Санаи 28 декабри соли 2017 вебинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Шарҳи қонунгузории ҶТ дар бораи реклама” баргузор гардид. Вебинари мазкурро ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Ранжет Ятимов гузаронд.
Дар рафти вебинар иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки бо мафҳумҳои асосии қонунгузории ҶТ дар бораи реклама ошно гардида, тафсири моддаҳои гуногуни қонунро шунаванд. Вебинари мазкур барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии намояндагони ВАО и ватанӣ аҳамияти зиёд дошт.
Ранжет Ятимов дар рафти омӯзиш ба мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла, маънои мафҳуми “реклама”, мафҳумҳои нав дар қонунгузории ҷадид, масъалаи риояи ҳуқуқи муаллиф ва ғайра мушаххасоти муҳим аҳамияти ҷиддӣ дода, ба тамоми онҳо шарҳҳои зарурӣ овардааст.
Инчунин иштирокчиён имкон доштанд, ки дар баробари гӯш кардани баромади барандаи вебинар, саволҳои худро низ диҳанд. Табиист, ки саволҳои иштирокчиён, пеш аз ҳама, ба фаъолияти рекламавии ВАО дахл дошта, ба паҳлӯҳои гуногуни он равона шуда буд.
Чун ҳарвақта аз ҷараёни вебинар ва саволу ҷавоби иштирокчиён метавонед аз сабти он дар зер шинос гардед.