ДомойОзмунҳо/ГрантҳоҚабули дархост барои иштирок дар «Ҳамоиши журналистон» дар шаҳри Хуҷанд

Қабули дархост барои иштирок дар «Ҳамоиши журналистон» дар шаҳри Хуҷанд

Internews дар Тоҷикистон барои иштирок дар «Ҳамоиши журналистон» дар шаҳри Хуҷанд дархост қабул менамояд. Дар чорчӯбаи ин чорабинӣ шумо метавонед оиди мавзӯъҳои зерин иттилоъ пайдо кунед:

  • Равандҳои ахир дар журналистикаи онлайнӣ;
  • Мутобиқгардонии маводи видеоӣ барои паҳн кардан дар Интернет;
  • Равандҳои нав дар менеҷменти ВАО;
  • Имконоти нав барои даромади ВАО
  • Журналистикаро дар ояндаи наздик чӣ интизор аст?

Дар «Ҳамоиши журналистон» метавонанд менеҷерон ва журналистони ВАО-и чопиву онлайнӣ, радиову телевизион ва ҳамчунин блоггерон аз ш. Хуҷанд ва шаҳру навоҳии наздик иштирок намоянд.

Мутаассифона, Internews барои пардохти хароҷоти сафар аз минтақаҳои дурдаст имкон надорад.

Барои гузаронидани чорабинии мазкур мутахассисони Internews дар Тоҷикистон ва дигар коршиносони варзидаи соҳаи ВАО аз Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.

Маълумоти зарурӣ

Санаи баргузории чорабинӣ: 16 январи соли 2018
Вақт: 9:00 – 15:00
Забони чорабинӣ: тоҷикӣ ва русӣ
Қабули дархостҳо: то 11 январи соли 2018, соати 18:00.

Барои иштирок дар «Ҳамоиши журналистон» лутфан қолаби дархостро дар зер пур кунед.

Internews дар Тоҷикистон «Ҳамоиши журналистон»-ро дар ҳамкорӣ бо ширкати Tcell дар чорчӯбаи лоиҳаи «Мусоидат ба дастрасӣ ба иттилоот» бо кӯмаки Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) баргузор менамояд.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ