Маркази журналистикаи байналмилалии MediaNet ба Мактаби медиавӣ қабули навро эълон менамояд.
Мактаби медиавӣ — лоиҳаи асосӣ ва афзалиятноки MediaNet, ки аз 16-уми феврали соли 2005 амал мекунад, маҳсуб мешавад. Айни замон, дар доираи 18 қабули омӯзиш дар Мактаб беш аз 800 нафар (аз 15 то 45 сол) таълим гирифтанд, аксари онҳо айни ҳол дар созмонҳои Қазоқистон ва байналмилалӣ чун журналист ва PR-мутахассис фаъолият доранд.
Аксари онҳо — донишҷӯёни факултетҳои журналистика мебошанд, ки таҳсили худро дар донишгоҳ ва Мактаби медиавӣ якҷоя кардаанд, онҳое, ки дар сифатан баланд бардоштани сатҳи дониши худ манфиатдоранд, инчунин нафароне, ки аллакай маълумоти олӣ доранд ва мехоҳанд ихтисоси журналистиро омӯзанд, то ба доираи маҳдуд — бизнес-журналистика, ҳуқуқӣ, байналмилалӣ ва ғайра диққати худро равона намоянд.
Омӯзиш дар Мактаб бо забонҳои қазоқӣ ва русӣ сурат мегирад, он аз тарафи журналистон-таҷрибадорон, PR-мутахассисон, таҳлилгарон, ҳуқуқшиносони соҳибтаҷриба гузаронида мешавад.
Барои кӣ?
Мактаб барои ҳама кушода аст, онҳое, ки мехоҳанд дар муддати кӯтоҳ (3 моҳи омӯзиш + 1 моҳи коромӯзӣ) ҳамаи малакаҳои заруриро барои фаъолият дар ВАО ба даст оваранд. Ҷадвал дар ин ҷо.
Кӣ таълим медиҳад?
Тулеген Байтукенов (рӯзномаи «Время»), Полина Шиманская (журналисти маъруфи телевизион ва блогнавис), Галина Рижкина (buro247.kz), Гулнор Бажкенова (esquire.kz), Маргарита Бочарова (vlast.kz), Адил Ҷалилов (MediaNet), Юрий Дорохов («Инсайт Медиа»), Татяна Трубачева (Forbes), Елена Дудка (журналист-таҳлилгар, маҷаллаи Exclusive).
Дар натиҷаи омӯзиш ва коромӯзӣ Шумо чӣ ба даст меоваред?
Ихтисос. Хатмкунандагони Мактаб дар медиаи Қазоқистон ва баъзе аз онҳо чун муҳаррир бомуваффақият фаъолият карда истодаанд.
Боз чӣ?
Баъд аз омӯзиш ва коромӯзӣ ба Шумо шаҳодатнома (сертификат) дода мешавад, ки эҳтироми корфармоёни эҳтимолиро дар соҳаи ВАО ба миён меоварад.
Таҳсил чӣ қадар арзиш дорад?
30 ҳазор танга барои 1 моҳи омӯзиш. Дар сурати қаблан барои курси пурра пардохт намудан, ба Шумо тахфифи 10-фоиза пешниҳод мегардад. Агар барои гурӯҳи 5 нафараи дӯстон пурра пардохт шавад, ҳама тахфифи 15-фоизаро соҳиб мешаванд. Курс дар рӯзҳои аввали моҳи май оғоз меёбад.
Маълумоти бештар дар сомонаи Мактаб.