ДомойНақди РасонаӣМикроволновкаҳои ҷопонӣ ва суқути ҳавопаймо дар Индонезия: Далелсанҷҳои тоҷик чӣ меҷӯянд?

Микроволновкаҳои ҷопонӣ ва суқути ҳавопаймо дар Индонезия: Далелсанҷҳои тоҷик чӣ меҷӯянд?

Далелсанҷӣ дар Тоҷикистон ба наздикӣ пайдо шуда, ба тамоюли хеле муд табдил ёфааст ва бисёр мутахассисони ВАО кушиш мекунанд, ки худро дар ин самт бисанҷанд. Бозори расонаҳо аз се манбаъ иборат аст, ки асосан ба далелсанҷӣ машғул ҳастанд  ва мо қарор додем, бубинем, ки  онҳо чиро таҳқиқ мекунанд.

“Дар Ҷопон то охири сол тамоми микроволновкаҳо нобуд карда мешаванд”, -иттилоъ медиҳад сомонаи Factcheck.tj, ки самти асосии фаолияташ санҷиши маълумот мебошад. Далелсанҷҳои тоҷик ба таври муфассал шарҳ медиҳанд, ки мавзуи микроволновка ин фейк аст. Онҳо, албатта, сабаби интихоби ин мавзӯъро бо хоҳиши аудиторияи  шубҳакунандаи  шабакаҳои иҷтимоӣ рабт медиҳанд, аммо қиссаи микроволновкаҳои ҷопонӣ ба фазои расонаҳои Тоҷикистон бе ин ҳам мувофиқат намекунад.

Муҳокимаи навбатӣ ба Ангела Меркел бахшида шудааст, ки гӯё мусалмонони Олмонро аз пардохти андозҳо дар моҳи Рамазон озод кардааст. Хонандаи тоҷикро, ки ҳар сол аз болоравии нархи маводи озуқа дар моҳи Рамазон хашмгин аст, далелсанҷ ором карда, итминон дод, ки канслери Олмон ҳеҷ гуна андозҳоро бекор накардааст. Дар як тафтишоти дигар, далелсанҷҳо муайян карданд, ки хабар дар бораи марги ҳунарпешаи силсилафилми “Ҳазрати Юсуф” фейк будаааст, инчунин гузориш доданд, ки дар суқути ҳавопаймо дар Индонезия касе зинда намондааст, ҳарчанд овозаҳое буданд, ки гӯё кӯдаки се сола наҷот ёфтааст.

Дар омади гап, мақолаҳое низ ҳастанд, ки ба расонаҳои тоҷикӣ рабт доранд: масалан, чанде пеш хабар доданд, ки 64 кӯдак аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд, аммо муаллиф санҷид ва муайян кард, ки  на  64  , балки 84  нафар  будаанд.

Ин манбаъ инчунин бюллетени коғазӣ бо номи «ДАЛЕЛСАНҶ» дорад, ки муҳтавои ҳамон нусхаи электронист ва ҳамон мавзуъҳоро такрор мекунад.

Гузашта аз ин, дар ибтидо ин манбаъ кори худро нағз шуруъ кард дар байни матолиби аввал санҷиши изҳороти сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии кишвар Қудратулло Қурбонов дар бораи он ҳаст, ки мушкилии норасоии ҷои кор дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва радди он, ки интернети тоҷик индекси Ҷаҳонии Speedtest-ро барои суръат арзёбӣ кардааст. Аммо дар оғози соли ҷорӣ сомонаи Factcheck.tj матни рузноманигорони тоҷикро дар бораи он, ки оё марде дар Ҳиндустон дум дорад ё не таҳқиқ кард, ва дигир шуруъ шуд.

Далелсанҷҳоро бо интихоби мавзӯъҳо ва бо далели ҷавон буданашон (сайт ҳатто яксола нест) метавон хурдагирӣ накард, аммо чи гуна амал карданро, онҳо алакай медонанд; ва дуввум ин, ки бисёр вақт дар Тоҷикистон, пас аз оғози хуб, лоиҳаҳо дар тӯли як-ду моҳ заъиф шудан мегирад. Албатта ,чунин гардиши рӯйдодҳоро бо далелсанҷӣ дар Тоҷикистон дидан намехостем.

Об аз куҷо меояд?

Умуман, далелсанҷӣ дар Тоҷикистон падидаи воқеан хеле нав аст ва ҳоло дар бозор се манбаъ вуҷуд дорад, ки ба ин самт бахшида шудаанд. Ҳамаи онҳо аз якдигар бо фарқияти якчанд моҳ дар соли гузашта пайдо шуданд.

Инҳо сомонаи Factcheck.tj, ки қаблан дар боло зикр шуд, бюллетени коғазӣ ва манбаи Rushnoi.org, портале бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошанд, ки ҳадафи  ойиномавиаш «баланд бардоштани саводнокии расонаӣ» аст.

Дар бораи одамони думдор Rushnoi.org наменависад. Дар ин сомона тафтиши изҳоротҳои хеле муфид ва ҷолиб вуҷуд дорад, бигузор аз ҷониби мансабдорони рус бошанд ҳам , вале мустақиман бо аудиторияи Тоҷикистон рабт доранд. Масалан, муаллифон ҳикояҳои даҳшатоварро оид ба интиқоли ҷангиёни ДОИШ аз Афғонистон ба Тоҷикистон таҳлил карданд, ки аксаран коршиносони Русия  бо ин қиссаҳо мардумро метарсонанд.   Табиист ки ба хулосае омаданд, ки ин қиссаҳо аз воқеъият дуранд. Ё онҳо маълум карданд, ки  “садҳо нафар марзбонони тоҷик ҳангоми хизмат намемиранд”, чунон ки Владимир Жириновский  тасдиқ менамояд  ва на ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст оварда метавонанд, чи гунае ки РБК хабар медиҳад.

Илова бар ин, муаллифони ин манбаъ бо матнҳои аслӣ, ки ба самти нав дар Тоҷикистон бахшида шудааст, кор мекунанд ва  дар бораи чӣ гуна дуруст кор кардан ва далелсанҷӣ ба чӣ маъно аст, нақл мекунанд. Гузашта аз ин, коршиносони онҳо на ҳамеша аз кори далелсанҷҳо  изҳори хушнудии қаноатбахш мекунад. Масалан, Иззатманди Саломиён, рӯзноманигор, ки китоби Александр Гороховский «Далелсанҷӣ ҳамчун тамоюли таҳқиқоти журналистӣ: имконот ва дурнамо» –ро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст,- мегӯяд, ки дар Тоҷикистон далелсанҷӣ ҳоло ҳам рушд накардааст. Аммо хоҳиш мекунад, ки «рушди далелсанҷиро  дар Тоҷикистон бо кишварҳое мисли  Қирғизистон ва Қазоқистон муқоиса накунанд, зеро дар ин кишварҳо изҳороти мансабдорони баландпоя зиёд аст.»

Бо ин гуфтаҳо баҳс кардан албатта, душвор аст, зеро мансабдорони тоҷик воқеан бо маҳорати суханварӣ фарқ намекунанд, аммо баъзан аз  изҳороти онҳо  ҳам чизи аҷибе пайдо кардан мумкин аст. Бахусус агар  шабакаҳои  телевизионии давлатиро тамошо кунед.

ВАО чӣ кор мекунанд?

Дар аввали тобистон, ба Тоҷикистон  раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ташриф овард ва дар тамоми шабакаҳои давлатии Тоҷикистон сюжете паҳн шуд, ки дар он духтарон бо либоси атлас мансабдори аврупоиро пешвоз гирифта, ба зери пойҳои ӯ баргҳои гули садбарг мепартофтанд. Сипас,  барандаи телевизиони маҳаллӣ суханони ӯро бо забони тоҷикӣ иқтибос овард: «Дар ҳақиқат халқи тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра орзуяшро доранд!» Ба дурустии ин тарҷума дарҳол Радиои Озодӣ шубҳа карда, дар ин бора як матни пурра омода кард. Албатта, онро далелсанҷии классикӣ номидан душвор аст, аммо интихоби мавзӯъ ва абзорҳое, ки муаллиф истифода кардааст, ба ин формат хеле наздиканд.

Дар шакли тоза, дар васоити ахбори оммаи Тоҷикистон далелсанҷӣ вуҷуд надорад; ҳеҷ кас бахши махсусро барои ин формат боз накардааст ва тафтишот ба таври қатъӣ тибқи он гузаронида намешавад. Аммо, вақте ки Азия Плюс озмуни «Фошкунандаи фейкҳо»-ро соли гузашта баргузор кард, ғолибон муҳтавои хеле хуб пешниҳод карда буданд. Масалан, яке аз далелсанҷҳо сухани коршиноси русро рад кард, ки гуфта буд: «маблағи умумии қарзҳои Тоҷикистон эҳтимолан ба 300 миллиард доллар, ки аз ҷониби клуби Париж дода шудааст, баробар аст». Дигаре исбот кард, ки акси террористи гумонбаршуда аз Тоҷикистон, ки гӯё дар анҷом додани таркиш дар бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск гумонбар шудааст, дар асл ба хонандаи рэп, ки  чечен аст, тааллуқ дорад ва ҳеҷ кас мардуми тоҷикро дар ин ҳамла гумонбар намекунад.

Мутаассифона, редаксияи мазкур ҳамкориро бо далелсанҷхо  дигар идома надод. Гарчанде  изҳороти ҷолиб ва гуногунҷабҳаро дар Тоҷикистон зиёд пайдо кардан мумкин аст. Дар ин росто, рӯзноманигорони мо, мутаассифона, бо сабабҳои гуногун бисёр чизҳоро аз даст медиҳанд ва аксаран изҳороти беарзишро паҳн мекунанд. Далелсанҷҳои тоҷик метавонанд аз болои ин кор кунанд. Мавод дар ин мавзӯъҳо назар ба қиссаи микроволновкаҳои ҷопонӣ метавонанд рейтингҳои баландтарро ишғол кунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ