Дар замимаи мобилии «Google Photos» функтсияи барномавии ба эътидол орандаи садо пайдо шуд, ки ноқисии ночизро бартараф мекунад ва мунтамзамнокии намоиши видеоро барқарор месозад. Бо баробари як маротиба пахш кардани «ба эътидол оваранда» (Stabilize) видеоро дар сифати беҳтар тамошо кардан имконпазир мегардад.
Чуноне The Verge қайд менамояд, ин функтсияи нав атрофи каддро каме мебурад, вале натиҷаи кори он воқеан таассуротбахш аст. Тафсири ислоҳшудаи ролик ҳамчун файли алоҳида нигаҳдорӣ мешавад.
Маласан, бо ёрдами «Google Photos» ягон видеоро зуд ислоҳ карда, баъдан дарҳол онро ба Facebook ё Instagram ҷойгир кардан мумкин аст. Инчунин замимаи мазкур барои дар шакли зарурӣ ба тартиб даровардани ролике, ки тариқи смартфон бидуни системаи ба эътидолорандаи оптикӣ (OIS) наворбардорӣ карда шудааст, кӯмак расонида метавонад.
Тафсири навкардашудаи «Google Photos» инчунин дорои маҷмӯи филткунандаҳои динамикие мебошад, ки барои дуруст кардани сурат ва лағжишҳои нави «Дараҷаи кабуд» ва тобнок гардонидани рангу намуди обу осмон имкон медиҳад.
Тариқи истинод метавонед маводи ҳосилшударо тамошо кунед.