ДомойХудомӯзТарзи сохтани подкастҳо: маслиҳатҳои шурои коршиносони Мактаби подкастинги Internews

Тарзи сохтани подкастҳо: маслиҳатҳои шурои коршиносони Мактаби подкастинги Internews

11-12 июни соли 2019  дар шаҳри Алмаато нахустин бор дар Осиёи Миёна   “Мактаби подкастҳо” барпо гардид. Иштирокчиёни ин омузиш намояндагони расонаҳо ва ТҒҲ-ии Осиёи Миёна буданд. Омузгорони он коршиносони сатҳи байналмилалӣ буданд:

  • Артём Платов, ношири мустақили лоиҳаи расонаии ҳимояи ҳуқуқ -«ОВД-Инфо»,
  • Лика Кремер, продюсери подкастҳои «Медуза», муассиси студияи подкастҳои «Либо Либо»,
  • Елена Баришева, журналист, собиқ муассиси лоиҳаи Recycle ва сармуҳаррири сомонаи «Московские новости». Муаллифи подкасти «Больше половины» — дар бораи заноне, ки ба  занони дигар кумак мекунад,
  • Андрей Уродов, продюсери лоиҳаи махсуси «Такие дела». Муаллифи подкасти «Жизнь человека».

Дар сохтани лоиҳаҳои инфиродӣ ба иштирокдорон кормандони Internews ёрӣ расонданд.

Мо маслиҳату машваратҳои менторон ва коршиносони  ин Мактабро омода  намудем

Артём дар бораи жанрҳои подкастинг нақл мекунад.

  • Ба ҳисоби миёна подкастҳоро  6 соат дар ҳафта гуш мекунанд. Ин рақам ҳамасола дар афзоиш аст.  Як лаҳзаи подкаст ба ҳисоби миёна 124 маротиба боргирӣ мешавад. Подкастҳоро асосан ҳангоми сайру саёҳат ё дар сари фармони мошин гуш мекунанд.
  • Сомеони подкастҳо аудитория хоса аст; даромади миёнашон-75 ҳазор доллар дар сол,маълумоташон олӣ, мардон андаке бештаранд,-ин тибқи маълумоти амрикоиҳо.
  • Подкаст чунин қолабест, ки мухотабро бояд ҷалб кунад ва нигоҳ дорад.

Монетизатсия (ба даст овардани  даромад)

  • Тарғиботи аслӣ(табиӣ).
  • Прероллы — таблиғот(пештаблиғ) қабл аз шунидан , мидроллы — таблиғот дар дохили подкаст.
  • Лаҳзаҳои ҳамшарикӣ/бо тамғае фарогирифташуда- қатори васеи таблиғоти табииест, ки мавзуъ бо мусоидати молии бренд ё рекламадиҳандаи муайян нашр шудааст. Иҷозатномадеҳии  достон қабл аз кино ва сериалҳо.
  • Обунаи пулакӣ.

 

Истеҳсоли подкастҳо барои ширкатҳои расонаие, ки шуъбаҳои махсус доранд, муваффақтар аст. Дар ҷойи дувум ширкатҳое меистанд, ки ба танҳо  истеҳсоли подкастҳо машғуланд. Навъгунаҳои аз ҷониби умум қабулшуда  вуҷуд надоранд, танҳо равишҳои қабулшуда  вуҷуд доранд.

Ержан Сулейменов, коршиноси расонаҳо аз Internews, ба шунавандагони ин Мактаб дар бораи ҷустор ва муайян намудани аудитория нақл мекунад:

  • Ҳар қадар ки дар доираи тангтар ва мушаххастари аудиториятонро тасаввур менамоед, ҳамон қадар лоиҳаатон муваффақтар аст.
  • Аз нигоҳи бозоршиносӣ ҷомеаҳои алоҳида ва ногустурда хуб кор мекунанд. Ҳар ҷо ки шумораи инфлюенсерҳо каманд, шумо метавонед яке аз онҳо бошед.
  • Пас аз он ки шумо мухотабонатонро муайян кардед, акнун бояд тасаввур кард, ки аудиторияи шумо бо кадом мушкилот мувоҷеҳ аст.
  • Моҳиятан подкаст – хидматрасонист. Ва подкасти шумо бояд ягон мушкилиро ҳал намояд. Тасаввур мекунед, ки дар чунин вазъ аудиториятон аз кадом эҳсосот лабрез аст.

Масалан, подкастҳои Arzamas. Мушкили  мухотабон-камии вақт ва хоҳиши хондан. Arzamas дар ҳалли ин мушкилӣ мусоидат мекунад. Назорат кардан лозим аст, ки мушкилот ҳал мешаванд ё на. Агар мушкилот ҳал мешаванд,лоиҳаро бояд  иваз кард. Аслан, ин як рисолат аст.

Олга Каплина, коршиноси Internews,  мепурсанд, ки маъмулан одамон дар қуҷо подкастҳоро гуш мекунанд? Ин ҳам як лаҳзаи муҳим барои муайян намудани аудитория  аст. Дар ҳамин лаҳза аудитория аз ман чи мехоҳад?

  • Тафреҳ.
  • Иттилоот.
  • Роҳи ҳали мушкилот.

Эъҷоди муҳити мусоиди табъу завқ. Масалан, мегуяд Олга, подкастҳо муҳити мусоид барои шунидан пеш аз хоб месозанд.

«АГАР ШУМО ҲУНАРИ ГУФТАНИ ҚИССА ДОРЕД ,ҲАМАШ ОЛӢ МЕШАВАД”, —  МЕГУЯД ЛИКА КРЕМЕР, ПРОДЮСЕРИ ПОДКАСТҲОИ «МЕДУЗА», АСОСГУЗОРИ  СТУДИЯИ ПОДКАСТҲОИ «ЛИБО ЛИБО».

Лика маслиҳатҳои муфид  ва мисолҳо меорад:

Дар  ҷаҳон авҷи подкастҳост: корбарӣ аз он соле то 10-20 % меафзояд. Соли гардиши бузург- соли 2014 буд. Дар ин сол подкасти “Сериал”- қиссаи детективӣ оид ба  тадқиқоти марги толибаи амрикоӣ  баромада буд.

Лика маслиҳатҳои муфид  ва мисолҳо меорад:

Дар  ҷаҳон авҷи подкастҳост: корбарӣ аз он соле то 10-20 % меафзояд. Соли гардиши бузург- соли 2014 буд. Дар ин сол подкасти “Сериал”- қиссаи детективӣ оид ба  тадқиқоти марги толибаи амрикоӣ  баромада буд.

Намунаи дигаре аз лоиҳаҳои муваффақ  — The Moth аст. Дар оғоз қиссаи зиндагии дустон,чор дақақаӣ сари ҳар нафаре буд. Алҳол The Moth — ин гуруҳи ғайритиҷоратист, ки  ба санъату фарҳанг  машғул аст.

Маҳсулоти студияи  «Либо Либо» бошад, подкасти мактабист, ки ба саволҳо на аз муаллимону волидон, балки аз ҳамсолону дустон  ҷавоб меёбед.

Маслиҳатҳо аз Лика:

  • Радиоро вақте фаъол мекунед,ки вақти кофӣ доред, аммо подкастро худатон интихоб мекунед. Мусоҳибонатонро худататон интихоб менамоед. Подкаст ба гунаи дустатон бо шумо  гуфтугу мекунад. Ҳеҷ чизро иваз кардан лозим  намеояд. Подкаст бояд мустақил бошад, яъне маҳсулоти ҷудогона
  • Қолаби фаҳмо зарур аст, яне ҷавоб ба ин савол, ки подкасти шумо бар бораи чист. Аудиторияи шумо бояд маҳсулоти пешбинишударо ба даст оварад. Фаҳмо бошад.
  • Ба худ савол диҳед: барои чи подкаст? Чаро видео не? Овоз чи махсусият дорад?

Намунаи  подкасти “Чи тавр бояд зист” дар «Медуза»- се зан-  намояндагони наслҳои гуногун ба саволҳо ҷавоб медиҳанд ва дар бораи зиндагӣ баҳс мекунанд.

Подкаст бояд ба таври мунтазам ҳафтае як бор нашр шавад, бештар  маънӣ надорад. Одамон подкастро ба як навъ кори худ   мутааллиқ месозанд.

Бояд ба мухотабонатон дар бораи он ки подкасти мувофиқ доред, нақл кунед, аз шунавандагонато хоҳиш кунед, ки дар бораатон нақл кунанд, ба шумо бинависанд ва савол бидиҳанд  ва  подкастро дар  “реҷаи парвози озод” нагузоред, зеро гум мешавад.

Маслиҳатҳо аз Андрей:

  • Аксарият фикр мекунад, вори шудан ба саҳифаи асосии iTunes мушкил аст, вале он хеле сода аст,- дар  сатри кумак навиштан даркор.
  • Агар шумо қиссаеро ҳикоя мекунед, пас аз ҳар 1,5-2 дақиқа “перебивка” бигузоред.
  • Шумо мехоҳед қиссаро ба ҳадди аксар самаранок нақл намоед ва гуруҳи эҷодӣ метавонад 7 соат сабти овоз дар наздатон гузорад.
  • Онро гуш кардан лозим аст ва ин кори осон нест ва на ҳамеша шавқовар. Таваҷҷуҳ намоед: агар шумо нашри бисёреро тарҳрезӣ менамоед, ба шумо ҳар дафъа  фикр кардани сарлавҳаҳои кутоҳ ва муассир мушкилтару мушкилтар мешавад.

Мактаби  подкастингҳо дар доираи барномаҳои Internews «Мусоидати дастрасӣ ба иттилоот” бо кумаки Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ гардида, ҳамзамон бахши ҷашнвораи навовариҳоест, ки аз ҷониби Асосиатсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ (АРГО) барпо шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ