ВАО дар Тоҷикистон ба инъикос накардани мавзуи ЛГБТИ тарҷеҳ медиҳанд ва дар бораи одамони ин тоифа танҳо вақте менависанд, ки агар баҳонаи иттилоотии арзишманде пайдо шавад. Дар ҳамин ҳол ҳам, вақте зарурати навиштан дар ин мавзуъ пеш меояд, онҳо ғолибан аз истилоҳоте кор мегиранд, ки ба қавли ба оташ бештар равған рехтан рост меояд.
Дар бораи он нақл мекунем, чи тавр дар бораи ЛГБТИ бояд дуруст навишт (ва чи тавр менависанд) ва оё умуман дар бораи онҳо гуфтан арзиш дорад ё на.
Чи тавр бояд гуфт, ки малоли хотир нашавад?
“Ҳиҷобҳо “кабудакҳо” (наромодаҳо) ва адвокатҳо: Барои риояи ҳуқуқҳои инсон ба ҳукуматдороин Тоҷикистон чӣ намерасад?”-ин сарлавҳаи мақолаи яке аз ВАО пешбари Тоҷикистон-гуруҳи расонаҳои “Азия Плюс” дар охирҳои соли 2018 ҳаст. Сарфи назар аз он, ки ин нашрия қариб ягона нашрияи маҳаллӣ дар ҷумҳурист, ки умуман ин мавзуъро матраҳ мекунад, ҳаттао он ҳам аз истифодаи истилоҳоти гомофобӣ дар канор намондааст. Ҳарчанд дар муҳтавои ин матн баҳогузории манфӣ нисбат ба ЛГБТИ вуҷуд надорад.
— Ин аломати оддитирини надонистани мавзуъ дар ҳоли боварии комил дошатани баръакс аст. Азбаски мавзуи ЛГБТИ физикаи ҳастаӣ нест, ба назари бисёриҳо чунин менамояд, ки онҳо ҳама чизро медонанд. Аксаран, рузноманигорон қолабҳои шахшударо талқин ё интишор медиҳанд ва аз вожаҳои номуносиб кор мегиранд,- мегуяд фаъоли ЛГБТИ, сардабири портали расонаии ЛГБТИ-и қазоқистонӣ- Kok-Team — Анатолий Черноусов.
Табиист ки журналистони тоҷик дар махлут кардани истилоҳот дар Осиёи Миёна танҳо нестанд. Анатолий истилоҳоти маъмулеро номбар мекунад, ки журналистон дар тамоми минтақа истифода мебаранд: лексикаи тавҳиномез- “танфурушон”, “таҳқиршудагон”, “гомикҳо”; лексики нодурруст-“гомосексуалист” , “одамони моил ба шаҳвати ғайранъанавӣ” ва “ аққаллиятҳои шаҳвонӣ (сексуалӣ)”.
Нашрияи русии «Медуза» чунин мешуморад, ки гузинаи дурусти истилоҳоти дар боло зикршуда –« марди гомосексуал», «гомосексуал» ё «гей» аст. Калимаи паҳншудаи «гомосексуалист»-ро истифода кардан нашояд, зеро он дар зеҳн эҳсосоти бемориест, ки инсон гирифтори он аст, мисли майзадагӣ, ё инсоне, ки ба роҳу равише мутақоид аст, мисли идеология(коммунист). Ҳол он ки гомосексуал будан на ин асту на он. Воқеан, инсони гомесексуал будан ҳам ба мардон хос аст ва ҳам ба занон, зеро он як навъ кашиш ба шахси ҳамҷинси худ аст ва ҳатмӣ нест, ки мард бошад. Ва дар нисбати занони лесбӣ ва бисексуалҳо(наромода) ҳам ин ҷо ҳамон қоидаи болост: истифодаи истилоҳоти «зани гомосексуал» ё «лесбӣ», «бисексуал» ё « шахси моил ба бисексуал» дуруст аст.
Ҳамчунин ба лексикаи номуносиб метавон истилоҳи мисгендерингро дохил намуд, яъне вақте ки на он ҷинсе истифода мешавад, ки шахс худашро ба он мансуб медонад.
Масалан, вақе нисбат ба зани трасгендер ҷинси мардро истифода мекунанд, — мегуяд Анатолий.
Трансексуалҳоро- одамонеро, ки худашонро бо симои ҷинси муқобилашон ташхис медиҳанд, чи тавре ки худашонро муайян кардаанд, номидан мантиқитар аст
Агар зарурат ба зикр кардани трасгендер будан ба миён ояд, пас онҳое ки худро зан мешуморанд, бояд « зани трансгендер/трансексуал» гуфта шаванд. Ин қоида нисбат ба мардони трансгендер ҳам бояд истифода шавад. Мафҳумҳои «трансгендер»ва «трансексуал», моҳиятан, баробаранд, вале аввалӣ умумитар буда, дуввумиро ҳам дар бар мегирад. Муҳим фаҳмидани он аст , ки дар тавофут аз гомосексуал ва бисексуал , трансгендер — тамоюли шаҳвонӣ нест.
Воқеан, ба андешаи Антолий мақолаҳои бештар босалоҳиятро дар минтақа, ба ғайр аз платформаи махсусгардонидаи ӯ, нашрияи қазоқистонии — Informburo.kz, Vlast.kz ва қирғизии Kloop омода мекунанд.
Чи тавр гуфт,ки боиси хашму ғазаб нашавад?
Дар омади гап, дарҳамбарҳамӣ дар истилоҳот, падидаи таассуфовартарин дар он ВАО-и маҳаллие нест, ки ин мавзуъро пайгирӣ мекунанд. Ҳақиқат он аст,ки дар Тоҷикистон таҷрибаи бо маълумоти ҷинсӣ ё шаҳвонӣ огоҳонидани омма нест, ҳатто миёни рузноманигорон ҳам; дар ҷумҳурӣ амалан фаҳмиши он , ки шахсони ЛГБТИ кистанд, вуҷуд надорад. Ин боиси он мегардад, ки матнҳои журналистӣ аз оғоз дар худ муносибати боғаразона нисбат ба қаҳрамононашон доранд ва аз ин ҳам бадтараш, вақте шихсони ЛГБТИ дар матбуот чун падидаи аҷибу ғариб баррасӣ мегарданд
«Дар Душанбе арусии ҳамҷинсгароҳо барпо шуд. ВИДЕО», — боз як сарлавҳаест, аз ВАО-и тоҷикӣ, аз Радио «Озодӣ». Матн аз соли 2014 аст, вале усуле ки дар он истифода шудааст, ҳануз ҳам дар нашрияҳои маҳаллӣ ба чашм мерасад. Ин матн саропо даҳшатбор аст, ҳам услубан ва ҳам мазмунан. Дилсузии дуруғине, ки муаллифон ҳодисаҳои марбут ба қаҳрамононашонро тавсиф мекунанд: яке аз онҳо «нияти тағйир ёфтан надорад» ва дувумӣ «аз ҷониби тоҷири афғон таҷовуз шуд ва баъдан солҳои дароз бо танфурушӣ маъоши зиндагиашро пайдо мекард»-чизе нест, ба ҷуз қолабҳои шахшуда, ки бидуни кумаки матбуот ҳам, зеҳни ҷомеаи Тоҷикистон бекаму кост бо он мусаллаҳ аст.
Илова бар он, дар кишваре, ки аксари сокинонаш ҳануз ҳам бачабозонро аз гейҳо фарқ намекунанд, ҳикоя кардан дар бораи арусии ҳамҷинсгароён- танҳо бедор намудани аксуламали нозуруру манфӣ аст. Маъмулан, дар зери чунин матнҳо, силсилаи шарҳу тафсирҳои хашин, ғолибан бо даъват ба зуроварӣ пайдо мешавад, ки онро метавон маводи ҷудогона шумурд, зеро мухотабин онҳоро на камтар аз матни мақолаи асосӣ, балки, шояд, бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳанд
Дертар дар ҳамин манбаъ, дар матне дар бораи он, ки одамони ЛГБТИ аз Тоҷикистон дар хориҷ паноҳгоҳ меҷуянд, журналисон чунин андешаро раво донистаанд: «Ба қавли Рустам (гей- қайди идораи нашрия) муносибати ӯ бо ҳамсинфаш дар 14 солагӣ шуруъ шуд ва дигар ӯ натавонист ба зиндагии муқаррарӣ баргардад», яъне, муаллиф зери он имзо мегузорад, ки зиндагии гомосексуал ғайримеъёрист.
Дар бисёр ҳолатҳо чунин инҳирофҳо аз он сар мезананд, ки дар кишвар коршиносон каманд ва ҳатто онҳое, ки мавзуъро мефаҳманд, аз оммавӣ гуфтан дар ин бора худдорӣ мекунанд ва боз манбаъҳои иттилоотӣ тамоман шарҳи номувофиқ медиҳанд. Масалан, дар мусоҳиба бо «Азия Плюс» равоншиноси аршади Тоҷикистон чунин гуфта: «онҳо одамони руҳан беморанд. Онҳо аз ҷиҳати равонӣ маризанд. Ҳар касе ки онҳоро бемори равонӣ намеҳисобад-худаш бемори равонӣ аст»
Анатолий Черноусов бо чунин мақолаҳо вомехурад ва ӯ се иштибоҳи асосии рузноманигоронеро зикр мекунад, ки дар ин мавзуъ менависанд:
— Якум,интихоби коршиносон. Аз чи бошад, ки дар мавриби мушкилоти ЛГБТИ ҳама метавонанд коршинос бошанд, ба ғайр аз худи одамони ЛГБТИ. Аксаран аз равоншиносон, ҳуқуқшиносон,пулис,шореҳони ҷамъиятӣ мусоҳиба мегиранд ва ба нудрат ба назди фаъолон ва фаъолзанони ЛГБТИ меоянд. Дуввум: кушиши бозӣ дорондани ЛГБТИ-фобияи хонандагон. Аксаран, ҳатто дар мақолаҳои каму беш бетарафонаи иттилоотӣ, ҳатман иборае дучор меояд, ки журналист гуё ба хонандаи худ ишора мекунад, ки бубин, ин мову шумоем ки одамони дурустем. Ва сеюм: хатоҳои техникӣ ҳангоми ҷобаҷогузории мақолаҳо. Масалан: акси гей-парад, вақте сухан бар бораи ҳуқуқ ва табъиз меравад; пайвандҳо ва тэгҳо, вақте ба мақола оид ба ЛГБТИ матнҳо оид ба бачабозҳо часпонда мешаванд ( аз қабили « ҳамчунин дар ин мавзуъ бихонед»), — мегуяд Анатолий.
Чи тавр бояд гуфт, ки зарар нарасад?
Оре,воқеан муҳимтарин масъала барои журналистоне, ки дар ин мавзуъ кор мекунанд, он аст, ки умуман дар мавзуи ЛГБТИ дар кишваре чун Тоҷикистон, арзиши навиштан дорад ё на. Гап танҳо сари он нест, ки аксар сокинони кишвар алҳол барои пазируфтани одамони ЛГБТИ омода нестанд, балки дар он аст, ки чунин мақолаҳо метавонанд ба ин тоифа зарар расонанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ-оноҳое, ки аз ҷумла ба ин масъала машғуланд, вале хоҳиш мекунанд,ки номашон гуфта нашавад, шарҳ медиҳанд, ки баъди нашри чунин мавод дар ВАО, ба наздашон аз мақомоти назоратии давлат меоянд ва фаъолонро ба он муттаҳам менамоянд, ки гуё барои нашри чунин матнҳо ба рузноманигорон музд медиҳанд.
-Тафтишу санҷишҳои хастакунанда шуруъ мешаванд, бароямон мушкил эҷод мекунанд , ба тарғиби ин ҷомеаҳо гунаҳгор мекунанд, ҳарчанд ки мо бо журналистон ҳамкорӣ намекунем, шарҳ медиҳанд онҳо.
Аз ҳамин сабаб созмонҳои ҷамъиятӣ бо дили нохоҳам бо журналистон тамос барқарор менамоянд ва аксаран нашри чунин маводро истиқбол намекунанд. Дар ҳамин ҳол ҳомиёни ҳуқуқе ҳам ҳастанд, ки ақидаи дигар доранд. Ислом Ализода (номи мустаор-қайди идора) ҳомии ҳуқуқ ва намояндаи ҷомеаи ЛГБТИ аз Тоҷикистон, ки барои ба хориҷ- ба кишвари аврупоие рафтан маҷбур буд, мегуяд ки инъикоси камранги ЛГБТИ дар расонаҳо боиси он мегардад, ки дар бораи ин одамон дар кишвар ҳеҷ чиз маълум намешавад.
-Бояд гуфт,сарфи назар аз он ки аксуламали аудитория манфӣ аст, зеро одамон метарсанд, кушиш менамоянд,ки таваҷҷуҳро ба худашон ҷалб нанамоянд, аммо ин онҳоро наҷот намедиҳад: гейҳоро мекубанд, боздошт мешаванд ва мавриди таҳқир қарор мегиранд. Ҳарчанд ман дар хориҷа зиндагӣ кунам ҳам, вақте дар матбуот навиштаҳои ман пайдо шаванд, ба ман занг зада таҳдид мекунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба назди волидонам, ки дар Душанбе мондаанд, мераванд. Вале ман дар ҳар сурат хоҳам гуфт, то замоне ки гомосексуалҳоро аз бачабозҳо фарқ намекунад, то замоне ки онҳоро ором намегузоранд ва дар амал ба онҳо ҳуқуқҳои баробар бо гетросексуалҳо намедиҳанд,-мегуяд ин фаъоли ЛГБТИ.
Муаллиф: Лилия Гайсина