Мехоҳед донед, ки истифодабарандагони интернет дар минтақаву мамолики гуногун, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар бораи кадом мавзӯъҳо бисёртар ҷустуҷӯи Google-ро истифода мебаранд? Кадом мавзӯъҳо барои мо мубраму муҳим аст?
Пас захираи Google Trends маҳз барои Шумо аст. Дар асоси он Шумо метавонед ба осонӣ оид ба трендҳои имрӯза шинос шавед ва таърихи онро низ барои чандин соли охир омӯзед. Диаграммаҳои интерактивиеро, ки дар ин захира пешкаш мегарданд, метавонед дар дохили мақолаи худ гузоред.
Дар навори мазкур Шумо метавонед бубинед, ки чӣ гуна ин диаграммаҳоро метавонед созед ва дар сомонаатон ҷой диҳед.
Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.