ДомойОзмунҳо/ГрантҳоДар Украина барои продюсерони телевизион омӯзиши байналхалқи баргузор мегардад

Дар Украина барои продюсерони телевизион омӯзиши байналхалқи баргузор мегардад

Мактаби Олии MEDIA & PRODUCTION-и медиахолдинги 1+1 медиа оид ба гузаронидани курсҳои байналхалқи барои продюсерони телевизиони − «TV PRODUCTION & PROGRAMMING», ки аз 14 то 20 августи соли 2017 дар Украина баргузор мегардад, эълон намуд.

Курсҳои байналхалқии «TV PRODUCTION & PROGRAMMING» барои онҳое, ки мавод истеҳсол мекунанд ва худро мехоҳанд дар таҳияи барномаҳои гунонгунтарҳ, санҷанд пешбини шудааст. Ба он медиаменеджерони лоиҳавӣ ва фаъол, чи аз Украина, чи аз давлатҳои ИДМ ҳамроҳ шуда метавонанд. Қабули иштрирокчиён ба курс то 7 августи соли 2017 идома меёбад.

Омӯзиш ба мубодилаи таҷриба равона карда шудааст на ба хониш аз китобчаҳо. Иштирокчиёнро формати ҳақиқии акселераторӣ интизор аст – 7 рӯзи шадиди кори, таҷриба ва нетворкинг, имкон медиҳад таҷрибаи навро аз беҳтарин продюсерон ва директорони барномавӣ, ки кушоду равшан оид ба рушду нобарорҳои касбӣ қисса мекунанд, омӯзед. Барои иштирокчиёни хориҷи ин боз — informational diversity, охир онҳо имкон пайдо мекунанд, тарзи истеҳсоли маводи хориҷи чи тавр ба роҳ монда шудааст, омӯзанд.

Роҳбарони курсҳо мутахассисони касбии бо эътимоди Аврупои Шарқи – Виктория Лезина, продюсери генералии 1+1 Продкшн, ва Виктория Шулженко, продюсери генералии шабакаи телевизионии ТЕТ.

Виктория Лезина медиаменеҷери муваффақ, муаллифи ғояҳои лоиҳаҳои бобарор, ва дорандаи мукофотҳои мустақил, чун беҳтарин продюсери шоуи дилхушӣ. Ҷадвали коркарди маводи шахсиро таҳия намуда, Виктория равишҳои эъҷодиётро такмил дода, яке аз беҳтарин дастаҳои криэйторонро дар бозори ВАО-и Украина таъсис додааст.

«Ҳар як дасоварди ман, муваффақият ва хатогӣ тариқи таҷриба ба даст омадаанд. Бо таҷрибаҳои касбиям бо дилхуши нақл мекунам ва ба дастаи ҳамфикрон даъват менамоям», — мегӯяд Виктория Лезина.

Виктория Шулженко  мутахассис бо таҷрибаи зиёда аз 10 сола дар соҳаи телевизион, ки дар бораи продюсерии лоиҳаҳои гуногун, бозори ВАО-и хориҷа ҳама чизро медонад. Қаблан дар ҳайси директори барномавии шабакаи телевизионии СТС кор кардааст. Инчунин, имрӯз Виктория боз влогери украинии муваффақ бо ҳиссиёти ҳазлӣ.

«Ҳеч кас 100% намедонад, чи кор мекунад, чи на. Ман ба шумо мефаҳмонам, ки барои шуниду шудан аз тарафи фармоишгар ва тамошобин, чи кор бояд кунед. Ин албатта чӯбаки мӯҷизаовар нест, шояд ғурриҳои аз роҳ зада бошад», — шарҳ медиҳад Виктория Шулженко.

Инчунин иштирокчиёнро беҳтарин мутахассисони касбии 1+1 медиа: аз продюсери генерали то таҳлилгарон интизоранд. Чихеле роҳбарон ва ташкилкунандагон таъкид доранд, мушкил мешавад, лекин самарабахш ва шавқовар.

Муфассалтар оид ба курси байналмилалии «TV PRODUCTION & PROGRAMMING» тариқи истинод http://school.1plus1.ua/camp.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ