ДомойЛоиҳаҳои моЛоиҳаи "Қаҳрамонон дар назди мо": нашри нуҳум

Лоиҳаи «Қаҳрамонон дар назди мо»: нашри нуҳум

Нашри нуҳумро аз барномаҳои лоиҳаи “Қаҳрамонон дар назди мо” – нақлҳои ҷолиб дар бораи инсонҳои илҳомбахш, самимӣ, ки ҷаҳонро дигаргун менамоянд, бароятон пешниҳод мекунем.

 Табларзаи футболӣ. Қирғизистон.

Барои бозии футбол чӣ зарур аст? — Бозингарон, тўб ва майдони сабзи ҳамвор. Аммо аз писаракони шитобкоре, ки новобаста аз боду ҳаво аз қафои тӯб давутоз доранд, варзишгарони воқеӣ ба воя бирасанд, майдонҳои муосиру бо тамоми таҷҳизоти муҳим муҷаҳҳаз заруранд.

Дар деҳаҳои Қирғизистон чунин майдонҳо вуҷуд надоранд. Сокинони маҳаллӣ қарор доданд, ки мушкилиҳои варзиширо худашон мустақилона ҳал намоянд.

[youtube youtubeurl=»rbCVKWhyVQc» ][/youtube]

Варзиш барои ҳама. Қазоқистон, Петропавловск

Варзиш барои ҳама — ин ҳақиқатро дар давоми ҳаёти худ Руслан Долобоев – устоди варзиши дараҷаи ҷаҳонӣ оид ба пауэрлифтинг, довари варзиши сатҳи ҷаҳонӣ ва мураббии ботаҷриба собит менамояд. Ӯ на танҳо варзишгарони оддӣ, балки варзишгарони маъюбро машқ медиҳад. Се устоди варзиш, ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон, чемпионҳои Қазоқистон, рекордсменҳои кишвар – ҳама тарбиятгирандагони Руслан Долобоев мебошанд. Таҳти роҳбарии мураббӣ Александр Дасков низ машғул аст. Сарфи назар аз ампутатсияи ҳарду пой, ӯ тавонист чемпиони Қазоқистон шавад.

[youtube youtubeurl=»D4VIwMVfWmk» ][/youtube]

Мӯъҷизакор аз саҳни ҳавлии мо. Қазоқистон, Уралск

Сокинони Уралск қарор доданд, ки дар шаҳри худ ғояи ҳаракати темурчиёнро барқарор намоянд. Танҳо гурӯҳи фаъолон дар муқоиса бо гайдарчиён, на ба таври махфӣ, балки ошкоро амал мекунанд ва ба сафи он ихтиёриёни калонсол дохил мешаванд.

Гурӯҳи ташаббускори “Aртек” – чуноне ки онҳо барои худ ҳамин тавр ном гузоштанд, ба дастаҳо тақсим мешаванд ва масъалаҳои иҷтимоиро бо кӯмаки ғояҳои эҷодӣ – ҷамъ овардани маблағ ва сохтмони майдончаи бачагона, ободонии саҳни ҳавлӣ ва ҳатто шиносонидан ва ба роҳ мондани дӯстии байни  сокинони биноҳои баландошёнаро ҳал менамоянд.

[youtube youtubeurl=»hngnTYA1FB8″ ][/youtube]

Полки безавол. Қазоқистон, Teмиртау

Ҳаракати иҷтимоии байналмилалӣ оид ба нигоҳ доштани хотираи шахсӣ дар бораи насли Ҷанги Бузурги Ватанӣ — «Полки безавол» сол аз сол боз ҳам васеътар мешавад. Иштирокчиёни ҳаракат ҳамасола дар Рӯзи Ғалаба тавассути кӯчаҳои шаҳрҳо бо аксҳои хешовандони худ — собиқадорони артиш ва флот, партизанҳо, пинҳонкорон, ҷангиёни муқовимат, меҳнаткашони ақибгоҳ, маҳбусони конслагерҳо, муҳосираи ҷанг, фарзандони ҷанг қадам мезананд, — барои он ки хама донанд ва дар хотир доранд, ки қаҳрамонон ҳоло низ дар назди моянд.

[youtube youtubeurl=»6Qb6w9MbQHo» ][/youtube]

 

Аз 50-сола ва аз он калон. Қазоқистон, Қостанай

Муҳаммад Аскаровро дар Қостанай аксарият медонанд – омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ, мураббӣ оид ба тӯббозии русӣ, шашкаи русӣ ва тогизкумалак мебошад. Муҳаммад Сеилович дар умри 70-солаи худ бо варзиш фаъолона машғул аст. Ба ғайр аз тӯббозии русӣ, шавқи ӯ ба лижаронӣ зиёд аст. Ӯ боз дар назди соҳили Toбoл урдугоҳи хаймавӣ сохтааст, ки ба он ҷо ҳамаи бачагонро даъват менамояд.

[youtube youtubeurl=»eGoHEv09IN8″ ][/youtube]

 

Нашрҳои бештари барномаи “Қаҳрамонон дар назди мо”:

«Қаҳрамонон дар назди мо» — нашри ҳаштум

Лоиҳаи «Қаҳрамонон дар назди мо»: нашри ҳафтум

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ