ДомойХудомӯзВоситаҳои муфид барои офаридани интерфейси истифодабаранда

Воситаҳои муфид барои офаридани интерфейси истифодабаранда

Аз оне, ки чихел мо маводи рақамии худ – сомона, замима ва ғайраро тасаввур мекунем, фаъолияти минбаъдаи он вобастагии калон дорад.

Ба шумо маҷмӯи воситаҳои ёрдамчиро муаррифи менамоем.

InVision

InVision – платформаест барои тарҳсозии онлайн-маводҳо, ки мисли дастаи тарроҳон кор мекунад. Оғоз аз нақшақаши то дастрасии истифодабарандагон барои тесткунӣ, аз кори муштараки нақшакаши то тақсимоти вазифаҳо байни иштирокчиёни лоиҳа. InVision — худро чун восита барои коркарди муштараки тарроҳон, дар ҳамаи марҳилаҳо, муаррифи мекунад.

Шумо метавонед бо тезӣ нақшаҳоро кашида, тариқи интерактиви онро муҳокима кунед. Дастрасӣ ба ҳамоҳангсозии автоматики, шарҳдиҳи, доду гирифти қулай, маънии онро дорад, ки InVision ҳамроҳи дастаи шумо рушд меёбад.

Метавонед муваққатан ройгон InVision ё ин ки InVision Enterprise, вобастаи ба талаботи ширкататон, истифода баред.

Proto.io

Ин абзор имкони тези нақшакаширо дорад, маҳзани пур аз лоиҳаҳои он шуморо водар месозад, ки тарҳу нақшаҳои статикиро, хело содда ҳисоб кунед.

Шумо метавонед амалиёти ҷобаҷогузории Proto.io-ро истифода бурда дилхоҳ қисми истифодабариро дигаркун созед. Аз сабаби оне, ки восита дар браузер фаъол мебошад, амалҳои иловагиро иҷро кардан зарур нест, вақте нақшаатон тайёр мешавад, онро дар дилхоҳ таҷҳизот санҷида, ба шарикон барои баҳогузори ирсол карда метавонед.

Sketch

Sketch – замимаи муосир барои сохтани тарҳи графикӣ, ки истифодабарияш хело қулай мебошад. Ин – ҳамоҳангсозии кор бо вектор, амалҳои мантиқи ва таҳририро то пикселҳо, инчунин калону хурд кунии доноро иҷро намоед.

Шумо метавонед бисёр намуди фигураҳои мураккабро бе ягон мушкилӣ сохта бошед. Нақшаи кашидаатонро дигаркуни карда дар дилхоҳ сомона ва интерфейс ҷой кунед.

Notism

Notism дар худ тарҳи нақшакашӣ, кори муштарак ва амали идоракунии вазифаҳоро робита бо мавод дар як платформа. Ин абзор барои сохтани интерфейси истифодабаранда ва собиқаи истифодабаранда, бе навиштани рамз метавонад нақшаҳоро тағёир диҳад.

Шумо бо нақшаи худ метавонед дар вақти воқеи видео сабт намуда ба дигарон ирсол намоед. Notism имкон медиҳад, ки вазифаҳо дар вақташон иҷро шуда, лоиҳа тибқи нақша омода шавад.

Иттилооте, ки кормандон ва соҳибон байни худ мукотиба мекунанд, номнавис шудааст, ки хело муҳим мебошад, чунки Notism роҳи тези тарҳкашӣ ва коркарди қадам ба қадамро дастгири менамояд. Абзорҳои махсуси барои кашидан имкон медиҳанд, ки дар маводҳои ирсолшаванда дигаргуни дароварда шавад. Баъдан ин иловагиҳоро ба видеохронология табдил додан мумкин аст.

Great Simple

Great Simple ҳалли масълаҳои бисёреро дорост, агар масаълаи шумо оид ба дарёфти интерфейси хуби истифодабаранда, нақша ё ин, ки тамоми ҷузиёти тарҳрези бошад. Ин маҳсулот барои қонеъгардонидани ҳамаи тарроҳон пешбини шудааст.

Нақшаи тарҳҳои онҳо барои iOS ва Android бояд дар мизи кории шумо бошанд, ин тарҳҳоро аллакай зиёда аз 70 000 бор боргири карданд.

Аз маводҳои hongkiat.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ