ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмун оид ба гузаронидани резиденсияҳо (аудитҳои ҳуқуқӣ) дар соли 2018

Озмун оид ба гузаронидани резиденсияҳо (аудитҳои ҳуқуқӣ) дар соли 2018

Internews дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Хома” озмун оид ба гузаронидани резиденсияҳо (аудитҳои ҳуқуқӣ) дар соли 2018 эълон менамояд.

Маҳаррирони ВАО шарикони худро таклиф менамоем, ки барои гузаштани санҷиши хатарҳои ҳуқуқӣ, омӯзиши кормандон, гирифтани машваратҳои ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти журналистон ва редаксия, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ доир ба тағйиротҳои қонунгузории ВАО дархостҳои худро фиристанд.

Саволҳои асосии аудит:

  • риояи қонунгузории меҳнат;
  • риояи қонунгузории соҳаи ВАО доир ба дастрасӣ ба маълумот, телевизион ва радио, реклама, ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои ба он алоқаманд;
  • раванди сабти ном шудани ВАО ва гирифтани иҷозатнома;
  • дастрасии хабарнигорон ба маълумот ва раванди шикоят бурдан аз болои амалҳои ғайриқонунӣ, аккредитатсия;
  • ҳалли тосудии баҳсҳо ва низоъҳои иттилоотӣ;
  • тағйирот дар қонунгузории ВАО дар соли 2018;

P.S. Тарафи қабулкунанда будубоши мутахассисро пардохт мекунад (ду шабонарӯз)

Барои иштирок дар лоиҳа, лутфан, шакли дархостро пур карда, ба почтаи электронии Анжелика Попова apopovanews@gmail.com ва Ранжет Ятимов ranjet@khoma.tj то санаи 30 апрели соли 2018 ирсол намоед.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ