Дар доираи лоиҳаи Internews «Медиа барои самаранок инъикос намудани масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ» тренинг таҳти унвони «Кор бо маълумот барои инъикоси масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Тренер — Ева Константарас — журналист-таҳқиқотчии Интернюс буд, ки дар журналистикаи маълумотдиҳандаи кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта махсус гардонида шудааст. Лоиҳаҳои ӯ барои рушди журналистикаи маълумотдиҳанда дар саросари Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқои Шарқӣ кӯмак расонидаанд. Вай барномаҳои омӯзиширо барои таҳқиқоти журналистӣ ва маълумот дар муҳити бо сатҳи баланди хатар бо дастрасии маҳдуд ба маълумот таҳия кардааст. Муаллифи китоби дарсӣ оид ба журналистикаи маълумотӣ аст.
Чанд принсипи кор бо маълумот ва таҳияи маводро дар асоси маълумот аз Ева Константарас бароятон пешниҳод менамоем.
Дар ҷараёни журналистикаи маълумотдиҳанда ба 5 савол ҷавоб додан муҳим аст:
- Кӣ?
Маълумотро кӣ тайёр кардааст? Ҳамзамон шаффофияти манбае, ки маълумотро пешниҳод кардааст, муҳим аст. Ба дурустии маълумоти пешниҳодшуда ба таври таваккал бовар кардан мумкин нест. Таҳрифкорӣ норавост.
- Чӣ?
Шумо ба гуфтани чӣ кӯшиш доред? Барои бо кӯмаки маълумот дарк ва таҳлил намудани кадом лаҳзаҳо кӯшиш менамоед? Вазифаи журналист — кам кардани холигоҳ дар байни маълумот ва истифодабаранда мебошад.
- Кай?
Маълумоти шумо чанд сола аст? То кадом андоза онҳо айни ҳол саривақтӣ мебошанд? Агар ин маълумот ҳоло воқеианд, он чӣ тавр санҷида шудааст?
- Дар куҷо?
Қисми асосии журналистикаи маълумотдиҳанда ин қобилияти «омехтакунӣ»-и маҷмӯи маълумоти гуногун барои таҳияи мавод мебошад.
- Чаро?
Саволи аз ҳама мушкил. Журналистикаи маълумотдиҳанда дар муқоиса бо маълумот барои гузаронидани таҳлили сабабу таъсир хубтар аст.
Журналистикаи маълумотдиҳанда бо фарзияҳо оғоз меёбад. Маслиҳатҳо барои асоснокии фарзияҳо:
- Кӯшиш кунед назарияро пеш гузоред, ки тавонад маълумотро исбот ё рад намояд
- Ба таври мушаххас гӯед, ки чӣ арзёбӣ карда мешавад
- Мушкилот, сабабҳо, оқибатҳо ва ҳалли масъадаро арзёбӣ намоед
- Фарзия бояд истифодаи маълумоти дастрасро дар бар гирад
- Мавзӯъ барои ҷомеа бояд муҳим бошад
Вақте ки фарзияи асоснок доред, Шумо бояд на камтар аз панҷ саволро коркард намоед, ки бо истифода аз маълумот барои исбот ё рад кардан фарзияи Шумо, ҷавоб додан мумкин аст. Ҳамаи саволҳо бояд чунон бошанд, ки дар ҷавоб бо рақамҳо ҷавоб дода тавонанд. Пас аз таҳлил саволҳои дигар, масалан, барои гузаронидани пурсиши афкор, коркард карда мешаванд.
Саволҳое, ки Шумо сабт менамоед, бояд ба таври зерин бошанд:
- Саволҳо дар бораи мушкилот: мушкилот чӣ қадар азим аст? Ҳалли он чӣ тавр хароҷоти зиёдро талаб менамояд? Ин мушкилот оё беҳтар мешавад ва ё дучанд мегардад?
- Саволҳо оид ба таъсирнокӣ: ин мушкилот киҳо (чиҳо)-ро фаро мегирад? Чӣ тавр? Оё он нисбат ба дигарон гурӯҳҳои муайянро фаро мегирад?
- Саволҳо оид ба сабабҳо: сабабҳои мушкилот кадомҳоянд? Кадом омилҳо ба шиддатнокии он оварда мерасонанд?
- Саволҳо оид ба роҳҳои ҳал. Ҳалли мушкилот чӣ гуна аст? Самаранокии онро мо чӣ тавр арзёбӣ карда метавонем?
Маводеро, ки дар асоси маълумот таҳия карда мешаванд, чӣ тавр бояд зебо намуд:
Маълумоти равшан диҳед. Сарлавҳаҳо ва матн бояд ҷолиб, фаҳмо ва бо маълумот мутобиқ бошанд.
Ташкили ҷойи ҳодиса. Мағзи сар тасвирҳоро меписандад.
Дар ороиш бояд иерархия (тартиботи дараҷаҳои мансабу мартаба) бошад — инро дар хотир доред! Нуқтаи ҳадаф бояд дар яке аз маълумоти бештар муҳим бошад.
Нагӯед, балки нишон диҳед! Матн бояд содда ва кӯтоҳ бошад. Агар графикаҳо ҳодисаро нақл накунанд, пас он танҳо ороиш аст!
Ба тасвирнигорӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамоем. Дар истифода аз рангҳо эҳтиёт бошед. Рангҳои аз ҳад зиёд аз фоида берун аст. Сабки ягонаро истифода намоед.
Эҷодкор бошед. Каме бозӣ кунед ва маълумотро бо роҳи ҷолибтарин пешниҳод намоед. Он чизе, ки Шуморо ҳавасманд мегардонад, метавонад аудиторияро низ ҳавасманд намояд.