Санаи 22-юми сентябри соли 2017-ум, соати 17:00 бо вақти Остона ва Бишкек (соати 16:00 дар Душанбе) вебинари ройгони Галина Коморникова дар мавзӯи «Менеджменти нашриёти хурд» баргузор мегардад.
Дар рафти вебинар мо мавзӯҳои барои ҳар як соҳибмулки онлайн-медиа муҳиму воқеӣ бударо муҳокима мекунем. Яъне кор бо рӯзноманигорон дар шароити бисёрвазифагӣ, ҳамкорӣ бо хадамоти рекламавӣ, эълони технкию берунии сомона.
Чӣ хел манбаҳои захиравиро ба шароити ҳозираи иқтсодӣ мутобиқ гардонид?
Шумо ба саволҳои худ аз мураббӣ ҷавобу тавсияҳо гирифта метавонед.
Дар бораи мураббӣ:
Галина Коморникова — директори ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хонаи нашриёти «БукЪвица». Хонаи нашриёти «БукЪвица» аз соли 2003-юм инҷониб амал мекунад. Он ҳафтаномаи шаҳрии «Курьер.Среда.Бердск» (5000 адад), ҳафтаномаи ройгони иттилоотӣ-рекламавии «Халқ ҳама чизро медонад» (40 000 адад), маҷаллаи «Парад. Журнал о лучшем»-ро аз чоп мебарорад. Сомонаҳои он инҳоанд: www.kurer-sreda.ru, www.vesiskitim.ru.
«Курьер.Среда.Бердск» —ғолиби озмуни «Даҳгонаи беҳтарин рӯзномаҳои Русия-2016», «Даҳгонаи беҳтарин рӯзномаҳои Русия-2015» мебошад.
Сани 27-28-уми сентябри соли 2017 Галина Коморникова ба сифати спикер дар конфронси байналхалқии #MediaCA (Алмато, Қазоқистон) баромад мекунад.
Барои иштирок дар вебинар ба ин истинод гузаред.
Диққат! Барои иштироки муваффақиятнок дар вебинар инҳо ба Шумо заруранд:
Насб кардани тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera. Браузер бояд дорои тафсири охирини Adobe Flash Player бошад. Дар Google Chrome — Flash Player бояд дар шакли хомӯш васл карда шуда бошад.
Санҷед, ки оё суръати пайвастшавии интернети Шумо қаноатбахш аст ё на. Суръатнокии минималии пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb мебошад. Ин суръатнокии тавсиядодашаванда барои кори ҳаловатбахш аз 2Mb (ҳангоми норасогии суръатнокии интернет гумшавии овоз ва шахшави видео ҳангоми нишондиҳии видеорнаворҳо аз ҷониби мураббӣ, намоиши зиёди графикаҳо, нишон додани мизи корӣ ва кор бо реҷаҳои дигар, ки шабакаи босифатро талаб мекунад) мебошад. Суръатнокии интернети худро дар ин саҳифа санҷида метавонед.
Агар Шумо тавассути шабакаи корхонавӣ ба интернет ворид мешуда бошед, пас Шумо ба маъмури ситемавӣ муроҷиат карданатон зарур аст, то ки ӯ бароятон порти 1935, 80, 443-ро боз намояд.
Барои ба вебинар паёмак навиштан, дар саҳифаи интернетӣ тугмаи «Ба вебинар даромадан»-ро пахш карда, маълумоти асосиро дар бораи худ нависед ва дар рӯ ба рӯйи созишномаи истифодабарӣ имзо гузоред.
Агар Шумо тариқи планшет ба вебинар ҳамроҳ мешуда бошед, пас тавсия медиҳем, ки аз браузери Google Chrome ё Puffin Browse истифода бароед.
Вебинари ройгони «Менеджмент дар нашриёт» аз тарафи намояндагони Internews Network, дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба итттилоот ташкил карда шудааст. Он бо шарофати кӯмаки халқӣ Амрико, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ(USAID)расонида шудааст, имконпазир гардид.