Дар кори конференсияи “Медиа дар муҳити рақамӣ: мушкилот ва имкониятҳо”, ки дар Душанбе санаҳои 22-23-юми сентябри соли 2016 баргузор гардид, менеҷер оид ба маводи шабакаҳои иҷтимоии портали stopfake.org Мария Жданова иштирок намуд.
Чанд маслиҳати Мария Ждановаро доир ба чӣ тавр ҳамкорӣ намудани медиа бо аудиторияи хеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба таваҷҷӯҳи Шумо пешкаш менамоем.
[youtube youtubeurl=»WF3TazmlVmo» ][/youtube]
Маслиҳати аввал – бояд аудиторияи хешро омӯхт. Масалан, онҳое, ки дар Stopfake.org кор мекунанд, мумкин аст дар сомона фаъолият накунанд, фарз кардем, маҷаллаи ҷилонок ё мӯҳразада ва ё шабакаи телевизионӣ. Барои он ки аудиторияи хешро донем, бо онҳо бояд сӯҳбат намоем.
Маслиҳати дуюм – санҷед. То даме, ки Шумо намудҳои мухталиф, роҳҳои гуногуни пешниҳоди маълумотро насанҷед, Шумо намефаҳмед, ки аз он кадоме кор мекунад ва кадоме не.
Маслиҳати сеюм – ба зоҳири маълумот, ба сифати тасвирҳо мушоҳида намоед. Одамони визуалӣ зиёданд, маҳз барои ҳамин ҳам маводи тасвирӣ ва маводи аксдор машҳуранд. Барои ҳамин ҳам, интишори аксҳои бесифат ё линкаҳои бе аксҳо – нораво мебошанд.
Маслиҳати чорум – бо аудитория бояд сӯҳбат кард. Шабакаҳои иҷтимоӣ – ин коммуникатсияи дутарафа, ҳатто коммуникатсияи бисёрҷониба аст, ки истифодабаранда на танҳо пости Шуморо хондан мехоҳад, балки боз бо он ҳамкорӣ кардан мехоҳад. Аз ин лиҳоз, агар шуморо шарҳ диҳанд, саволҳо диҳанд – бо ин гуна истифодабарандагон бояд сӯҳбат кард, ин ба саҳифаи Шумо кӯмак мерасонад.
Маслиҳати панҷум – шояд аз нигоҳи шароит, ки мо дар он фаъолият менамоем, саривақтӣ бошад. Яъне, маълумоти дурӯғ. Чунин сегментҳои аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ чун ботҳо ва троллӣ ҳастанд. Онҳо чунин одамон ва барномаҳое мебошанд, ки аз болои он кор мебаранд, ки истифодабарандаро ба гумроҳӣ баранд, ӯро аз худ дур намоянд, спамро паҳн кунанд. Бо чунин истифодабарандагон ҳатто ба баҳсҳо баромадан нашояд, зеро Шумо ба бохт рӯбарӯ мешавед. Агар Шумо дидед, ки он тролл ё бот аст, онҳоро зарур аст, ки маҳкам ё нест кунем. Ин ба кори Шумо хеле кӯмак хоҳад кард.