ДомойМедиалентаАфсонаҳои аудиоӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва шуғнонӣ дар Душанбе нашр шуданд

Афсонаҳои аудиоӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва шуғнонӣ дар Душанбе нашр шуданд

Ҳунарпешаҳои маъруфи тоҷик   бо забони давлатӣ ва забони шуғнонӣ тақрибан  тули дуюним соат  ба кудакон афсона нақл мекунанд. Дар муколамаи қаҳрамонҳои афсона лаҳҷаҳои маҳаллӣ хуб шунида мешаванд ва агар  қаҳрамони афсона аз  Хуҷанд  ё аз Кӯлоб бошад, шунаванда дарҳол инро пай мебарад. Муаллифи ин идея-ҳунарпешаи шинохта Фируз Сабзалиев мегӯяд, ки агар баъди солиёни зиёд ин афсонаҳоро бишнаванд, метавонанд барои худ тасаввур кунанд, ки забони тоҷикии  он рузҳо  чи гуна будааст.

Фируз Сабзалиевро дар Тоҷикистон хуб мешиносанд: ҳануз дар соли 1991, ӯ яке аз нақшҳои асосиро дар филми машҳури даврони шӯравӣ — «Братан», бозидааст. Он рӯзҳо, охирин рӯзҳои тиллоии  синамои тоҷик буданд. Ин филм барои он замон хеле дурахшон буд ва аз ин рӯ, ҳамзамон  бо нақши  офаридаи Фирузи ҷавон хеле хуб дар хотири мардум мондааст. Гузашта аз ин, филми «Братан»-ро Бахтиёр Худойназаров таҳия кардааст, ки барои ӯ ҳам дебют ва ҳам  филми пешазохирин дар ватанаш буд. Албатта, баъдан филми «Падари моҳтобии ман», низ буд, ки  Бахтиёр барои  нақшофарӣ дар  он  Чолпан Хоматоваро ба Тоҷикистон овард, аммо ин аллакай филми русӣ буд ва Бахтиёр Худойназаров  коргардони рус. Фирӯз низ, ки бо ӯ то охирин рӯзҳои ҳаёташ, то соли  2015 кор кардааст, ҳунарманди рус шуд. Дурустараш: ҳамчун ҳунарманди рус шинохта мешавад, аммо воқеан дар чанд кишвар — Россия, Тоҷикистон ва  Қазоқистон зиндагӣ мекунад, яъен  ба куҷое, ки ба кор даъват кунанд- ба онҷо меравад. Дуруст аст, ки барои ӯ то чанде қабл дар Тоҷикистон кор кардан имконият набуд.

— Намедонам, ба кадом  сабабҳое ман дар Тоҷикистон кор намекунам, маро даъват намекунанд,  ба гумон шарм медоранд. Фикр мекунанд, ки ман мутахассиси гаронбаҳо ҳастам. Гарчанде  ман на ҳамеша ба пул таваҷҷӯҳ мекунам, -мегӯяд Фирӯз.

Аммо, ҳатто агар ӯро ба кор дар лоиҳаҳои маҳаллӣ даъват мекарданд, баъд аз ин қадар солҳои таҷриба дар хориҷ, ки барои Фирӯз ҳама шароит барои истеҳсоли филми хуб, фароҳам буд, дар шароити маҳдудиятҳои сахте, ки  синамогарони маҳаллӣ қарор доранд, барои ӯ  кор кардан осон намешуд.

— Ин ҷо пойгоҳи техникии мо заиф аст ва  шароит хоҳу нохоҳ  таъсирашро дар эҷодиёт  мегузорад. Ё  то дараҷае одами  идеалӣ  бояд буд, ё йога бояд машк кард, то ки ба  чизе эътибор надода, танҳо дар бораи эҷодиёт фикр кунед. На ҳама ин корро карда метавонанд. Бале, ҳатто худро чун шахсият аз даст додан мумкин аст: ба инаш таваҷҷуҳ накардан, аз вайяш чашм пушидан…, аммо мавқеи шаҳрвандиат. принсипҳоят куҷо мешавад? Аз ин рӯ, роҳи наҷоти шахсии ман, — рафтан аст. Онҷо одамонаш, муҳиташ дигар аст, ман мефаҳмам, ки  кӣ ҳастам ва чаро ин корро мекунам. Ин ба ман қувват мебахшад, ки зиндагӣ кунам,- мегӯяд Фирӯз.

«Вақте бори аввал гуфтори помириро дар филм шунидам, ман  худамро гум кардам»

Фирӯз дар Хоруғ таваллуд шудааст ва мегӯяд, ки  мактаби миёнаро бо забони русӣ хатм кардааст, забони тоҷикиро хуб медонад, аммо шуғнониро забони модариаш мешуморад. Ин забон зери хатари нобудшавист ва дар якҷоягӣ бо ҳашт забони дигари помирӣ  ба руйхати «Атласи забонҳое, ки дар ҳолати нобудшавӣ қарор доранд» дохил мешавад, ки  онро ЮНЕСКО  дар соли 2017 тартиб додааст.  Ҳеҷ яке аз забонҳои помирӣ хат надорад, онҳо аз насл ба насл танҳо шифоҳӣ омада расидаанд ва дар асри ХХI  дар ҳолати начандон хуб қарор доранд.

— Барои зинда мондани забони шуғнонӣ тарсу ҳаросе нест, агар қаблан ҳеҷ гуна шароит набуд – гаҷетҳо набуд, Интернет набуд, аммо тавонистем онро ҳифз кунем. Ва ҳоло ҳам ҳифз карда метавонем, танҳо худамон  ҳам бояд ягон кор кунем, -мегӯяд Фируз.

Чанд сол пеш, ӯ ба содогузории филмҳои тасвирӣ ва бадеии шӯравӣ бо забони шуғнонӣ шурӯъ кард. Ин идеяро духтари калониаш пешниҳод кард: онҳо филми сесерягии шӯравии «Аввалин субҳи ҷавонӣ» -ро тамошо мекарданд, ки сюжети он дар Помир ба вуқуъ меояд ва духтараш  изҳори ҳайрат мекунад, ки чаро либосҳо, табиат, зиндагӣ ҳама помирӣ ҳастанд, аммо забон — не.

— Баъд мо матнро тарҷума кардем, онро хондем, садоҳои табииро гузоштем ва ман якчанд порчаро ба Давлат Худоназаров (коргардони филм — аз муҳаррир) барои дидан фиристодам. Вай гуфт, ки агар дар ҳамин шакл бошад, пас  аз ман як дуои хайр —  метавонед идома диҳед. Ва мо қисми аввалро бо як нафас иҷро кардем; қисми дуввумро оғоз кардем, ки одамони алоқаманд ва маблағи кофӣ барои ҳар се қисм пайдо шуд, сипас мо зернависҳоро бо замони англисӣ гузоштем. Баъд филми Мотил- «Фарзандони Помир»-ро тарҷума кардем ва  дафъатан хоҳише пайдо шуд, ки  он чизеро тарҷума кунем, ки ба  сокинони Помир наздиктар аст. Аммо чунин филмҳо каманд, аз ин рӯ, мо ба аниматсия гузаштем, ба садо додани филмҳои тасвирии шӯравӣ. Барои он ки мардум аз шунидани гуфтори помирӣ дар кинотеатр шарм накунанд. Мефаҳмед, забонҳои помирӣ дар ягон ҷо нестанд ва вақте бори аввал дар филм гуфтори помириро шунидам, ман  дастпоча шудам. Забони модарӣ мисли оҳанрабост,- ба хотир меорад Фирӯз.

Пас аз кор бо филмҳои тасвирӣ, Фирӯз дарк мекунад, ки акунан худаш бояд ягон чиз эҷод кунад, аммо сохтани филм ё филми аниматсионӣ маблағи хеле зиёдро талаб мекунад. Он гоҳ идеяи эҷод кардани китобчаи аудиоӣ иборат аз афсонаҳо пайдо мешавад. Фирӯз маҷмӯи афсонаҳои халқҳои Помир нашри соли 1976- ро пайдо карда онро мехонад, аммо қарор медиҳад, ки ин афсонаҳоро ба кӯдакон нақл намекунад.

— Хуб, онҳо каме сахтанд, дар онҳо ҳама чиз табиӣ аст, ҳэпи эндҳояш кам аст, онҳо бештар барои калонсолонанд. Тааҷҷубовар аст, ки ин афсонаҳоро мутахассисони бузург аз Маскаву Ленинград гирд овардаанд. Онҳо ба деҳаҳои дурдаст сафар карда, ин афсонаҳоро аз забони пиразанҳои солхурда,  сабт кардаанд. Ҳар як афсона дар худ номи одамеро дорад, ки онро нақл кардааст. Афсонаҳои олӣ, аммо на барои кӯдакон, -мегӯяд Фирӯз.

Ҳикояҳои воқеан бачагона  аз китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» — пайдо шуданд, ки соли 1975 ба табъ расидааст. Идеяи ҳикоя кардани ин афсонаҳоро дар шакли аудиоӣ Фирӯз ба озмун барои истеҳсоли контети ватанӣ, ки онро Интернюс дар Тоҷикистон эълон карда буд равон кард ва яке аз ғолибон шуд. Дуруст аст, ки аъзои комиссияи интихоб ба Фируз тавсия доданд, ки афсонаҳоро ба забони тоҷикӣ  бо тарҷума ба забони шуғнонӣ сабт кунад, то  ки аудиторияи лоиҳа васеътар бошад.

— Албатта, ман зид набудам, ман ҳатто мехостам дар маҷмӯаи афсонаҳо қиссаҳоро аз минтақаҳои гуногун ва лаҳҷаҳои мухталиф дохил кунам, то ки мо ҳамдигарро хубтар бидонем. Аслан, мо маҳз ҳамин корро кардем — муколамаҳо дар афсонаҳои мо бо лаҳҷаҳо, суханони муаллиф бо забони давлатӣ сабт шудаанд. Мушкил буд, аммо ба мо зарур буд, ки ҳама чизро дар сатҳи лозима анҷом диҳем, зеро ин аввалин афсонаҳои аудиоӣ бо забони тоҷикӣ аст, -мегӯяд Фирӯз.

-Дар натиҷа, лоиҳа тақрибан панҷ моҳ тӯл кашид ва бо иштироки 30 ҳунарпеша 15 афсона сабт кардем; танҳо як ҳикояи 20-дақиқаӣ аз ҷониби 11 актёри касбӣ садобандӣ гардид. Фирӯз мегӯяд, ки барои кӯдакони муосир китобҳоии аудиоӣ хеле дастрасанд ва барои он ки онҳо ба адабиёт шавқманд бошанд,  бояд онро дар шаклҳои дигар, форматҳои мувофиқтар ҷойгир кард. Ғайр аз ин,  мегӯяд, ки ӯ зуд-зуд бо тоҷиконе муошират мекунад, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд ва  аксарашон дар кишварҳои гуногун бо оилаҳояшон зиндагӣ мекунанд ва ҳама аз он метарсанд, ки фарзандонашон забони модарии худро фаромӯш мекунанд. Яке аз роҳҳои пешгирии ин омил  метавонад афсонаҳо бо забони модарӣ бошад.

— Умедворам, ки китоби аудиоии мо оғози эҷоди адабиёт бо забони тоҷикӣ дар шакли аудио хоҳад буд, — мегӯяд муаллифи лоиҳа.

Ҳадафи озмуни Интернюс, ки Фирӯз дар он ғолиб гардид, дастгирии контенти босифат дар Тоҷикистон: тавассути барномаҳои телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, таҳқиқоти журналистӣ ва дигар лоиҳаҳо мебошад. Дар озмуни аввал 31 лоиҳа ширкат намуданд; панҷ нафари онҳо, аз ҷумла эҷоди аввалин китоби аудиоӣ ғолиб омаданд. Ҳоло марҳилаи дуюми озмун идома дорад, ки ба он 64 дархост пешниҳод  шудааст. Дар умум гузаронидан 5 озмун дар ин мавзуи дастгирии контенти ватанӣ  дар назар аст.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ