ДомойХудомӯзНашри аксҳо дар Инстаграм тариқи компютер

Нашри аксҳо дар Инстаграм тариқи компютер

Мутаассифона, новобаста аз он, ки дар Инстаграм теъдоди зиёди истифодабарандагон аз тамоми олам аксҳои худро ҷойгир мекунанд, ки дар байни онҳо хабарнигорон низ кам нестанд ва ин шабакаро сирф барои фаъолияти касбӣ истифода мебаранд, ҷой додани аксҳо тариқи компютер ғайриимкон аст. Ҳангоми кушода Инстаграм тариқи браузери компютер шумо метавонед аксҳои худ ва дигаронро танҳо тамошо кунед.

Аммо як роҳе мавҷуд аст, ки ин маҳдудияти Инстаграмро паси сар мекунад. Ва дар умум онро ҳамагон метавонанд истифода баранд. Бо иҷрои қадамҳои дар зер нишондодашуда шумо метавонед новобаста дар браузери компютери худ шабакаи Инстаграмро кушоед ва аксҳои худро дар он ҷой диҳед.

Пеш аз ҳама бояд ба саҳифаи худ дар Инстаграм ворид шавед. Сипас, ҳангоми кушода шудани саҳифаи асосӣ, тугмачаи F12-ро пахш намоед.
Панели барномасоз кушода мешавад, ки метавонед онро ҳамчун равзанаи мустақил аз равзанаи асосии браузер ба воситаи пахш кардани тугмачаи нишондодашуда ҷудо кунед, то ки ба коратон халал нарасонад.
Барои оғози кор ба тугмачаи фаъол намудани имконияти дидани сомонаро ҳамчун тариқи таҷҳизоти мобилӣ нохун занед.
Метавонед модели ягон таҷҳизоти мобилиро, ки пешниҳод мегардад, интихоб кунед. Барои фаъол шудани шакли мобилии сомона дар браузери компютер ҳатман тугмачаи F5-ро пахш кунед.
Ба воситаи пахш кардани тугмачаи «+» метавонед ҷой додани аксро оғоз кунед.
Аз компютери худ ягон аксхо интихою намуда, тугмачаи «Открыть»(ё «Open»)-ро пахш кунед.
Калимаи Next-ро нохун занед.
Чӣ хеле ки мебинед, акс бо муваффақият нашр гашт.

Шумо худ акнун шоҳид гаштед, ки ҳатто дар ҳолати аз нуқтаи назари аввал ғайриимкон будани нашри аксҳо дар Инстаграм тариқи компютер, роҳи ҳалли ин мушкилот мавҷуд аст. Умедворам, ки маводи мазкур дар фаъолияти касбӣ ва ҳаёти шахсии шумо муфид хоҳад буд. Дар ҳолати зарурӣ метавонед дастурамали мазкурро бо забони русӣ дар сомонаи ман alifbo.com дастрас намоед.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ