Интернюс дар Тоҷкистон барои ишғоли вазифаи мутахасиси SMM ба номзади арзанда ва ташаббускор ниёз дорад. Агар ин мафҳум барои шумо ошност ва шумо медонед, ки ба чи кор машғул хоҳед шуд, пас ин эълон барои шумост
Мо умед дорем, ки дар натиҷаи ин ҳамкорӣ созмони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфияти бештар касб мекунад, шумораи воридшавандагон ба саҳифаҳо ва сомонаи мо ва корбарони он меафзояд .
Мо рузи кории нопурра пешниҳод мекунем ва довталаб метавонад фосилавӣ кор кунад. Аммо ӯ ҳатман бояд дар чорабиниҳои мо ё чорабиниҳои муфиди шарикони мо ширкат варзад, аз ин чарабиҳо нашри мустақим анҷом диҳад ва баъзан дар бораи онҳо маводи тавсифӣ нашр намояд.
Вазифаи мутахассиси SMM иборат аст, аз :
- коркард ва татбиқи стратегияи SMM;
- муайян намудани нишондиҳандаҳои муҳим ва калидаии самаранокӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ;
- сохтани мавод (матн, сурат ва видео) дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои саҳифаҳои расмии Интернюс дар Тоҷикистон ;
- гузаронидани чорабиниҳои амалӣ дар мавриди ҷалби аудитроияи муштариён дар шабакаҳои иҷтимоӣ ;
- ташкил ва гузаронидани пурсишҳо, озмуну викторинаҳо ва дигар чорабиниҳои шавқовар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ;
- зиёд намудани теъдоди муштариён/ боздиданҳо аз саҳифаҳои Internews дар Тоҷикистон;
- интишор ва пешбурди маводи сомонаи www.media.tj (internews.tj) дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
- таҳияи маводи ҷолиб аз чорабиниҳои созмон ва шарикони асосияш барои сомона ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ;
- ба таври умда ривоҷ додани муҳтаво (контент) миёни мухотабини зерҳадаф ;
- идораи маъракаҳои пулакии тарғиботии созмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ;
- мунтазам пешниҳод намудани ҳисобот оид ба корҳои иҷрошуда .
Талабот аз номзадҳо:
- Дар сатҳи баланд донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (хаттӣ ва гуфтугуӣ);
- Қобилияти таҳия ва пешбурди муҳтавои ҷолиб;
- Қобилияти кор кардан бо маҷмуи барномаҳои компютерӣ оид ба таҳрир ва танзими сурат ва маводи видеоӣ ;
- Донистан ва шарҳ додани веб-аналитика.
Агар худро лоиқи ин вазифа мебинед, лутфан ба суроғаи почтаи электронии tj-info@internews.org. ҳолномаи худ (CV), пайванд ба профилатон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва на камтар аз се маводи ҷолибатонро бифиристед, ки қаблан таҳия намудаед. Дар сархати мактубатон “Вакансия: SMM-специалист” бинависед. Ҳамчунин дар мактубатон қайд кунед, кик адом музди меҳнатро интизоред. Танҳо номзадҳои сазовор барои мусоҳиба даъват хоҳанд шуд. Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 14 апрели соли 2019 аст.