ДомойХудомӯзСохтани маводи чандрасонаӣ дар формати Story (Playbuzz)

Сохтани маводи чандрасонаӣ дар формати Story (Playbuzz)

Навори омӯзишии мазкур ба формати Story дар захираи интернетии Playbuzz бахшида шудааст. Бо тамошои он Шумо метавонед сохтани маводи чандрасонаиро дар формати Story аз Playbuzz омӯзед. Маводи сохтаатонро метавонед ба пуррагӣ дар сомонаи худ ҷой диҳед.

Дар ин маврид, маводи Шумо ҳам дар Playbuzz дастрас мешаваду ҳам дар сомона ё блогатон, ки метавонад барои ҷалби диққати ҳар чӣ аудиторияи зиёдтар мусоидат намояд.

Аз навори омӯзишии зерин Шумо бо ҷараёни сохтани маводи чандрасонаӣ ва ҷойгир намудани он дар сомона шинос хоҳед шуд.

Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ