Собиқ раҳбари дафтари «Радиои Озодӣ» – Ниссо Расулова дар бораи чӣ тавр нақл кардани достонҳои дорои симои инсонӣ, ки барои аудиторияи васеъ ҷолибанд, дар вебинари махсуси Интернюс дар Тоҷикистон барои рӯзноманигорон ва блогнависон бо забони тоҷикӣ қисса кард.
Ҳунари бо забони сода нақл кардани қиссаҳои одамон ва тавассути қаҳрамонон нишон додани муҳити воқеӣ – яке аз тамоюлҳои асоси журналистика аст, ки муаллифони муваффақ дар тамоми олам ва аз ҷумла дар “Радиои Озодӣ” ҳам мухбирон истифода мебаранд. Рӯзноманигор Ниссо Расулова ин дафтарро 2,5 сол сарварӣ кард ва дар ин муддат даҳҳо шахсиятҳои нодирро пайдо кардаву дар бораашон қиссаҳои аҷиберо ҳикоя кардааст.
Дар ҷараёни вебинар аз фаъолияти худ Ниссо Расулова чанд маслиҳати муфид барои рӯзноманигор гуфт:
Чӣ гуна як ҳикояи ҷолибро ба аудитория нақл кард?
Дар ҳаёти имрӯзаи мо қаҳрамонон зиёд ва саргузашти ҳар яки онҳо нодир аст. Барои маводи омода кардаи рӯзноманигорро аудитория қабул кунад, онро тарзе пешниҳод кард, ки натанҳо бихонанду бубинанд – балки эҳсос кунанд. Нахуст барои ҳикояи ҷолибро пешниҳод кардан, қаҳрамони ҳикояро дарёфт кардан лозим аст. Вале феълан тамоми ҷаҳон дар ҳолати пандемияи коронавирус буда, барои пешгирӣ аз ин беморӣ, ҳама аз он ҷумла рӯзноманигорон низ аз хона — онлайн фаъолият мебаранд. Дарёфт кардани қаҳрамонон ин муддат мушкилӣ эҷод мекунад.
Дар ин ҳолат қаҳрамонро аз куҷо дарёфт кардан мумкин аст?
Ин вақт рӯзноманигор аз шабакаи интернет, махсус аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода кунад. Ӯ дар торнома доимо фаъол бошад ва бо одамон сӯҳбат кардаву аз онҳо маълумот гирифта тавонад. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ оне, ки дар кишвари мо бештар корбар дорад, рӯзноманигор саҳифаи худро дошта бошад. Барои мисол активистони ҷомеаи шаҳрвандии мо дар шабакаҳои:
— Одноклассники;
— Facebook;
— Instagram – фаъоланд;
— Телеграм.
Қаҳрамони ҳикоя чӣ гуна бошад?
Ҳангоми интихоби қаҳрамон рӯзноманигор бештар на ба маъруфиаш балки ба шахсияти ӯ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Муҳим он, ки худи қаҳрамони ҳикоя ва ё ягон амали ӯ намунаи ибрат барои дигарон аст.
Вақти интихоби қаҳрамон ба оддӣ ва аз миёни халқ будан ва ё зиндагии мушкил доштанаш аҳамият додан зарур аст.
Чӣ гуна байни қаҳрамон ва рӯзноманигор алоқа барқарор кард?
Дар ҷомеаи мо мардум аз камера ва рӯзноманигор дар ҳаросанд. Инро ҳангоме, ки рӯзноманигор дар кӯчаҳои шаҳр пурсиш миёни аҳолӣ доир мекунад, фаҳмидан мумкин аст. Вақте наворбардору рӯзноманигор бо пешниҳоди суол наздик мешаванд, мардум зуд худро мепӯшонанд ё дур мешаванд.
Барои барқарори муносибати хуб бо қаҳрамон, рӯзноманигорро мебояд, ки ӯро биомӯзад. Дар борааш бипурсад, бо наздиконаш ва ё худаш дӯстона суҳбат кунад. Хулқу рафтор, тарзи суханрониву ақидаҳои қаҳрамонашро дарк кунад. Филми мустанади “Бибиҷон” – дар таҳияи рӯзноманигорон Ниссо Расулова ва Таҳмина Ҳакимова, ки як зани одии кучарӯб қаҳрамони ҳазорон одамон шуд, намунаи хуби муносибати рӯзноманигору қаҳрамон аст. Барои хуб ошноӣ ёфтан бо қаҳрамон, таҳиягарони филм якчанд рӯз бо қаҳрамони филм ба кор мерафтанду то шом бо ӯ дар хонааш буданд. Тавре мегӯянд – “Рӯзноманигорро пойҳояш нон медиҳанд”.
Муносибати техникӣ ба омодасозии мавзуъ ва қисса
Барои пешниҳоди қисса матн низ роли муҳимро мебозад. Ҳангоми пешниҳоди матн рӯзноманигор ба ин паҳлӯҳо бояд аҳамият диҳад:
— Кӯтоҳбаёнӣ;
— Пурмазмун;
— Барои чӣ шахси интихобшуда “қаҳрамон?”;
— Хислатҳои шавқовари қаҳрамон;
Аз ҷиҳати техникӣ бошад, ба таҷҳизоти баландсифат. Вале ҳангоми интихоби наворбардор, рӯзноманигорро мебояд, ки ба диди назари ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Чун кадрҳои олӣ танҳо бо техникаи баландсифат не, балки ба диди наворбардор алоқаманд аст. Барои мисол, дар филми ҳуҷҷатии “Бибиҷон” танҳо як камераву як сепоя истифода бурда шудааст.
Вақти танзим кардани мавод рӯзноманигор, наворбардор ва танзимгар монанди як оила нишаста, кадрҳоро ҷобаҷогузорӣ бикунанд. Зеро деталҳои кӯчак дар таҳияи қисса роли муҳимро мебозад.
Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.