ДомойОзмунҳо/ГрантҳоҚабули дархостҳо барои иштирок дар тренингҳои Internews дар Тоҷикистон оғоз ёфт

Қабули дархостҳо барои иштирок дар тренингҳои Internews дар Тоҷикистон оғоз ёфт

Internews дар Тоҷикистон дархост барои иштирок дар ду тренинги серӯза қабул мекунад. Блоггерон, шаҳрвандони фаъол, журналистони шаҳрвандӣ, кормандони ғайриштатии ВАО-и минтақаҳои дурдасти кишвар, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки хоҳиши андӯхтани дониши муосир дар соҳаи ВАО доранд ва мехоҳанд аз журналистикаи касбӣ огоҳ бошанд, метавонанд дар ин тренингҳо иштирок намоянд.

Барномаи тренингҳо барои омӯзиши самтҳои зерин равона гаштаанд:

  • Ҷустуҷӯи мавзӯъ ва манбаи иттилоот;
  • Ҷамъоварӣ ва омодасозии маълумот;
  • Чӣ тавр бояд дуруст видео ва акс гирифт;
  • Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ;
  • Омодасозии маълумот барои расонаҳои интернетӣ ва истифодаи мессенджерҳо дар ин ҷода;
  • Далелсанҷӣ (фактчеккинг);
  • Истифодаи элементҳои аёнӣ ва интерактивӣ дар маводи чопӣ

Дархостҳо барои иштирок аз шаҳрвандони Тоҷикистон то санаи 15 июни соли 2018 қабул мегарданд. Гузаронидани тренинги аввал охири моҳи июн ва тренинги дуюм – моҳи августи соли 2018 дар назар аст. Дар фосилаи байни ду тренинг иштирокчиён бояд вазифаҳои хонагиашонро иҷро кунанд.

Бартарият ба нафароне дода мешавад, ки аллакай то як андоза бо ВАО‑и маҳаллӣ ё марказӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ба иштирокчиёни тренинг, ки ба пуррагӣ вазифаҳои хонагиро иҷро кардаанд, сертификати расмии Internews тақдим карда мешавад.

Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо ОИ “Азия‑плюс” ва нашрияи “Фараж” гузаронида мешавад. Дархостро барои иштирок метавонед тариқи онлайн дар шакли зерин пур кунед. Шитобед, миқдори ҷой барои иштирокчиён маҳдуд аст.

Дар сурати пайдо шудани саволҳои иловагӣ метавонед ба Рустам Гулов, мутахассис оид ба ВАО‑и нави Internews дар Тоҷикистон тариқи суроғаи электронии rgulov@internews.org муроҷиат намоед.

Чорабинии мазкур дар доираи гранти Хатмкунандагони барномаҳои ИМА аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ