Қазоқистон
Хабари бештар машҳури моҳи июл дар Қазоқистон твити президент Токаев буд, ки дар он номбурда ба Владимир Путин, вобаста ба селу обхезиҳо дар вилояти Иркутск, изҳори таслият мекунад.
Аз ҷониби хидматчиёнии давлатӣ сохтани саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз навовариҳои Касим-Жомарт Кемелевич дар ин мансаб мебошад. Умуман қазоқистониён дар моҳи июл дигаргуниҳоро дар кишвар фаъолона пайгирӣ намуданд. Дар ТОП-15 аз маводи марбут ба қонунҳои нав се хабар ҷой гирифт: маҳдуд шудани гаштугузори мошинҳое, ки рақами хориҷӣ доранд, мараторияи таъсис додани субъекҳои бахши шибҳидавлатӣ ва руйхати пурраи дигаргуниҳо аз 1 июли соли 2019.
Ҳодисаҳои муҳокаимашаванда чун анъана дар моҳи июл бисёранд Аз ТОП-15 ҳафт мавзуъ дар ин бора аст: дар пеши чашми раҳгузарон алоқаи ҷинсӣ кардани ошиқу маъшуқ дар Актау, огоҳии Прокуратураи генералӣ дар бораи вайронкунии оммавии тартибот, идомаи қиссаи зани таҷовузшуда дар қатораи баландсуръати “ Талго”, садами нақлиётие, ки боиси марги пулисҳо шуд ва сокини Узбекистонро боздоштани онҳо, қиссаи дастгир намудани қаҳрамон оид ба муштзанӣ, ки хешовандашро кушта буд, табиби машҳури қазоқистонӣ, ки ба ғайриқонунӣ гирифтани узвҳои бадани инсон гумонбар шуда буд, марги муфоҷои Илёс – писари хурдии Элмира Суханбердиева.
Хабарҳои хуш чандон фаъолона муҳокима нашуданд ва ба ТОП-15 танҳо 2 хабар ворид шуд: ронандаи автобус ба мусофири маъюб дар баромадан ёрӣ расонд ва хабаре аз Ҳиндустон, ки марде дар шаҳри Лакҳнав ҳангоми маросими ҷанозааш зинда шудааст.
Рейтинги мавзуъҳо бо гуфтори Владимир Путин дар вохурӣ бо донишҷуёни яке аз донишгоҳҳои Урал, дар бораи зарур набудани ҷалби сиҳибистеъдодони қазоқистонӣ ба он ҷо, хотима меёбад.
Тамоми мазуъҳои рейтинг ба забони русӣ ва дар қолаби навигариҳо навишта шудаанд.
Тоҷикистон
Мақолаи хабарӣ дар бораи қаллобе, ки сокинони Душанберо тахмиан, ба маблағи ниммилллион доллар фиред додааст, дар сархати ТОП-15 ҷойгир шудааст. Миёни дигар ҳодисаҳо дар рейтинг қиссаи духтараки таҷовузшудае, ки милиса аризашро қабул намекунад ва дастгир шудани одамоне ҳастанд, ки эҳтимолан дар рабудани ду духтарбачаи ноболиғ даст доранд.
Ду хабар аз ТОП -15 сокинони кишварро аз гармии ғайримуқаррарӣ ва қатъ кардани об бо сабабҳои тармим огоҳ мекунанд. Ва боз ду хабари дигар бар бораи дигаргуниҳои қонунгузорӣ ҳикоят мекунанд: дар бораи ҷойивазкунии кадрҳо ва қонуне, ки хатмкунадагони шуъбаҳои буҷетиро барои баргардонидани хароҷоти таҳсил вазифадор мекунад, агар онҳо ин хароҷотро тавассути ифои хидмати давлатӣ ҷуброн накунанд.
Қиссаи духтаре, ки барои робита бо Давлати исломӣ ҳабс шудааст, дар кишвар боиси мубоҳисаҳо гардидаст.
Дар умум се мавзуъ дар Тоҷикистон дар моҳи июл баҳсро тафсонд:
- Заҳролудшавии оммавии маҳбусон, ки 14 нафар дар асри хурдани як нон ба ҳалокат расиданд. Сокинони кишвар аз тафсилоти ҳодиса ва мавод оид ба тарзи гуронидани маҳбусон, ки дар вазъияти чорабиниҳои сахти бехатарӣ гузаронида шуд, мубодилаи иттилоот карданд;
- То 8 август шаҳрвандони Тоҷикистон бояд аз қайди нави сим кортҳо ва табдили шинсномаҳои коғазӣ ба ID кортҳои пластикӣ гузаранд. Муҳлати охирин наздик аст, вале ҳукуматдорон дар садади тамдиди он нестанд ва рузноманигор Зулфия Голубева, мавзуъро омухта, оид ба муҳлати амали шиносномаҳои дохилӣ, мақола навишт. Дар омади гап, ин ягона мақолаи таҳлилӣ дар ТОП -15 буда, боқӣ ҳама иттилооотианд;
- Аз 1 сентябр тарофаҳои барқ баланд мешаванд. Дар Тоҷикистон ҳам ин хабар ва ҳам шарҳи Хадамоти зиддиинҳисории кишварро шаҳрвандон фаъолона табодул карданд.
Дар ТОП -15 -и Тоҷикистон ҳам мавзуи Ҳиндустон ҳаст, ки нияти сохтмони роҳи гаронарзиш дар шаҳри Душанбе дорад.
Тамоми хабарҳои ба рейтинги моҳи июл шомилшуда, бо забони русӣ навишта шудаанд.
Узбекистон
Ба ТОП-15 хабари моҳи июл дар Узбекистон бештар муҳокимашуда аксаран ҳодисаҳо ворид шудаанд, -якбора ҳашт хабар: куштори донишҷуи пойтахти кишвар, парвандаи ҷиноӣ алайҳи соҳибкор — Умар Раҷабов, марги тифли семоҳа, ҳукми марде, ки дар куштани собиқ ҳамсараш талош кардааст, наҷотдиҳандагон хатари як қуттӣ бо фреонро бартараф намуданд, гум шудани ҷавонзан пас аз хархаша дар оила, тафсилоти парванда алайҳи модаре, ки навзодро дар ҳоҷатхона гузошта буд ва қиссаи духтаре, ки яке аз чор марди ба ӯ дарафтодаро куштааст.
Аз хушхабарҳо ба ТОП-15 ҳамагӣ ду хабар: бостоншиносони узбек осорҳои боқимонда аз Александрияи Оксианиро пайдо намуданд ва 5 факти ба таври васеъ номаъулум дар бораи Шавкат Мирзиёев бахшида ба зодрузаш, шомил шудаанд.
Ду хабар дар бораи боду ҳаво: Пойгоҳи боду ҳавосанҷии Узбекистон борон ва салқинӣ ваъда медиҳад ва боз ҳамон манбаъ баъди даҳ руз аз гармо огоҳ мекунад. Боз ду хабари дигари рейтинг дар бораи навгониҳои кишвар: ҷаримаи нав барои дустдорони автомоилҳо ва лоиҳаи сохтмони се маҷмаи хушдилӣ дар атрофи Тошканд.
Шарҳҳои арбоби ҷамъиятӣ Азиза Умарова дар бораи ғайриқонунӣ кандани биноҳо дар Узбекистон мавриди муҳокимаи фаъол қарор гирифтанд.
Тамоми мавзуъҳои маъруфиТОП-15 дар Узбекистон дар жанри хабарӣ ва бо забони руссӣ интишор шудаанд.
Рейтинги мақолаҳои бештар хонда ва муҳокимашаванда-рубрикаи доимии мост. Мақолаҳои бештар машҳури моҳи июнро дар ҳамин ҷо хондан метавонед.