ДомойХудомӯзҶой додани презентатсия дар сомона ба воситаи Google Slides

Ҷой додани презентатсия дар сомона ба воситаи Google Slides

Мутмаинам, ки дар бораи барномаи компютерии Power Point шунидагӣ ҳастед ва шояд ягон дафъа бо он презентатсия ҳам омода намудаед.

Ҳолатҳое мешаванд, ки презентатсияи хубе омода мекунед, ки нафарони зиёд мехоҳанд онро бубинанд ва худи Шумо низ розӣ ҳастед, ки он дастраси ом бошад. Дар чунин мавридҳо метавонед онро ба воситаи Google Slides дар сомона ё блоги худ ҷой диҳед. Ба ҳайси мисол метавонам яке аз презентатсияҳоеро, ки рӯзҳои наздик сохта будам, дар ин ҷо ҷойгир мекунам.

Чӣ хеле ки мебинед, Шумо ба осонӣ метавонед онро варақ занед, слайдҳои алоҳидаро аз назар гузаронед. Барои омӯхтани ҷараёни ҷойгир намудани ин гуна презентатсияҳо дар сомонаву блогҳои худ навори зеринро тамошо кунед.

Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии
молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» —
Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ