Дар Қазоқистон иштирокчиёни як даъво бо мошинҳои худ чанд нафарро пахш карданд, дар Тоҷикистон қоидаҳои нави интиқоли пул ҷорӣ шуд ва дар Ӯзбекистон доллар арзон шуда истодааст. Боз кадом мавзӯъҳо дар ин се кишвар дар моҳи август бештар муҳокима шуданд? Дар рейтинги ҳармоҳаи мо бихонед, ки дар асоси хидмарасониҳои MediaMetrics.kz ва MediaMetrics.ru тартиб дода шудааст.
Қазоқистон
Қасим-Жомарт Токаев дар Топ-15-и август ду маротиба: бо таъиноти дубораи Дарига Назарбоева ба Сенат ва бо эълони паём ба мардуми Қазоқистон пайдо шуд, ки дар моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд. Дигар ахбори сиёсӣ ба рейтинг ворид нашуданд.
Аммо мардум ба таври анъанавӣ ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳ доштанд. Қазоқистониҳо аз воқеае, ки охири моҳи август ба вуқуъ омад, пайгирӣ кардандм: миёни ду гуруҳе, ки якҷоя истироҳат мекарданд, ҷанҷол сар зад, ки дар натиҷа баъзе ширкаткунандагон кӯшиш карданд, ки рақибонро бо мошинҳои худ пахш кунанд. Дар топи-15 моҳи ҷорӣ ду хабар оид ба ин мавзуъ ворид шуд: дар шабакаи интернетӣ наворе пайдо шуд, ки ҷузъиёти ин муноқишаро аз паҳлӯи дигар нишон медиҳад ва муроҷиати модарони айбдоршавандаҳо, ки хоҳиш карданд онҳоро, ки ҳоло ҷавонанд, ба ҷазои сахт маҳкум накунанд . Дар миёни дигар хабарҳои ҷиноӣ, ба рейтинг, мавод оид ба марги писари сардори шӯъбаи полиси Алмаато, пайдо шудани ҷасади кӯдаке, ки қаблан дар минтақаи Қазоқистони Шарқ гум шуда буд, таҷовузи яу гуруҳ ба номус ва шантажи як хонандаи мактаб аз шаҳри Чимкент ва заноне, ки аз ҷониби хешовандон дар минтақаи Туркистон латукӯб шудаанд, дохил шудаанд.
Мавзӯъи дигаре, ки бисёр гарм дар Қазоқистон мавриди муҳокима қарор гирифт, ин тӯйи арусии артиси харлқии ҶҚ Нургали Нусипжанов ва рузноманигор Жадира Сейдеш буд. Дар гирди камараш арус камарбанди сурх баста буд, ки дар мардуми туркнажод ин рамзи покизагӣ ва бакорат аст. Тафовути дар синну сол байни навхонадорон 45 солро ташкил медод, ва, шояд дар байни қазоқистониҳо барои ҳамин чунин резонанс ба вуҷуд овард. — ҳарду хабар дар топ-15 ворид шуданд.
Дар топ-15 моҳи август ду хабар аз кишварҳои дигар пайдо шуданд: амалиёти ҷароҳии беназири табибони бритониёӣ ва иттифоқи хуб барои хонандаи амрикоӣ, ки тавонист ҳамлаи морро пешгирӣ кунад. Оё ин хабарҳо ба рейтинг дохил мешуданд, агар бо сарлавҳаҳои кликбейт чоп намешуданд, — ин як саволи бузург аст.
Миёни дигар хабарҳои рейтинг: Иди Қурбон санаи 11 август элон шуд, рӯйхати грантҳо нашр шуд ва дар калимаи «жуз» ,дар 100 тангаи қазоқӣ хато ёфт шуд.
Ҳамаи мавод ба забони русӣ дар қолаби жанрҳои хабарӣ навишта шудаанд.
Тоҷикистон
Дар топ-15 мавзуи нисбатан муҳокимашаванда дар Тоҷикистон ду мавод бо мавзӯъҳои бегона дохил шуданд: сарнавишти сарбозони Шӯравие, ки дар Афғонистон боқӣ монданд ва муносибати Русия ба низои сиёсии дохилии ҳукумати кунунии Қирғизистон бо собиқ президенти кишвар Алмазбек Атамбаев.
Дар рейтинги моҳи август муҳимтарин рӯйдодҳои кишвар ба моҳи июл рост омад. Эҳтимол моҳи июл дар Тоҷикистон воқеан гарм буд, зеро маводҳо як моҳ маъруфияти худро гум накарданд.
Яке аз мавзӯъҳои асосии моҳи гузашта дар Тоҷикистон, ки дар моҳи август ҳам идома ёфт, он буд: ҳукумат розӣ шуд, ки мӯҳлати сабти сим-кортҳоро бо шиносномаҳои нав тамдид карда шавад. Миёни дигар навовариҳои топ-15 инчунин хабар дар бораи қоидаҳои ҷадидӣ интиқоли маблағҳо дохил шуд.
Одатан, ҷиноятҳо ва рӯйдодҳо хеле муҳокима мешаванд. Аз 15 хабар ҳафтоаш дар бораи як оилае, ки ҳафт узви он тавассути мошин ба ҷарӣ афтиданд, ҳодиса дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, марги ду шаҳрванди Тоҷикистон аз беморӣ дар Ҳаҷҷ, афзоиши ҷинояткорӣ миёни занон, ихроҷи якумрии дарвозабони тимми миллии футболи тоҷик, аз парвоз баргардондани роҳбари собиқи Тоҷик Эйр ва бархурде,ки дар ҷараёни мурофиаи судии духтари панҷсолаи кушташудаи — тоҷик Ҳувайдо Тиллозода шуд, хабар медиҳанд.
Дар байни дигар хабарҳои рейтинг, дар топ-15 инчунин хотираҳои Олег Газманов аз сафарҳои ҳунариаш ба Тоҷикистон, форуми байналмилалии сайёҳӣ дар Душанбе ва таъйини Озода Раҳмон ба ҳайси сафири Созмони байналмилалии «Занон — Пешвоёни сиёсӣ» дохил гардид.
Хабар дар бораи таъин шудани духтари президент, ягона хабари сиёсӣ ва ягона хабаре буд, ки бо забони тоҷикӣ нашр шуда ва ба рейтинг ворид шудааст. Дигар маводи Top-15 ба забони русӣ навишта шудаанд.
Мавод дар бораи сарбозоне, ки дар Афғонистон боқӣ мондаанд, дар шакли фотогалерея, боқимонда хабарҳои рейтинг — дар шакли навиштаҳои иттилоотӣ таҳия карда шуданд.
Ӯзбекистон
Рейтинги мавзӯъҳои баҳсбарангези Ӯзбекистонро низоъе, ки дар моҳи август миёни мусофири автобус ва ронанда рух дод, оғоз ва анҷом медиҳад. Зан дар даст кӯдаки навзод аз ронанда хохиш кардааст, ки ӯро дар ҷое фурорад, ки барои мошинҳо таввақуф манъ аст ва бо гирифтани ҷавоби рад ба ғазаб омадааст.
Аз ҳодисаҳо, ба топ-15 садамаи калон дар Тошканд, инчунин садамаи дигаре, ки дар он як писарбачаии 10-сола ҳалок шуд, суқути конструксияи металлӣ ва саргузашти духтаре дохил шуданд, ки аз Бухоро ба Амрико ҳиҷрат карда, дар полиси маҳаллӣ ба кор шуруъ кардааст, ва ба наздикӣ бо ҷурми дуздӣ ба даст афтода, ва аз кор ронда шудааст.
Дар моҳи август, дар Узбекистон, аз 15 матолиби нисбатан муҳокимашаванда, чортоаш дар мавзӯъҳои мусбат буданд: доллар бинобар сиёсати нави Бонки марказӣ арзон мешавад, бино бар Рӯзи Истиқлоли Ӯзбекистон, мактаббачагон каме дертар ба таҳсили худ шурӯъ мекунанд ва муштзани машҳур Шаҳром Ғиёсов дар зарфи 30 сония рақиби худро аз по афтонд.
Сокинони Ӯзбекистон ба обу ҳаво ва навовариҳои дар пешистода таваҷуҳ зоҳир мекунанд, ки шумораи онҳо дар моҳи сентябр, 13-то аст.
Дар байни хабарҳои дигари топ-15, боло рафтани арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, андешаи роҳбари шабакаи Korzinka.uz Зафар Ҳошимова дар бораи ташаккули нархи гӯшт ва таҳлили лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи таъминот бо гармӣ» ҳастанд, ки баҳсҳои зиёдеро дар байни шаҳрвандон ба вуҷуд оварданд.
Тамоми мавод ба забони русӣ, дар қолаби матолиби иттилоотӣ навишта шудаанд.
Рейтинги маводҳҳои аз ҳама бештар хондашуда ва муҳокимашуда — рубрикаи доимии мо мебошад. Дар бораи маъмултаринҳо дар моҳи июл, метавонед дар ин ҷо бихонед.