ДомойХудомӯзРӯзноманигории таҳқиқоти: номгӯи онлайн-хизматрасониҳо аз Денис Бигус

Рӯзноманигории таҳқиқоти: номгӯи онлайн-хизматрасониҳо аз Денис Бигус

Маллифи мавод: Айдай Қодиралиева. 19 ноябр дар Бишкек (Қирғизистон) омӯзиши Денис Бигус “Роҳҳои иннофатсионии мубориза бо коррупсия: рӯзноманигории маълумотҳо” баргузор гардид.

Денис Бигус – муаллиф ва барандаи барномаи оид ба мубориза бо коррупсия «Наші гроші» -и ширкати телевизионии украинии ZIK мебошад.

Баҳратон маҷмӯи онлайн-хизматрасониҳои Денисро пешкаш менамоем. Ин воситаҳо барои рӯзноманигорони таҳқиқотчӣ хело муфид хоҳад буд.

  1. Google Earth– воситаи муфид барои таҳқиқоти масъалаҳои “заминӣ”. Инҷо аксҳои радифии рӯи тамоми курраи замин, ҳам муосир ва ҳам таърихӣ оварда шудааст. Харитаҳо ба шумо вақт ва воқеияти минтақаро нишон медиҳанд.
  2. org– онлайн-энсиклопедия, мақсади он – ҳама чизро нишон дода тасвир кардан аст. Захира расмӣ не, лекин иттиооти мебошад. Тамоми хоҳишмандон метвонанд ягон ҷой ё биноро нишон диҳанд. Инҷо маълумотҳоеро дарёфт кардан мумкин аст, ки дар ягон рассонаии расми вуҷуд надорад.
  3. Тариқи ин истинодшумо дарстурамали мушаххас оид ба ҷустуҷӯи дақиқ дар Google бо истифодаи чунин аломатҳо ба монанди +, -, «», |, and, or ва ғайраро меёбед.
  4. Investigative Dashboard бастаи маҳзанҳои амалӣ баҳри хабарнигории таҳқиқотӣ. Инчунин инҷо – ҷамъи маводҳои кушода аз Абу-Дабӣ то Замбия оварда шудаанд. Барои мисол ин истинод барои коркарди таҳқиқоти зиддикоррупсиони хеле муфид мебошад.
  5. Arachnys Compass– сомона дорои маълумотҳои ройгон оид ба мурофиаҳои судии тамоми ҷаҳон мебошад.
  6. Social Searcher– ин онлайн хизматрасони имкон медиҳад, ки маводро аз шабакаҳои иҷтимои дар вақти воқеи ҷустуҷӯй намуда таҳлил кунед. Истифодабарандагон бе воридшавӣ метавонанд аз системаҳои Twitter, Google+, Facebook, Youtube, Instagram, Tumblr, Reddit, Flickr, Dailymotion и Vimeo истифода баранд.
  7. Yomapic– ҷустуҷӯи мавод аз шабакаҳои иҷтимои вобаста ба макон.
  8. Twitter Advanced Search– маҳзан имкони ҷустуҷӯи васеро тариқи Twitter пешкаш менамояд.
  9. Whois Lookup – дарёфти сервер, суроғаро тариқи сомона имкон медиҳад.
  10. Internet Archive– онлайн-маҳзани ғайритиҷорати бо миллионҳо китобҳо, филмҳо, барномаҳо, мусиқи, сомона ва ғайраи ройгон.
  11. FotoForensics– тариқи ин восита метавонед фаҳмед, ки сурат тариқи Фотошап коркард шудааст ё не.
  12. Offshore LeaksDatabase– иттилоот, ки давоми 30 соли охир бобати ширкатҳои оффшори тамоми ҷаҳон чамъ карда шудааст.
  13. GooglePublicData Explorer – маводҳоро оид ба ширкатҳои калонтарини ҷаҳон аз от Бонки ҷаҳонӣ до Фонди байналмилалии асъор.
  14. Агар шумо бо маводҳои муносибати Аврупо дошта бошед, аз European DataPortal истифода баред. Маводҳои кушод ба ҳар гуна мавзӯъ ба монанди муҳити атроф, иқтисодиёт, маориф, саломатӣ ва ғайра ҷой дода шудааст.
  15. Агар шумо бо ҳуҷҷатҳои давлатӣ ё манбаҳо кор кунед, DocumentCloud имкон медиҳад то аз шахсиятҳо ва маконҳои дар ин ҳуҷҷатҳо ҷамъ омада иттилоот гиред.
  16. Агар шумо қиссаҳоро оид ба хароҷотӣ мақомоти давлатии мамлакататон навиштани бошед, шояд аз OpenSpending махлумоти заруриро дарёбед. Сомони 1095 намуд иттилоотро аз хароҷоти 76 давлат ҷамъ овардааст.
  17. LittleSis– ин маҳзан, дорои маълумот оид ба одамони доираи бонуфузи ҷомеа мебошад.
  18. OpenCorporates– баҳратон оид ба 93 миллион ширкатҳои ҷаҳон маълумот пешниҳод менамояд.

 

Омӯзиш аз тарафи Internews дар доираи лоиҳаи “Сохти амалияи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ барои ислоҳоти демократӣ: ҳамоҳангсозии ҳамкори байни намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқӣ, институтҳои давлати ва ВАО” бо IWPR (институт оид ба инъикосӣ ҷанг ва сулҳ) ташкил гардид.

Сарпарасонӣ лоиҳа – Иттиҳоди Арупо, Ҳоикмияти Норвегия.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ