ДомойБез рубрикиДар Душанбе ва Хуҷанд “Ҳамоиши журналистон” баргузор гардид

Дар Душанбе ва Хуҷанд “Ҳамоиши журналистон” баргузор гардид

Дар Тоҷикистон “Ҳамоиши журналистон”, ки дар рафти он хабарнигорони касбӣ ва роҳбарони ВАО, журналистони мустақил ва блоггерон, инчунин фаъолони ҷамъиятӣ имкони шиносоӣ бо равандҳо ва технологияҳои навин дар самти журналистикаи касбӣ ва шаҳрвандии онлайн, инчунин роҳбарии ВАО‑ро доштанд, баргузор гардид. “Ҳамоиши журналистон” дар ду шаҳрҳои кишвар –Душанбе ва Хуҷанд гузаштанд.

21 декабри соли 2017 аввалин “Ҳамоиши журналистон” дар Душанбе бургузор гардид, ки дар формати конфронс ва мастер‑классҳо амалӣ гашта, диққати на танҳо хабарнигорони касбӣ ва мутахассисони соҳаи ВАО‑ро ба худ ҷалб кард, балки инчунин намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва бизнес, мақомоти давлатӣ ва фаъолони шаҳрвандиро. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён имкон доштанд, ки презентатсияҳои мутахассисони ватаниро дар соҳаи менеджменти ВАО, онлайн‑журналистика ва нигоҳи нав нисбати гуногуншаклии манбаъҳои даромади Васоити ахбори оммаро гӯш кунанд.

Хусусан, презентатсияҳо ба чунин масоили мубрам ба мисоли пешбиниҳо оиди рушди журналистика барои солҳои надик, муҳимияти нигоҳ ба идоракунии ВАО ҳамчун субъекти тиҷорат дар шароити иқтисоди бозоргонӣ, истифодаи технологияҳои нав дар равнақи онлайн‑журналистика, таҷрибаи истифодаи тарғиби “табиӣ” ва ташкилу гузаронидани чорабиниҳо ҳамчун манбаъҳои нави даромади ВАО бахшида шуда буданд.

Инчунин тамоми хоҳишмандон метавонанд сабти видеоии баромадкунандагонро дар канали Internews Network дар Тоҷикистон дар шабакаи YouTube бо суроғаи мазкур тамошо кунанд.

Презентатсияҳои бюаромадкунандагон дар мавзӯъҳои номбаршуда дар формати Power Point инчунин дар ин ҷо дастраси ҳамагон аст. Аз рӯи онҳо шумо метавонед худ маводҳои пешниҳодгаштаро омӯзед.

Айнан чунин як чорабинӣ санаи 16 январи соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Иштирокчиён инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорони ВАО‑и маҳаллӣ, блоггерон ва журналистони мустақил буданд. Дар давоми як рӯз онҳо имконият доштанд, ки 5 презентатсияи мухталифро аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар бораи трендҳои нав дар журналтистика ва пешбиниҳо барои ояндаи наздик, истифодаи технологияи навин ва усулҳои технократӣ дар идораи ВАО, имконияти ташкили чорабиниҳо ва истифодаи таблиғи “табиӣ” ҳамчун воситаи гуногуншаклгардонии манбаъҳои даромади редаксия гӯш кунанд.

Презентатсияҳои баромадкунандагони “Ҳамоиши журналистон” дар шаҳри Хуҷанд низ тариқи захираи Google Drive дар ин ҷо дастраси ҳамагон аст.

Дар ҳар ду чорабинӣ наздики 100 нафар иштирок намуданд. “Ҳамоиши журналистон” дар Душанбе ва Хуҷанд дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Дастрасӣ ба иттилоот”, ки аз ҷониби Internews Network дар Тоҷикистон бо дастгирии Оҷонсии ИМА доир ба рушди байналмиллалӣ амалӣ мегардад, ташкил ва гузаронида шуд. Дар ташкил ва гузаронидани чорабинӣ дар Душанбе инчунин Институти “Ҷомеаи кушод” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Accelerate Prosperity ва ширкати Tcell саҳми арзанда доранд.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ