Намояндагии Интернюс дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Медиа барои инъикоси самараноки масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ” барои иштирок дар тренинги панҷрӯза барои тренерон (ТОТ) оид ба инъикоси касбии масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ ба воситаи технологияи мултимедиявӣ озмун эълон менамояд.
Ҳадаф: баланд бардоштани огаҳӣ ва ташаккули малакаҳои гурӯҳи мақсаднок (журналистон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони мустақил ва медиатренерони таҷрибадор/мушовирон) барои гузаронидани тренингҳо оид ба стандартҳои асосии журналистика ва инъикоси касбии масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ ба воситаи технологияҳои мултимедиявӣ.
Иштирокчиёни ТОТ шуда метавонанд:
журналистон;
коршиносони маҳаллӣ аз ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ (НПО), ки фаъолияти хешро дар соҳаи муҳити зист ва захираҳои табиӣ ба роҳ мондаанд;
коршиносони мустақили маҳаллӣ дар соҳаи муҳити зист ва захираҳои табиӣ;
медиатренерони таҷрибадор/мушовирон.
Иштирокдорони ТОТ дар асоси озмун муайян карда мешаванд. Тренинг аз 29-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2016 баргузор мегардад.
Талабот ба иштирокчиёни озмун:
маълумоти олӣ,
таҷрибаи амалии фаъолияти тренерӣ (на кам аз 2 сол),
ихтисосмандӣ дар ҳама гуна мавзӯъ (масалан, муҳити зист, захираҳои табиӣ, технологияҳои мултимедиявӣ, хусусияти инъикоси мавзӯъҳои ҳассосу муноқишавӣ ва ғайра),
таҷрибаи корӣ дар омодасозии маводи журналистӣ (аз ҷумла, ба воситаи технологияҳои мултимедиявӣ) дар мавзӯҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ- ба манфиат аст.
омодагӣ барои сафар ба минтақаҳо барои гузаронидани тренингҳои навбатӣ,
донистани забонҳои тоҷикӣ (ба манфиат аст) ва русӣ,
инсондӯстӣ, хоҳиш ва қобилияти додани дониш.
Шароит барои иштирок дар барнома:
Барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
дархости пуркардашуда барои иштирок дар тренинг (аз ин ҷо зеркашӣ намоед)
тарҷумаи ҳол (СV).
Шакли дархостро пур карда, якҷоя бо тарҷумаи ҳол то 15-уми сентябри соли 2016 ба суроғаи зерин фиристед: centralasia@internews.eu
Диққат! Ҳатман дар мактуб мавзӯъро нишон диҳед: “ТОТ оид ба инъикоси масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон”.
Иштирок дар барнома ройгон аст. Лоиҳа хароҷоти иштирокдоронро барои истиқомат ва хӯрок пардохт менамояд. Хароҷоти роҳ бо пешниҳоди номгӯи ҳуҷҷатҳо пардохт карда мешавад (ба таври иловагӣ эълон карда мешавад). Иштирокдороне, ки аз озмуни интихобӣ гузаштаанд, вазифадоранд, ки аз барномаи пурраи тренинг аз оғоз то ба анҷом гузаранд ва аз рӯи зарурат дар чорабиниҳои омӯзишии лоиҳа ба сифати ёвари тренер иштирок намоянд.
Интернюс дархостҳои радкардашударо тавзеҳ намедиҳад.
Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост – то 15-уми сентябри соли 2016 мебошад.
ТОТ дар доираи лоиҳаи “Медиа барои инъикоси самараноки масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупоӣ маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Интернюс амалӣ мегардад, гузаронида мешавад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба мушовири маҳаллии лоиҳа оид ба журналистика Ирина Чистякова бо суроғаи: ICHISTYAKOVA@INTERNEWS.ORG ва медиа-тренер дар Тоҷикистон Рустам Гулов бо суроғаи RGULOV@INTERNEWS.ORG муроҷиат намоед.