ДомойОзмунҳо/ГрантҳоДуюмин DataLab-и Осиёимарказии «Тасвири маълумоти экологӣ»

Дуюмин DataLab-и Осиёимарказии «Тасвири маълумоти экологӣ»

Мутахассисони медиа ва Ташкилоти ғайриҳукуматии экологӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дуюмин DataLab-и Осиёимарказии «Тасвири маълумоти экологӣ», ки 29-31 майи соли 2017 дар Алмаато баргузор мегардад, иштирок карда метавонанд.

Иштирок дар DataLab — ин имконияти беҳтарини омӯзиши тасвири маълумоти экологӣ барои он, ки бо усули нав, ҳамаҷониба ва ба таври касбӣ дар асоси нишондиҳандаҳои боэътимод ва мушаххас, ба доираи васеъ ва гуногуни аудитория дар бораи мушкилоти муҳити зист ва захираҳои табиӣ мебошад.

Дар формати DataLab ҳар як иштирокчӣ (ё даста) аз болои лоиҳаи хеш бо роҳбарии коршиносони соҳа (менторҳо) кор мекунанд. Муҳитро дастгирӣ ва фароҳам меоваранд: мастер-класси коршиносони таҷрибадор, дастгирии техникӣ (манбаъҳои иттилоот, маҷмӯи маълумот дар бораи мавзӯъҳои лоиҳаҳо, интернети зуд) ва фазои ошкоро ва эҷодкорӣ.

Ҳадафи DataLab — эҷоди платформа барои фаъолияти муштарак ва самараноки мутахассисони медиа ва Ташкилоти ғайриҳукуматии экологӣ бо коршиносон, ки ҳар нафар метавонад лоиҳаи мултимедиявиро, ки дар асоси он маълумоти экологӣ мавҷуданд,  коркард намояд.

Тренерони DataLab:

  • Олег Хоменок — Мушовири калон оид ба масъалаҳои медиаи Internews Network, узви Шӯрои Директорони шабакаи ҷаҳонии журналистон-муҳаққиқон.
  • Виталий Власов — асосгузор ва роҳбари Фонди «Шаҳри кушод» («Открытый город»), башоратдиҳандаи маълумоти кушод, барномасоз.

Чорабиниҳои DataLab: маҷмӯи вебинарҳо, «вохӯрии ибтидоӣ» («нулевая встреча»)(29 май), курси 2-рӯзаи омӯзиши амалӣ (30-31 май).

Муҳим (!) Барои бомуввафақият азхуд намудани барномаи DataLab, иштирок дар вебинарҳо ҳатмист!

Дархостҳо аз кормандони касбии медиа ва намояндагони ТҒҲ ҳам инфиродӣ, ҳам даставӣ (2 нафар) қабул карда мешаванд. Аризадиҳандагоне, ки бо маълумот ва хизматрасонии мултимедиявӣ таҷрибаи корӣ доранд, дар вақти интихоб бартарӣ хоҳанд дошт.

Муҳим (!) Дар ариза мавзӯи лоиҳа ва чаро аз нигоҳи Шумо барои коркарди он истифодаи тасвири маълумот зарур аст, нишон диҳед.

Шакли дархостро аз DataLab зеркашӣ намоед.

Дархости омодашуда ва ҳуҷҷатҳоро ба суроғаи электорнии centralasia@internews.eu фиристед. Дархостҳо то 5-майи соли 2017 қабул карда мешаванд.

Дуюмин DataLab-и Осиёимарказии «Тасвири маълумоти экологӣ» дар доираи лоиҳаи «Медиа барои инъикоси самараноки масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупоӣ, ки аз ҷониби Интернюс амалӣ мегардад, гузаронида мешавад.

Манбаъ: livingasia.online.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ