ДомойОзмунҳо/ГрантҳоInternews ташкилотҳои манфиатдорро барои иштирок дар тендер барои лоиҳаи мубодилаи мавод даъват...

Internews ташкилотҳои манфиатдорро барои иштирок дар тендер барои лоиҳаи мубодилаи мавод даъват менамояд

Намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ барои пешниҳоди лоиҳаи байнидавлатии «Мубодилаи мавод» дар махзани Google Drive  дар байни ВАО, ассотсиатсияҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, кормандони соҳаи медиа ва ташкилотҳои дигари Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон озмун эълон менамояд.

Моҳи феврали соли 2015 Internews лоиҳаро барои мубодилаи мавод байни медиаҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон оғоз бахшид. Лоиҳаи «Мубодилаи мавод» дар доираи барномаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ — «Лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад.

Моҳияти лоиҳаи «Мубодилаи мавод» дар чист?

Медиа аз ин кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ихтиёрӣ маводро тавассути технологияи абрӣ (Google Drive) иваз мекунанд. Шарикон барои мубодилаи мавод барномаҳои тайёри муаллиф, филмҳои ҳуҷҷатӣ, сужетҳои иттилоотӣ, гузоришҳои махсус, мусоҳиба, тасвирҳо ва форматҳои дигарро ройгон пешниҳод менамоянд. Ҳар як иштирокчии ба қайд гирифташуда дар асоси Google Drive диски Internews 2015 ба манбаъҳои ҳамкасбон дастрасӣ дорад.

Дар марҳилаи мазкур барои амалишавии лоиҳа 70 шарикони медиа: 23 ВАО аз Қазоқистон, 27 аз Қирғизистон ва 20 аз Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Шарти интиқоли захираҳои байнидавлатии «Мубодилаи мавод» дар асоси Google Drive:

Соҳиби нави лоиҳа ба феҳристҳо дар Google Drive, ба тамоми маводи қаблан боркашишуда дастрасӣ ва бо ҳамаи шарикон робита пайдо мекунад.

Ба сифати довталабҳо барои интиқоли лоиҳа Internews чунин ВАО, медиаи ТҒҲ ва ассотсиатсияҳоро аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дида мебарояд:

  • Расман аз қайд гузаштаанд;
  • Тарафдориро дар принсипҳои ахлоқ ва масъулиятнокиро дар журналистика фаъолона нишон медиҳанд;
  • Аз нуқтаи назари молия ва идоракунӣ рақобатпазир ва устуворанд;
  • Имконият ва хоҳиши дастгирии захираҳои байнидавлатиро оид ба мубодилаи мавод доранд.

 

Ба ғолиби озмун намояндагии Internews дар марҳилаи аввал гранти хурд (панҷ ҳазор доллар баробар бо асъори миллӣ)-ро барои дастгирии захираи «Мубодилаи мавод» дар Google Drive ҷудо менамояд. Интизорӣ меравад, ки ғолиб бо мақсади устуворӣ ва рушди минбаъда тадриҷан шарикон, пешниҳодҳои нави тиҷоратиро ҷалб менамояд.

Ҳамаи саволҳои ҳуқуқӣ оид ба мақоми ҳуқуқии мавод дар ҳолатҳои алоҳида танзим мегарданд.

Дар озмун чӣ тавр метавон иштирок кард?

Навиштани мактуби асос: чаро ташкилоти шумо бояд идомадиҳандаи лоиҳаи байнидавлатии  «Мубодилаи мавод» шавад.

Пур кардани дархост.

Ба нақша гирифтани рушди лоиҳа дар давоми 10-12 моҳи оянда (ҷалби шарикон, пешниҳодҳои тиҷоратӣ ва ғайра).

То 20-уми июни соли 2017 дархост, мактуби асос ва нақшаро ба Internews бо суроғаи электронии oossadchuk@internews.org фиристед.

Лутфан дар мавзӯи мактуб «Тендер-Мубодилаи мавод»-ро ишора намоед.

Натиҷаҳои озмун аз ҷониби Internews то 30-юми июни соли 2017 эълон карда мешавад.

Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан бо менеҷери лоиҳаи Мубодилаи мавод дар кишварҳо тамос гиред:

Қазоқистон — Оксана Oсадчук — oossadchuk@INTERNEWS.ORG. Телефон:   +7 (727) 270-41-30. Тел.мобилӣ  + 7 7013581606

Қирғизистон — Валентина Галич — vgalich@INTERNEWS.ORG. Телефон:  +996 312 986880. Тел. мобилӣ  +996 773416659

Тоҷикистон — Ҷамшед Шоев — jshoev@INTERNEWS.ORG. Телефон:          +992 (37) 221-1361. Тел. мобилӣ  + 992 935036208

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ