ДомойХудомӯзБа аудиторияи худ чӣ гуна бояд мактуб навишт?

Ба аудиторияи худ чӣ гуна бояд мактуб навишт?

Александр Поливанов, яке аз таҳиягарони хабарномаии машҳури Вечерняя Медуза, директори расонаҳои Sports.ru ба “НР” гуфт, ки чаро ӯ бояд ба аудиторияаш нома нависад, ин чӣ қадар вақт мегирад ва худаш дар кадом хабарномаҳо обуна аст.

Александр яке аз созандагони хабарномаи (рассылка) машҳури “Вечерняя Медуза” буд, ки соли 2015 пайдо шуд ва ҳоло 80K муштарӣ дорад. Вай мегӯяд, ки чаҳор сол пеш чунин ба назар мерасид, ки фиристодани паёми электронӣ барои наслҳои калонсол аст, зеро ҳамаи ҷавонон аз паёмҳои фаврӣ истифода мекунанд ва онҳо ба почтаи электронӣ танҳо барои сабти ном дар хадамоти гуногун ниёз доранд. Дар асл маълум шуд,ки чунин нест.

-Хабарномаҳои муаллифӣ аз соли 2011 рӯ ба афзоиш ниҳодаанд ва ҳамон замон е маълум шуд, ки 98% корбарони Интернет дар Амрико дорои почтаи электронӣ ҳастанд; 58% — рӯзи худро бо санҷиши паёмдони почтаи электронӣ оғоз мекунанд. Аз ин рӯ, ирсоли хабарномаи муаллифӣ тавассути почтаи электронӣ воситаи муҳиме барои ҳамкориҳои ВАО бо мухотабонаш  шудааст ва   имкон медиҳад, ки бо забони шахсӣ сӯҳбат кунед; номаҳо, гӯё  махсус барои  хонанда офарида шудаанд ”,-мегӯяд Поливанов

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ почтаи электронӣ дар байни корбарон он қадар маъмул нест. Масалан, дар пажӯҳиши «Истеъмоли расонаҳо дар Тоҷикистон», ки тобистони соли 2019 нашр шудааст, танҳо 7% мусоҳибон гуфтаанд, ки аз почтаи электронӣ истифода мебаранд (аз 2446 нафар 182 нафар). Худи ҳамин рақам дар тадқиқоти соли 2018 ҳам нишон дода шуда буд.

— Бозорро надониста, ман омода нестам, ки маслиҳат диҳам, аммо дар ҳар сурат — қобилияти бо хонанда бо забони маҳрамона ва бо этимод суҳбат кардан, на тавре ки бо дигарон сӯҳбат мекунед, метавонад дар дигар соҳаҳо ба кор ояд. Масалан, «Вечерная Медуза» танҳо хабарномаи муаллифӣ нест, ҳамзамон канали Telegram ҳам мебошад, ки ҳамон принсипи муоширатро истифода мебарад -шарҳ медиҳад коршинос.

Омода кардани хабарнома чӣ қадар вақт мегирад?

Поливанов мегӯяд, ки тартиб додани хабарнома вақти зиёдро талаб намекунад.

— Вақте ки мо “Веченяя Медуза” -ро нашр кардем, мо онро дар форматҳои гуногун месохтем, масалан, мо Веченяя Медуза” дар қолаби назм ҳам доштем, ки албатта вақти зиёдтар лозим буд — тақрибан 5-6 соат. Аммо агар ин хабарномаи маъмулӣ бошад, пас ман худам рузона матолиби асосиеро қайд менамудам, ки дар сомона ворид шудаанд, онҳоро ҷамъварӣ намуда, мураттаб месохтам ва барои ин тахминан як соат сарф мешуд”, — мегӯяд Александр.

Дар давомиа сол корбарон  230  хабарномаи муаллифии «Вечерняя Медуза»-ро мегиранд. Дар саросарии олам бошад аудитория  аз расонаҳо 300 млрд нома мегирад.

Оё метавон бо истифода аз хабарнома аудиторияи васеъро фаро гирифт?

Поливанов мегӯяд, ки дар хабарномаҳо на фарогирӣ, ки маҳдуд аст, балки афзоиши ядрои мухотабон муҳимтар аст.

— Дар ҷаҳони Ғарб, агар хабарнома 100 ҳазор хонанда ҷамъ оварад, муваффақият ҳисобида мешавад. Дар Русия як хабарномаи хуб ба ҳисоби миёна 40 ҳазор муштарӣ дорад. Аммо, ҳатто агар одамон обуна шаванд ҳам, маънии онро надорад, ки ҳамаи онҳо мехонанд: стандарти ВАО — тақрибан 22 %-и корбарон матлабро кушода ва мехонанд, хонандагони хабарномаи «The Bell» 40 % -ро ташкил медиҳад. Аммо маҳз ҳамин миқдор маҳаки сифати аудитория аст. Онҳо барои хондани хабарнома чанд маротиба зиёдтар назар ба сомона вақт сарф мекунанд. Ва ин ҳамон ядрои асосии аудитория аст, ки шумо метавонед бо он кор кунед, —  аудиторияест, ки ба расонаҳо эътимоди бештар дорад. Умуман, хабарномаҳои муаллифӣ ва подкастҳо аз як силсилаанд. «Бисёр одамон подкастҳоро гӯш намекунанд, аммо сатҳи то охир гӯш кардани подкастҳо ҳолати ғайриоддӣ аст», — мегӯяд Поливанов.

Ҳамин тариқ, се афзалияти асосии хабарномаҳо — аудиторияи содиқ – ҷомеаи расонаӣ дар атрофи ВАО ва сатҳи пасти вуруд, ва се камбудии асосӣ — спам, хастагӣ дар байни хонандагон ва сақфи паст.

Чӣ тавр барои хабарномҳои муаллифӣ аудитория ҷамъ овардан  метавон?

Роҳҳои гуногуни ҷамъоварӣ мавҷуданд.

— Масалан, дар сайти Meduza мо як маъракаи таблиғотии фаъолро анҷом додем. Пас аз ҳар як мавод бахше мавҷуд буд, ки мо дар бораи «кӯтоҳтарин рӯзномаи ҳаррӯза дар ҷаҳон» сӯҳбат мекардем, ки он «Вечерняя Медуза» буд. Баъзе нашрияҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамоаҳо эҷод мекунанд, ки дар он метавон дӯстони худро даъват кард ва хабарҳои асосиро  муҳокима кард, баъзеҳо аз mikrotargeting истифода мебарад. Аммо роҳи муҳимтарин «радиои сарфанӣ» (муоширати ғайрирасмии даҳонӣ) аст. Одамон, агар хоҳанд, ба якдигар номаҳо мефиристанд. Ғайр аз он, шумо метавонед онҳоро барангезед, яъне барои муштариёни нав мукофотпулӣ ва имтиёзҳоро пешниҳод кунед «, — мегӯяд Поливанов.

Боз як бартарии ноаёни паёмнависӣ, новобаста аз сомона, имконияти муошират кардан бо аудитоияи худ аст. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки сомонаҳои номатлуб ё шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам баста мешаванд, ба туфайли ин канал шумо метавонед бо корбарони худ ҳамеша дар тамос бошед.

Поливанов ба кадом расона обуна аст?

Vox Media

Quartz Daily

Quartz Obsession

The Skimm

NYT Daily

Вечерняя Медуза

Expreso

The Bell

Sports.ru

Ведомости

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ