ДомойОзмунҳо/ГрантҳоГирандагони гранти Internews барои истеҳсоли барномаҳо дар формати «Тейбл ток» интихоб шуданд

Гирандагони гранти Internews барои истеҳсоли барномаҳо дар формати «Тейбл ток» интихоб шуданд

Барои иштирок дар озмун барои ба даст овардани грантҳо 17 дархост аз ВАО-и Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ворид шуда буд.

Барои иштирок дар тренинг оид ба истеҳсоли барномаҳои пилотӣ 4 ВАО интихоб шуд:

  1. Нашриёти «Эксклюзив» (Қазоқистон)
    2. Фонди ҷамъиятии «Поколение XI» (Қирғизистон)
    3. Гурўҳи эҷодии Мульти технолоджи (Қирғизистон)
    4. Фонди ҷамъиятии «ПроМедиа» (Қирғизистон)

Тренинг санаҳои 22-24-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек зери роҳбарии Юлия Мучник (Россия, Томск) баргузор гардид.

Юлия Мучник — журналист, барандаи телевизион, дорандаи чоркаратаи ҷоизаи миллии телевизионии Русия барои комёбиҳои бузург дар соҳаи санъати телевизион «ТЭФИ» мебошад.

Тибқи натиҷаҳои баҳогузории барномаҳои дар тренинг истеҳсолшуда, ҳакамон қарор қабул карданд, ки дар чаҳорчўбаи барномаи грнатҳои хурд ба Фонди Ҷамъиятии «ПроМедиа» (Қирғизистон) маблағ ҷудо намояд.

Мақсади грантҳои хурд – ҳавасманд кардани истеҳсоли муштараки барномаҳо ба мавзўҳои барои ҷамъият аҳамиятнок дар байни ВАО-и мустақили Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон , инчунин мубодилаи ин барномасозӣ.

Грант истеҳсоли силсилаи тейбл-токҳои ҳарҳафтаинаро бо инъикоси мавзуҳои актуалӣ ва тамоюлҳо дар сиёсат, иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоӣ, ки ба ҳаёти ҷомеа дар дохили кишвар ва вазъияти минтақа таъсир мерасонанд, дар назар дорад. Давомнокии барномаҳои телевизионӣ – 25 дақиқа.

Лоиҳа аз ҷониби намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Оҷонсӣ оид ба рушди байналмилалии ИМА (USAID) амалӣ мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ