ДомойБез рубрикиОнлайн-воситаҳои беҳтарин барои шарҳи мухтасар ва аломатгузорӣ

Онлайн-воситаҳои беҳтарин барои шарҳи мухтасар ва аломатгузорӣ

Воситаҳо барои шарҳи мухтасар ва аломатгузории интернетӣ ба шарҳ, муҳокима ва кори якҷоя дар саҳифаҳои интернетӣ, скриншот ё файлҳои PDF кӯмак мерасонанд. Чунин хизматрасониҳо заминаро илова ва равшаннамоӣ, аломатгузорӣ, шарҳ ва ғайраро барои омодакунии тафсирҳо бо заминагузорӣ истифода менамоянд.

Scrible

Scrible ба сохтани китобхонаи шабакавии хусусии шарҳи мухтасари мақола ё маводи таҳқиқотӣ кӯмак мерасонад – ин воситаи беҳтарин барои дастае, ки ба таври фосилавӣ фаъолият мекунанд. Он дар саҳифаҳо қайдро гузоштан ва нигоҳ доштан, файлҳо (ҳуҷҷатҳо, муаррифиҳо ва ғайра)-ро нигоҳ доштан, эҷод кардан ва ҷустуҷӯъ аз рӯи китобхона, ҳамзамон мақолаҳои шарҳдодашударо барои робитаи тарафайн ба дигарҳо паҳн карданро имкон медиҳад.

Scrible барои Chrome ҷадвали фаъол ва васеъро пешниҳод менамояд. Дар саҳифаҳои мухталиф барои фаъолнокии панели воситаҳои Scrible Шумо метавонед тугмаро пахш намоед. Вақте ки он пайдо мешавад, матнро интихоб карда, барои ҷудо намудани матн бо рангҳои гуногун тугмаи Highlight Text (матнро равшан кунед)-ро ё барои ҳамроҳ кардани аломатҳо тугмаи «Add Note» (аломатро илова кунед)-ро пахш намоед.

Тугмаҳои «Boorkmark Page» (саҳифаро ба аломатҳо дохил кардан) ва «Share» (тақсим кардан) ба таври интизорӣ кор мекунанд, Шумо метавонед саҳифаи шарҳдодашударо бо воситаи Permalink (истиноди мунтазам) дар ҳолате, ки агар робитаи тарафайн зарур бошад, тақсим намоед. Ҳангоми истифодабарии ин истинод дигарон панели идоракунии ба ин монандро, ки ба воситаи он онҳо шарҳ дода, бо рангҳо ҷудо карда, аломатҳо, нишонагузорӣ ва ғайораро илова карда метавонанд.

Ҷиҳатҳои мусбат:

* рекламаро нишон намедиҳад – ҳатто дар тарофаи ройгони Basic.

* опсияи «Синфхона» («Классная комната»)-ро барои омӯзгорон пешниҳод менамояд, ки дар сохтори синф ва китобхона мавҷуд аст, ҳамзамон дастгирии ҳамоҳангсозӣ бо синфхонаи Google Classroom.

Ҷиҳатҳои манфӣ:

* Дар муқоиса бо дигар воситаҳое, ки дар зер оварда мешаванд, замимаҳо (иловаҳо)-и мобилиро дастгирӣ намекунад.

Diigo

Diigo – кӯмакрасон барои хондан аст, ки ҷиҳати сохтани китобхонаи хусусӣ имкон медиҳад. Ин восита метавонад анбори донишро бо дастрасии умумӣ ба паҳншавии китобхона дар дохиди гурӯҳ (масалан, ҳамкорону ҳамкасбон) эҷод намояд. Аъзои гурӯҳ метавонанд боздид намуда, шарҳи мухтасарро ба мавод бо дастрасии умум илова кунанд.

Diigo барои Chrome ҷадвали фаъол ва васеъро (бо номи Diigolet) пешниҳод менамояд. Ҳангоми ҷадвали фаъол ё тугмаи Diigo-ро пахш кардан Шумо дар кунҷи рости болоии саҳифа панели воситаҳои Diigo Toolbar-ро мебинед. Бо тугмаи «Highlight» Шумо метавонед матнро бо рангҳо ҷудо намудан ва бо тугмаи «Sticky Note» аломатро мустаҳкам кардан мумкин аст.

Тугмаҳои дар панели идоракунии «Bookmark» (дар аломатҳо) ва «Read Later» (дертар хондан) ҳамон тавре, ки мунтазир будем, кор мекунанд. Барои он ки мақолаҳои шарҳдодашударо тақсим намоем, тугмаи «Share»-ро пахш карда, «Get annotated link» (истинодро ба мақолаи шарҳдодашуда гирифтан)-ро интихоб намоед.

Бо ин истинод одамон метавонанд ҷудокунӣ ва қайди Шуморо бинанд, вале қайди шахсии худро илова карда наметавонанд (ҳамчунин «тақсимкунӣ бо гурӯҳ»-ро истифода кардан мумкин аст).

Ҷиҳатҳои мусбат:

* Бо замимаҳои мобилии барои Android ва iOS кор мекунад.

Ҷиҳатҳои манфӣ:

* ҳангоми истифодаи тарофаҳои ройгон рекламаро нишон медиҳад;

* бо рангҳо шумораи ками калимаҳоро дар тафсири ройгон ҷудо кардан мумкин аст;

* тақсимкуниро танҳо дар ҳолати хониш ба роҳ мондан мумкуин аст.

Marqueed

Marqueed – воситаест, ки барои аломатгузорӣ ва муҳокимаи тасвире, ки дар болои тасвир кашида мешавад, барои он пешниҳод мекунад, ки тавонанд ғоя (идея)-и худро тақсим ва байни худ муҳокима намоянд. Он вазифаи скриншотҳоро дар саҳифаҳои интернет (веб), ҳамчунин воридоти тасвирҳоро дар Dropbox дастгирӣ менамояд.

Шумо метавонед маҷмӯи тасвирҳоро (ҳамчун китобхона) таҳия намоед ва барои робитаи тарафайн ё таҳияи маҷмӯъро бо дастрасии умум аз тасвирҳо/скриншотҳои эълоншуда ба одамон тақсим кунед. Китоби амал ҳамаи чизҳоеро, ки бо ҳуҷҷатҳо мегузарад, сабт менамояд ва ҳамаи пешрафти умумиро дар як ҷо нишон медиҳад.

Барои он ки истифодаи хизматрасониро оғоз намоем, танҳо ба аккаунти худ ворид шавед ва барои маҷмӯи нав пурбор ё тасвирро ворид намоед. Сипас тасвирро кушоед ва бо кӯмаки воситаи «Freehand» (расмкашӣ бо даст) ё «Rectangle tool» (росткунҷа) аз боло расм кашед ё қисми тасвирро интихоб кунед – шарҳро илова намоед. Барои тақсимкунӣ, айнан ҳамон тавр коллексияи расмҳоро тақсим намоед.

Ҷиҳатҳои мусбат:

* имкон медиҳад зоҳиран ба воситаи тасвир муошират намоед;

* таҳияи вазифаҳоро дар Basecamp ва Asana дастгирӣ менамояд.

Ҷиҳатҳои манфӣ:

* Восита нисбат ба шарҳи саҳифаҳои интернет (веб), бештар ба муҳокимаи тасвирҳо тааллуқ дорад;

* Вазифаи «тақсимкунии истинод» кор намекунад.

 

Бо истифода аз маводи  hongkiat.com.

Манбаи аксҳо дар пешомади: pexels.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ