӣ вобастагӣ дорад, мегӯяд Агвент. Бинобар ин, агар продюсерҳо истифодаи ғайриоддии дронҳоро мехоста бошанд, пас ба онҳо лозим меояд, ки дар холати ба миён омадни саволҳо нисбати навори ҷойдошта чӣ тавр худ рафтор мекарданд: онро бо стандартҳои CNN ё шӯъбаи ҳуқуқӣ муқоиса мекарданд.
Хуллас, агар боз як намуди камерае пайдо шавад, ки онро гирд гардондан мумкин бошад, пас ин ҳоло маънои онро надорад, ки ДНК-и дар асоси CNN-ро бударотағйир додан мумкин аст, мегӯяд Агвент.
«CNN алакай 35 сол боз арзи ҳастдорад», – мегуяд ӯ, – «Аз кадом технологияе, ки мо истифода набарем, мо дорои сиситемаи нисбатан устувори кор бо масъалаҳои этикӣ ва вобаста ба дахлнопазирии хаёти шахсӣ дар реҷаи кори ҳаррӯза мебошем. Дронҳо бошанд, боз як омил ва аслиҳа дар кори мо мебошад.
Сарчашмаи акси пешомад: pojokshare.com.