ДомойМедиалентаИштирокчиёни силсилаи вебинарҳои “Инфографика” интихоб шуданд

Иштирокчиёни силсилаи вебинарҳои “Инфографика” интихоб шуданд

12 октябри 2016 сол силсилаи вебинарҳо ба мавзӯи “Инфографика” оғоз мегардад. Силсила се вебинар, вазифаи хонагӣ ва лоиҳаи финалиро дар бар мегирад.

Медиамутахассисони интихобшуда, ки тамоми силсилаи вебинарро омӯхта лоиҳаҳои финалиро месупоранд, соҳиби сертификати Internews мегарданд.

Иштирокчиёни аввалин силсилаи вебинарҳоро ба мавзӯи “Инфорграфика”, муаррифи менамоем.

Барои иштирок дар силсилаи вебинарҳо тақрибан 200 дархост пешниҳод гардид, ки бисёрии онҳоро – намояндагони фондҳои ҷамъияти ва ташкилотҳои байналхалқи дар бар гирифт. Барои ин доираи шунавандагон ташкили вебинари махсус ба нақша гирифта шудааст.

Аввалин вебинар дар силсила ба асоси инфгорфика бахшида шуда 12 октябри 2016 сол, соати 17.00 бо вақти Алмаато, Бишкек, 16.00 бо вақти Душанбе, 14.00 – бо вақти Маскав доир мегардад.

Омӯзишро Иван Печишев, дотсенти донишгоҳи Перм, медиатренер, тадқиқотчии соҳаи маводҳо.

Хотирасон мешавем, ки дар вебинарҳои тамоми хоҳишмандон иштирок карда метавонанд, лекин танҳо бо мутахассисони интихоб шуда корҳои шахси гузаронида мешавад.

Барои иштирок дар вебинар аз истинод истифода баред.

Диққат! Барои иштироки бомуваффақ дар вебинар шумо бояд:

Аз тавсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera истифода баред. Дар браузер бояд охирин тавсири Adobe Flash Player фаъол бошад. Google Chrome, Flash Player-и худро дорад.

Агар шумо ба интернет аз шабакаи корпаративи бароед, пас бояд ба маъмури системави муроҷиат намоед, ки порти 1935, 80, 443-ро фаъол намояд.

Барои иштирок дар вебинар аз планшет, маслиҳат медиҳем аз браузери Google Chrome ё Puffin Browse истифода баред.

Силсилаи вебинарҳои “Инфорграфика” аз тарафи Internews Network дар доираи лоиҳаи дастраси ба иттилоот ташкил шудааст. Он бо маблағгузори ва ёрии халқи амрико, тариқи Агентии ИМА ба рушди байналхалқи (USAID) татбиқ мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ