Internews дар Тоҷикистон барои иштирок дар тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи кор бо воситаҳои далелсанҷӣ (фактчеккинг) дархост қабул мекунад. Донишу малакаҳои дар рафти чорабинӣ ба даст омада барои навиштани мақолаҳои таҳлилӣ ва гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ муфид хоҳанд буд.
Иштирокчиён чиро меомӯзанд?
- Санҷиши эътимоднокии фактҳо (далелсанҷӣ)
- Намудҳо ва форматҳои далелсанҷӣ (фактчеккинг)
- Баровардани хулосаи худ оид ба сатҳи эътимоднокии фактҳои санҷидашуда
- Истифодаи манбаъҳои додаҳои боз барои санҷиши фактҳо
Кӣ метавонад ширкат кунад?
- Хабарнигорони фаъол;
- Роҳбарон ё сармуҳаррирони ВАО;
- Блоггерон;
- Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ;
- Фаъолони ҷомеа;
- Намояндагони пажӯҳишгоҳ ва муассисаҳои таълимӣ;
- Нафароне, ки бо ВАО фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.
Ташкилкунандагон хароҷоти роҳ ва будубоши иштирокчиёнро пардохт НАмекунанд. Тренинг санаҳои 13-14 июли соли 2018 баргузор мешавад. Дархостро метавонед тариқи онлайн дар поёни саҳифа то санаи 30 июни соли 2018 пур кунед. Дар дархост ҳатман суроғаи саҳифаи худро дар ягон шабакаи иҷтимоӣ ишора кунед. Дархостҳое, ки пас аз санаи нишондодашуда ирсол мегарданд, баррасӣ намешаванд. Теъдоди иштирокчиён маҳдуд аст.
Дар сурати пайдо шудани саволҳо, метавонед ба Рустам Гулов, Мутахассис оид ба ВАО-и нави Internews дар Тоҷикистон ба суроғаи почтаи электронии rgulov@internews.org нависед.