ДомойХудомӯзЧӣ гуна метавон Telegram -канали муваффақ сохт?

Чӣ гуна метавон Telegram -канали муваффақ сохт?

Дар ин  бора нуқтаҳои асосиро аз вебинари рӯзноманигори рус Юлия Загитова, муаллифи  Telegram-канали машҳур барои мутахассисони ВАО бо номи  Breaking Trends (17.5K) меоварем.

Тelegram чист?

Он мессенҷерест,ки Павел Дуров барои муошират бо бародараш сохта буд. Дар аввал ду корбар буд, баъдан  бо шомил шудани  барноманависон ва гикҳо (ҳирфавиён ва ҳа водорони ашаддӣ) тавсиа ёфт ва чанде пас дар он журналистон низ пайдо шуданд. Вақте  Telegram дар Русия масдуд шуд,боиси таваҷҷуҳи ҳамагон гардид.

Ҳоло аудиторияи ин мессенҷер 200 миллион нафар аст, аз ҷумла як миллион ботҳои фаъол, яъне барномаҳои махсус, ки ба воситаи онҳо метавон ҳам муошират ва ҳам маълумот ҷамъ кард. Панҷ кишваре, ки дар онҳо Telegram маъмул аст, ба тартиби зеранд: дар ҷои аввал Эрон (22,19%), дар ҷои дуюм Русия (11,75%), пас Бразилия (6,61%), Италия — 5,92% ва ИМА — 5,43%.

Фаъолтарин аудиторияи  ин мессенҷер корбаронони аз 25 то 34 сола (38%) ва аз 18 то 26 сола (27%) мебошанд. Аз ҳама камтар ба Telegram аудиторияи ҷавонони аз 12 то 17-сола (танҳо 6,5%) мароқ зоҳир мекунад. Аз моҳи апрели соли 2018 то апрели соли 2019 фурӯши мол тавассути Telegram дар Русия 593% афзоиш ёфтааст. Дар айни ҳол, тавассути  ин мессенҷер нисбат ба дигар мессенҷерҳо  бештар  мехаранд.

Падидаи истисноии Telegram дар чист?

Дар фарқият аз таблиғоти азияткунанда ва фишоровар,масалан, дар Instagram, корбарони Telegram нисбат ба таблиғот ороманд, зеро онҳо  таблиғотро пай намебаранд ; таблиғот дар ин мессенҷер,  ба гунаи як тавсияи дӯстона аст. Дар айни замон, Telegram мессенҷерест, ки аз ҳама зиёд ба фуруш меравад: сари ҳар  як корбар 2,5 муомила рост мояд, ҳол он ки, ин таносуб барои як корбар дар Whatsap — 0,7  ва  дар Viber — 0,4  аст.

Давраҳое буд, ки ЖЖ дар рунет хеле маъмул буд, сипас майдонҳои зиёд пайдо шуданд ва ЖЖ нопадид шуд. Аммо дар Telegram имконияти эҷоди каналҳои шахсии муаллифӣ пайдо шуд, чунки ниёз ба  журналистикаи андеша ва блогҳо боқӣ мондааст. Корбарон на танҳо дар бораи ҳама чиз сӯҳбат мекунанд, балки мавқеи худро низ нишон медиҳанд, корбарони дигар онҳоро пайравӣ мекунанд. Гузашта аз ин, алгоритмҳо Telegram-ро “фуруъ” набрудаанд: агар мо блогеро дар Instagram, ВК ё Facebook пеш барем, дер ё зуд ин майдонҳо  пул талаб мекунанд ва шартҳои худро  мегузоранд.

Ҳоло дар Telegram рақобати озод аст; танҳо чизе, ки муаллифони каналҳо бо он мубориза мебаранд, ҷамъоварӣ дар бойгонӣ мебошад, ки онро Дуров илова карда буд ва ин конверсияро аз байн бурд. Канал ба партовгоҳ меафтад, ва агар вориди он шавед ва бубинед,  миллионҳо паёмҳои нохонда пайдо  мекунед. Аз ин рӯ, муаллиф бояд корбари худро ҷазб кунад ва диққати ӯро нигоҳ дорад, то ки ӯ худаш каналро пайгирӣ кунад.

Дар Телеграм чӣ меҷӯянд?

Каналҳои  маъмултарини Telegram чунинанд:

Хабарӣ 80%;

Хабарҳои соҳавӣ  48%;

Каналҳои  сиёсӣ 45%;

Каналҳои  фароғатӣ 54%;

Каналҳои  таълимӣ 58%;

Каналҳои  блогнависон 38%;

Каналҳои даркнет 13%;

Каналҳои хусусӣ 10%;

Каналҳои дӯстон 39%.

Ҳоло шумораи зиёди бачаҳо аз насли Z омадаанд ва онҳо аудиторияро ба Телеграм интиқол доданд, каналҳои онҳо ба 300 ҳазор расидааст. Telegram дорои каналҳои анонимӣ ва ғайрианонимӣ аст; канали хизматрасонӣ вуҷуд дорад, мисли агрегатори ахбор бидуни муаллиф. Ба каналҳои муаллифдор, ки он ҷо аксҳои худро пост мекунад, одамон барои овоз ва назар меоянд, инсайтҳо низ ҳастанд – каналҳои сиёсии бо иттилооти  пинҳонӣ ба даст омада.

Барои сохтани канал дар Telegram  идеяи хуб  муҳим аст. Идеяи Breaking News  сарфа кардани вақт барои мутахассисони соҳаи расонаҳост, ки ҳамеша аз он танқисӣ мекашанд; муаллиф ҳар рӯз тақрибан 40 манбаи мухталиф, аз ҷумла ғарбӣ ва осиёиро пайгирӣ мекунад ва паёмҳоеро, ки дар бораи тамоюлҳои муҳими расонаӣ дар ҷаҳон ҳастанд, интихоб мекунад, то дар бораи онҳо ба аудиторияи худ нақл кунад.

Ҳангоми сохтани канал дар Telegram, бояд ба логотип диққати зиёд дод: дар  логотип барои муаллифон ҷои чандон зиёд  вуҷуд надорад, аз ин ру логотип  бояд бе калимаҳо зиёдатӣ, возеҳ ва шинохташаванда бошад, то ки  дар лента намоён бошаду  муштарӣ бо як назар дарк кунад, ки ранги сурх,  канали шумост. Беҳтараш логотипро  ба мутахассисон фармоиш дод, нархаш начандон гарон аст, масалан, нархи логотипи Breaking News, се ҳазор рубл аст.

Дар Telegram чӣ гуна бояд навишт?

Бояд хуб  ва  ҳар рӯз навишт. Агар вақт надоред беҳтараш дар Telegram канали худро накушоед. Албатта, шарт нест, ки дар як рӯз  миллион пост гузоред, танҳо се ё чаҳор пост кифоя аст. Шабона навиштан лозим нест, зеро корбарони Telegram аз соати даҳи саҳар то шаши бегоҳ фаъоланд; агар чизи эксклюзивӣ бошад, пас дери дер то соати 10-11-и бегоҳ бинависед.

Барои пешбурди каналатон сараввал бояд китобчаи телефониро гирифта, 200 нафарро ворид кунед, чун  инро  қоидаҳои мессенҷер  иҷозат  медиҳанд. Сипас контенти ҷолиб эҷод кардан , эксклюзив додан , аз пиар дар байни ҳамдигар истифода кардан (бо каналҳои дӯстон) ва  таблиғотро маблағгузорӣ кардан.

Фоидаи тақрибии муаллифони каналҳои русӣ дар Telegram:

То панҷ ҳазор муштарӣ — дар як моҳ 35-45 ҳазор рубл;

10 ҳазор муштарӣ — 50-100 ҳазор рубл;

40 ҳазор муштарӣ — 100-200 ҳазор рубл;

То 100 ҳазор — 200-400 ҳазор.

Бузургтарин норасоиии Telegram  набудани матлабҳои таҳлилӣ аст, аммо ду сомона вуҷуд доранд, ки  ба пайгирӣ намудан имконият медиҳанд. Онҳо сомонаҳои: https://telemetr.me/ ва https://tgstat.ru/ ҳастанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ