ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмун барои иштирок дар тренинг оид ба таҳқиқоти журналистӣ барои журналистони ОМ

Озмун барои иштирок дар тренинг оид ба таҳқиқоти журналистӣ барои журналистони ОМ

Internews дар Қирғизистон дар якҷоягӣ бо Kloop Media дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ВАО-и мустақил дар Осиёи Марказӣ» озмуни кушодаро барои иштирок дар тренинги серӯза оид ба таҳқиқоти журналистӣ, ки аз 12 то 14-уми майи соли 2017 дар шаҳри Бишкек, Қирғизистон баргузор мегардад, эълон менамояд.

Аз рӯи натиҷаҳои тренинг лоиҳаҳои иштирокчиён барои грантҳои хурд ба таҳқиқоти журналистӣ интихоб карда мешаванд.

Иштирокчиёни тренинг метавонанд:

Журналистон аз ширкатҳои телевизионӣ, студияҳои истеҳсолӣ ва нашрияҳои мултимедиявӣ, ки таҳқиқоти журналистиро таҷриба мекунанд, аз чор кишвари Осиёи Марказӣ (Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) бошанд;

Намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒҲ) аз чор кишвари Осиёи Марказӣ (Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон), ки чорабиниҳои мубориза бо коррупсияро мегузаронанд.

Барои иштирок дар тренинг ВАО ва намояндагони бахши шаҳрвандии манфиатдор бояд дархостро бо қайди ташкилоти худ пешниҳод кунед, ки таҷрибаи бомуваффақияти ҳамкорӣ бо ВАО/намояндагони бахши шаҳрвандӣ ба манфиати ҷомеа ва ғояҳои/лоиҳае, ки Шумо мехоҳед барои беҳтар намудани вазъият бо идораҳои тобеияти давлатӣ, тиҷорати калон ва/ё ба пешравии шаффофияти қабули қарорҳо дар ҳаёт татбиқ намоед.

Дар рафти тренинг иштирокчиёни интихобшуда метавонанд бо кӯмаки коршиносон ва таҷрибаи ҳамкасбон аз дигар кишварҳо ғоя/лоиҳаи худро пурра карда, барои гранти хурди Internews дархост пешниҳод намоянд.

Омӯзишро дар тренинг 22 иштирокчӣ, ки дар асоси озмун муайян карда мешаванд, мегузаранд.

Шартҳо барои иштирок дар барнома

Барои иштирок дар озмун бояд онлайн-дархост на дертар аз соати 17:00-и  25-уми апрели соли 2017 пур карда шавад.

Иштирок дар барнома ройгон аст. Ба иштирокчиён аз кишварҳои мухталифи минтақа ва дигар шаҳрҳо хароҷоти ҷойи зист, хӯрок ва нақлиёт ҷуброн карда мешавад.

Иштирокчиёне, ки аз озмуни интихобӣ гузаштанд, масъулияти иштирок дар тамоми барномаи тренинг — аз оғоз то ба интиҳоро ба худ мегиранд.

Internews дархостҳои радшударо тавзеҳ намедиҳад.

Манбаи аксҳо дар пешнамоиш: pexels.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ