ДомойМедиалентаДар Тоҷикистон филми мустанад дар бораи занҳои мардикорбозор ба навор гирифта шуд

Дар Тоҷикистон филми мустанад дар бораи занҳои мардикорбозор ба навор гирифта шуд

Ҳоло гӯшаки мобилии Маҳпора Киромова – муаллифи филми мустанад ором намегирад: тамошобинон занг мезананд ва кӯмаки худро ба қаҳрамон-занони қисса пешниҳод мекунанд. Қаҳрамонони қисса се зан аз як шаҳраки ҷануби Тоҷикистонанд, ки ҳамарӯза ба мардикор-бозор хизматрасонии худро пешниҳод карда, барои зиндагӣ маблағ кор мекунанд. Ба хизматрасонии онҳо шустани фарш, тоза кардани ҷӯякҳои боғ, бурда расонидани рег ва ғайра дохил мешаванд.

Калимаи “мардикор” дар Тоҷикистон бештар дар ибораи “мардикор-бозор” истифода бурда мешавад ва ҳар як тоҷикистонӣ бо ин калима ошно аст. Мардикор — бозор маконест, ки аслан дар шоҳроҳ ҷойгир буда, дар он ҷо одамон хизматрасонии худро пешниҳод мекунанд: рассомон, электрикҳо, устоҳо… Фармоишгар меояд ва маблағи корро муайян карда, мардикорро ба кор мебарад. Одатан дар чунин бозорҳо мардон хизматрасонии худро пешниҳод мекарданд. Вале чанд соли охир дар Бохтар мардикор-бозори занона пайдо шудааст. Ду сол пеш дар доираи лоиҳаи «Салом, соседи», ки Маҳпора Киромова роҳбарӣ мекард, дар бораи занони мардикор-бозор кэпшн-навор омода карда шуда буд. Вале ҳамаи эҳсосотро дар навори як дақиқагӣ ҷой дода нашуд. Баъдан тӯли чанд муддат он эҳсосот аз Маҳпора дур нашуд ва ӯ тасмим гирифт, ки филми мустанад дар бораи занҳои мардикори Бохтар сабт хоҳад кард. То ин вақт Маҳпора таҷрибаи сабт кардани филми мустанад ва барои сабт маблағи зарурӣ надошт. Пас аз эълони озмуни грантии Internews оид ба истеҳсоли муҳтавои ватанӣ, бори нахуст Маҳпора идеяи худро пешниҳод кард. Идеяи ӯ аз тарафи ҳакамон пазируфта ва яке аз ғолибон дониста шуд.

Сабти филм дар вақте оғоз ёфта буд, ки дар Тоҷикистон пандемияи COVID-19 ба қайд гирифта нашуда, вале беморхонаҳои кишвар пур аз беморони пневмония буданд. Нахуст Маҳпора барои ошноӣ бо муҳит ба шаҳри Бохтар меравад ва се қаҳрамон барои ба навор гирифтани филм дарёфт мекунад.

-Вақте бо ҳамроҳии Парвиз Турсунзода наворбардор ва ҳаммуаллифи филм барои наворгирӣ омадем, ду қаҳрамон аз додани мусоҳиба даст кашиданд. Сабаби ин тарс аз шавҳару писаронашон буд, ки намехостанд онҳоро дар экран бубинад. Ин “занҳои тоҷик” ҳастанд. Азобу дард мекашанд вале хомӯширо ихтиёр мекунанд, — гуфт Маҳпора.

Боздоштани сабт даҳшатнок буд. Чун  пандемия рӯз аз рӯз бадтар мешуд ва  сабаби кӯчак сабти лоиҳаро ба чанд моҳи оянда гузошта метавонист. Ин дар ҳолест, ки як қаҳрамони филм – Орзугул омода буд, ки ӯро сабт кунанд. Ва ба навор гирифтани филм  оғоз шуд. Дар филм қиссаи Орзугул аз ҳама охир нақл карда мешавад. Вале ба навор гирифтани филм маҳз аз ӯ оғоз ёфтааст.

Ҳангоми сабт

Орзугул қариб 6-сол аст, ки дар мардикор-бозор мебарояд. Шавҳараш аз ӯ рафтааст, маълумоти олӣ надорад. Баъзан вақт тамоми рӯз дар интизори фармоишгар мемонад ва баъзан вақт барояш муяссар меояд, ки каме барои хӯрокворӣ маблағ ба даст биёрад. Аз рӯйи сужа Орзугул 30 – сомонӣ маблағ ба даст меорад ва бо Алиҷон фарзанди 6-солааш барои харид ба мағоза мераванд. Дар роҳ Орзугул ба писараш Алиҷон пешниҳод мекунад, ки ширинӣ барояш мехарад.Чун имрӯз 30 сомонӣ маблағ кор кардааст. Алиҷон аз мағозаи сари роҳ банан ва яхмос мехарад, ки ба ин 5-сомонӣ маблағ сарф мешавад. Ба 25-сомони боқимонда тухм, шакар, нон ва “Роллтон” харидорӣ мекунанд.

-Мо ба Орзугул гуфтем: ба монанди зиндагии ҳамарӯзаатон рафтор кунед. Гӯё мо нестем ва шумо ба монанди ҳаррӯза аз пайи корҳоятон ҳастед. Орзугул моро хуб дарк кард. Вале Алиҷон зиёд сӯҳбат мекард. Мо мусоҳиба мегирифтем вале ӯ хомӯш намеистод. Дар ин вақт ман ба ӯ кор пешниҳод кардам: “агар зиёд сӯҳбат накуниву ором бошӣ, ба ту гонорар хоҳам дод”. Ӯ розӣ шуд. Каме хомӯш истод ва пас аз чанд лаҳза савол дод: “Кори ман ба итмом расид?”, – мегӯяд Маҳпора Киромова.

Рӯзи дуюм Орзугул  яке аз дугонаҳояш, ки Зулфия ном дораду дар мардикор-бозори занона мебаромад, вохӯрд.

-Ин зан дар назди дарвоза нишаста буд. Орзугул моро ба ӯ шинос кард. Маълум шуд, ки тӯли чанд рӯз Зулфия бемор аст ва ба кор набаромадааст. Бояд гуфт, ки ман аз аввал қарор дода будам, ки  ба қаҳрамононам барои иштирокашон маблағ медиҳам. Чун вақти онҳо – маблағ аст. Ва ман наметавонам, ки пеши роҳи онҳоро бигирам ва аз ризқи рӯзашон ҷудо кунам. Вақте дар ин бора ба Зулфия гуфтем, ӯ ба зудӣ розӣ шуд. Барои он, ки чанд муддат ба кор набаромда ва маблағ ҳам надошт. Аввал ман каме шубҳа кардам. Вақте ба хонаи Зулфия расидем, духтаронаш Фотима ва Зуҳро давон ба пешвози мо баромаданд. Он вақт дарк кардам, ки ӯ қаҳрамони ман аст. Ман дар нақша чунин кадр доштам: субҳи барвақт, тиреза, кӯдакони хобрафта, — қисса кард Маҳпора.

Рӯзи дигар ба навор гирифтани Зулфияро оғоз карданд: Маҳпора ва Парвиз субҳи барвақт, тақрибан соати 5 ба хонаи Зулфия омаданд, ки ҳам тиреза ва ҳам кӯдакони хобрафта барои ба навор гирифтан омода буданд. Вале худи Зулфия шаби дароз аз табъи баланд ва беморӣ азият кашида буд. Барои ҳамин ҷараёни сабт бо фосила сурат мегирифт. Вақте Маҳпора хоҳиш кард, ки барои кӯдаконаш Зулфия субҳона омода кунад, ӯ саросемавор ва  ғамгинона иқрор шуд, ки аз сабаби чанд рӯз ба кор набаромаданаш чизе дар хона вуҷуд надорад.

-Субҳи барвақт, соат 5. Дӯконҳо кор намекунанд ва ман ҳам сабтро ба таъхир гузошта наметавонам. Ҷадвали корӣ бисёр маҳдуд аст. Дар ин вақт ман ба Орзугул занг задам ва хоҳиш кардам, ки  чанд дона  тухме, ки рӯзи гузашта харидорӣ карда буд бо нон биёрад. Орзугул хоҳиши маро иҷро кард, мегӯяд Маҳпора.

Ҳунармандони беҳтарини филм Фотима ва Зӯҳро шуданд. Ҳарчанд ба духтарон фаҳмониданд, ки ин нақш асту имрӯз модарашон ба кор намеравад, нақш бозида истодааст,  вақте дарро Зулфия аз берун мепӯшаду гӯё ба кор меравад, Фотима ва Зӯҳро ашк мерезанд. Онҳо ба чунин эҳсосот одат кардаанд. Чун ҳамарӯза модарашонро ба кор гусел мекунанд ва омадани ӯ  танҳо дар хона интизораш мемонанд.

Пас аз ба поён расидани сабт Маҳпора хеле дилгир шуд. Барои он, ки қаҳрамони сеюм лозим буд. Худи ин вақт қаҳрамони сеюм худ ба пеши Маҳпора омад: Гулова Бибизиёда, модари панҷ фарзанд ва яке аз он занҳое, ки дар мардикор – бозор ризқу рузӣ мекобад ва ба маблағ ниёз дорад.

-Мо тасмим гирифтем, ки Бибизиёдаро дар ҷараёни кор сабт кунем. Чун ӯ вақти холӣ надошт. Субҳи барвақт мо ба бозор омадем ва Бибизиёда фармоиш гирифт. Ҳамин гуна мо ӯро сабт кардем, нақл кард Маҳпора.

Сабт дар бозор на он қадар осон буд. Дар рӯ ба рӯи мардикор — бозори занона мардикор — бозори мардона ҷойгир аст. Мардонро хуш намеомад, ки занонро ба навор гиранд.

— Онҳо хеле хашмгин шуда, вокуниши шадид нишон медоданд. Фарёд мезаданд: “Барои чӣ омадед?” “Аз шумо ҳеҷ фоидае нест?” “Шумо ягон мушкилиро ҳал намекунед?”. Ва он вақт ба онҳо ман ҷавоб гардонидам, ки ҳалли мушкилот вазифаи рӯзноманигор нест. Мушкилоти онҳоро бояд кумитаи тадорукот ҳал кунад. Ба ин гуфтаи ман онҳо ҷавоб гардониданд, ки мақомоти маҳаллӣ онҳоро гӯш намекунанд,-мегӯяд Маҳпора.

Ҳамин ки сабти мо ба поён расид Бибизиёда ба маблағи ба даст овардааш,  ба тези барои хариди орд рафт. Ӯ вақти зиёд надошт, ки сӯҳбатро идома диҳем.

Намоиши филми мустанад

Дар умум Маҳпора ва Парвиз 5-рӯз дар шаҳри Бохтар буданд. Субҳи барвақт кори онҳо оғоз ёфта то шаб идома меёфт. Пас аз чанд рӯзи баргаштани онҳо ба Душанбе, дар кишвар расман пайдо шудани бемории коронавирусро тасдиқ карданд. Кулли одамон дар ҳолати дар  хона мондан қарор гирифтанд. Давоми як моҳ Маҳпора ва Парвиз филмро бе саросемагӣ танзим карданд. Маҳпора қарор дод, ки филмро дар саҳифаи лоиҳаи худ — “180-градус” ва шабакаҳои иҷтимоии он  мегузорад. Ин лоиҳа се сол пеш ба фаъолият шуруъ карда буд. Вале аз сабаби кори асосиаш (Маҳпора хабарнигори АИ “Азия Плюс”) наонқадар аҳамият барои ин лоиҳа медод.

-Ин лоиҳа саҳифаи худро дар YouTube надошт ва ман хостам, ки саҳифаи ҷадид кушоям. Ин вақт ҳамкорам Парвиз гуфт: “Медони чӣ гуна мушкил аст, дар ютюб  пеш бурдани саҳифа. Он ҷо Фейсбук нест. Вақту кори зиёдро талаб мекунад”. Ин вақт дар хотирам зад, ки ман ҳам як саҳифа доштам дар ютюб ва 6-ҳазор обуначӣ дорад. 8-сол пеш Зебо Тоҷибоева ( собиқ иҷрокунандаи роҳбари ГР “Азия Плюс” ) вожакалиди саҳифаи ютюби “Азия Плюс”-ро фаромӯш карда буд. Баъдан аз ман хоҳиш кард, ки як наворро ба саҳифаам гузорам. Наворе, ки гузоштам 3,5 миллион тамошобин ва 6 -ҳазор обуначӣ ҷамъ кард. Гарчанде он навор дигар дар саҳифаам нест, вале муштариён боқӣ мондаанд”, мегӯяд Маҳпора.

Охири ҳафтаи гузашта, Маҳпора филми мустанади худро таҳти унвони “Мардикор” дар саҳифааш гузошт ва тамошобинон беист ба ӯ занг мезаданд.

-Ҳар лаҳза одамон менавиштанд ва мехостанд, ки ба онҳо кӯмак кунанд. Пас аз нашри филм ҳамкоронам аз “Азия-Плюс” бо ҳам тӯҳфаҳо харидорӣ карда, ба дидани он занони мардикор рафтанд. Барои мисол ба Алиҷон дучархаи нав хариданд ва тӯҳфа карданд. Гарчанде дар филм наомадааст, ки Алиҷон дучарха мехост,  ҳангоми сӯҳбат фақат дар бораи дучарха мегуфт, қайд кард Маҳпора.

Аз таҷрибаи фаъолияти касбиаш Маҳпора ин гуна аксуламалро интизор буд. Чун мардуми тоҷик бисёр меҳрубонанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дида мешавад, ки агар касе дар бораи ҳолати вазнини ягон оила бинависад бевосита аз ҳолати буҷаашон ҳар кас кӯмаки худро мерасонанд. Ба ин кӯмакҳо нигоҳ накарда, Маҳпора интизор аст, ки дар ҳаёти қаҳрамононаш тағйироти ҷиддӣ ба амал ояд. Ва мақомоти маҳаллӣ дарди дили онҳоро гӯш мекунад.

— Рости бояд ин гуна набошад. Ҳоло солҳои 90-ум нест. Ман дар зиндагӣ боре ҳам гушна намондаам. Вақте фарзанди авваламро таваллуд кардам, шири ман хуб намеомад ва  эҳсосе, ки фарзандам гушна мемонад маро ором намегузошт. Қаҳрамонони ман бошанд, ҳар рӯз бо ин гуна эҳсосот ҳаёт ба сар мебаранд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Тарҷумаи — Нурангез Рустамзода

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ