ДомойМедиалентаВебинари ройгони "Қаҳрамонон дар маводи журналистӣ"

Вебинари ройгони «Қаҳрамонон дар маводи журналистӣ»

Санаи 14-уми июни соли 2017 соати 17:00 бо вақти Остона ва Бишкек, соати 16:00 бо вақти Душанбе, соати 14:00 бо вақти Москва вебинари ройгони «Қаҳрамонон дар маводи журналистӣ» гузаронида мешавад.

  • «Қаҳрамон» кист ва бо ӯ чӣ тавр бояд муносибат кард?
  • Чиро ба навор гирифт — чӣ тавр маводи аз ҳама муҳим, муфид ва ҷолибро интихоб кард?
  • Намунаҳои қаҳрамонон дар маводи журналистӣ.

 

Вебинарро Денис Бевз, журналист, наворбардор, продюсер, медиатренер мегузаронад. Денис — муаллифи филмҳои «Дарёи хотираҳо», «Амалиёти Maрс», «Модари Лешкин«, «Медалйони сарбоз«, «Тирамоҳ дар Kaдaр» ва ғайра, ғолиби бисёркаратаи ҷоизаи «Tэфӣ» мебошад.

Барои иштирок дар вебинар аз рӯи ин истинод гузаред.

Диққат! Бо мақсади иштироки муваффақона дар вебинар ба Шумо зарур аст:

  • Тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро насб намоед. Дар браузер бояд тафсири охирини Adobe Flash Player бошад. Дар Google Chrome — Flash Player бо нобаёнӣ ворид карда шаванд.
  • Санҷед, ки оё суръати пайвастшавии интернети Шумо кофӣ аст. Ҳадди ниҳоии пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb мебошад. Меъёри тавсиядиҳанда барои кори бароҳат аз 2Mb (ҳангоми норасоии суръат, дар вақти намоишҳои видеоӣ, муаррифӣ бо шумораи зиёди графикаҳо, нишон додани мизи корӣ ва кор бо шеваҳои дигар, ки сифати канал талаб менамояд, таъхирпазирии садо ва тасвир ба миён меоянд). Суръати интернети худро дар ин саҳифа санҷида метавонед.
  • Агар Шумо ба Интернет аз шабакаи корпоративӣ дастрасӣ дошта бошед, пас ба Шумо зарур аст, ки бо маъмури системавиатон барои кушодани порти 1935, 80, 443 дар тамос бошед.
  • Барои ба вебинар ворид шудан, дар саҳифаи бозшуда тугмаи «Войти в вебинар» пахш намоед, маълумотро дар бораи худ пур намоед ва дар назди шартномаи истифодабаранда розигии худро гузоред.
  • Агар Шумо ба вебинар тавассути планшет ворид шавед, пас дохилшавиро аз браузерҳои Google Chrome ё Puffin Browse тавсия медиҳем.

 

Вебинари ройгони «Қаҳрамонон дар маводи журналистӣ» аз ҷониби намояндагии Internews Network  дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил шудааст. Он бо шарофати кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба миён омадааст, имконпазир гардид.

 

Манбаи аксҳо дар пешнамоиш: pexels.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ