Аз 14 шабакаи телевизиони давлатии Тоҷикистон 11-тои он ва аз 15 шабакаи телевизиони мустақили кишвар 13-тои он YouTube-канали худро таъсис додаанд. Аммо дар пасманзари ин нишондиҳандаҳои хуби миқдорӣ чӣ гуна мушкилоти сифатӣ ниҳон аст ва оё мубриза барои ба даст овардани дили муштариёни шабакаҳои телевизионӣ дар муҳити тоҷикии YouTube чӣ навъ сурат мегирад? Мо кӯшиш кардем, то дар ин матлаб ба ин масъалаҳо андаке бошад ҳам, рӯшноӣ андозем.
Шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ ва YouTube
Телевизиони Тоҷикистон дар миёни дигар шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ, на танҳо яке аз аввалинҳо шуда YouTube-канали худро таъсис додааст, балки дар ин шабака бештар аз ҳама — 1540 видео гузоштааст. Дар муддати қариб 5 соли фаъолияти шабакаи ютубӣ аз ин видеоҳо беш аз 20 миллион маротиба боздид кардаанд. Албатта, ин рақамҳо дар қиёс бо ҳамин гуна нишондиҳандаҳои шабакаҳои дигари телевизионии давлатӣ дар муҳити тоҷикии YouTube хеле муассир ба назар мерасанд, вале на аз он беш. Шабакаи мазкур ҳоло 20,7 ҳазор нафар муштарӣ дорад. Бино ба маълумоти Social Blade, сомонае, ки омор ва таҳлили як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла YouTube-ро анҷом медиҳад, теъдоди муштариёни ин шабака тӯли қариб як соли охир умуман тағйир наёфта, дар як сатҳ қарор дорад.
Дар шабакаи мазкур феҳристҳои пахши гуногун таҳия шудаанд, ки вазифаи онҳо то ҳадде мусоидат ба дарёфти осони матлаби зарурӣ барои муштариён аст. Муҳимтарин феҳристҳои пахши ин шабака — “Ахбори Тоҷикистон. Имрӯз” бо фарогирии 477 видео, “Сюжетҳои Ахбор” (316 видео), “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (148 видео), “Новости Таджикистана” (94 видео) ва ғайра мебошанд, вале бояд ба назар гирифт, ки дар бисёр мавридҳо ҳамон як видео имкон дорад дар ду ё се феҳристи пахш ҷой гирифта бошад. Бо вуҷуди он, ки шабакаи аввали кишвар – Телевизиони Тоҷикистон имкониятҳои хеле фаровони эҷодӣ, техникӣ ва молиявӣ дорад, ба назар мерасад, ки ба кори шабакаи ютубии худ чандон ҷиддӣ таваҷҷуҳ намекунад. Аз ин лиҳоз шабакаро бидуни дарназардошти як низоми муайян бо муҳтаво пурра мекунанд ва ин кор аҳён аҳён ва шояд мувофиқи табъи масъули ин шабака сурат мегирад.
Масалан, дар рӯзи боздиди мо аз ин шабака, яъне 7 июл, тозатарин матлаби дар канал дар таърихи 22 июн гузошта шуда, “Имкониятҳои содиротии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ” унвон дорад. Ин як барномаи нимсоатаи мукаммали телевизионӣ буда, аз номаш пайдост, ки чӣ масъалаҳоро баррасӣ хоҳад кард. Дар таърихи 3 июн боз як матлаб бо номи “Расонидани маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ / Ахбори Точикистон”, ки аз хусуси дастрасии кӯмакҳои тиббӣ ба хотири мубориза бо COVID19 нақл мекунад, дар шабака ҷо дода шудааст; ҳамагӣ ду мавод дар як моҳ.
Аслан дар ин шабака моҳе аз 2-3 то 5 -7 мавод гузошта мешавад. Ҳарчанд сюжетҳои ахбори ҷиноӣ ва ҳам саҳифаи вижаи “Ахбори ВКД. Сипар” ҳамчун як як феҳристи алоҳидаи пахш ишора нашудаанд, аммо ингуна гузоришҳо ва барномаи номбурда аз сербинандатарин матлабҳои шабакаи мазкур дониста мешаванд. Аз ҷумла, гузориши “Рашки зан боиси марги шавҳар гардид” аз пурбинандатарин матлаби шабакаи Телевизиони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар давоми қариб як соли баъди нашр онро зиёда аз 636 ҳазор маротиба тамошо кардаанд. Дар ҳамин ҳол аз моҳи марти соли ҷорӣ боз як шабакаи марбут ба Телевизиони Тоҷикистон бо номи Ахбори Телевизиони Тоҷикистон дар YouTube фаъолияташро оғоз бахшидааст, ки асосан гузоришҳои хабариро барои муштариёни худ манзур менамояд.
https://www.youtube.com/watch?v=2juBWAuOGCk
Телевизиони фарҳангии Сафина аз дуюмин маъруфтарин шабакаи телевизиони давлатӣ ба ҳисоб меравад ва ин шабака низ намояндагии худро дар YouTube эҷод кардааст. Бори охир ин шабака YouTube-канали худро аз таърихи 3 апрели соли 2018 ба қайд гирифтааст ва то рӯзи дидори мо аз он дар ин ҷо 566 видео ҷойгир карда буданд. ТВ Сафина оморро дар бораи муштариёнаш пинҳон медорад. Аммо аз бозбинии видеоҳои шабака маълум мешавад, ки муштириёнаш хеле кам аст. Дар давоми беш аз 2 соли таъсисиёбии ин шабака ҳамаи видеоҳои онро маҷмӯан қариб 300 ҳазор маротиба тамошо кардаанду халос. Ин шабака низ ба назар мерасад, ки ба YouTube-канали худ бепарво аст ва ба ташаккули муҳтавои шабакаи худ эътибори ҷиддӣ намедиҳад. Бо вуҷуди ин дар шабакаи мазкур феҳристҳои пахш, аз ҷумла таҳти унвони “Барномаҳо”, “Навид”, “Консертҳо”, “Қадамҷо” ва ғайра таъсис гардида, муҳтавои шабака табақабандӣ шудаанд. Барномаи “Қадамҷо. Зафар Нозимов” аз пурбинандатарин видеоҳои ин шабака ба ҳисоб меравад. Онро дар зарфи 2 сол ҳамагӣ каме бештар аз 31 ҳазор маротиба тамошо кардаанд.
Шабакаҳои дигари телевизиони давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Телевизиони наврасону кӯдакони “Баҳористон” , Телевизиони “Синамо” , ТМТ “Шаҳнавоз” низ дар вақтҳои гуногун намояндагии худро дар YouTube таъсис додаанд. Аммо ин шабакаҳо ё ғайрифаъоланд, ё фаъол бошанд ҳам, муштарии зиёд надоранд. Ин 4 шабака дар якҷоягӣ дар ютуб-каналҳои худ 747 видео гузоштаанд, ки маҷмуан муштариёни ҳамаи ин шабакаҳо аз ин видеоҳо 351 ҳазор маротиба боздид кардаанд. Барои муқоиса, дур намеравем ва мисолро боз ҳам аз шабакаи Телевизиони Тоҷикистон мегирем. Як видеои пурбинандатарини ин шабакаро онқадар тамошо кардаанд, ки он қариб ду баробар бештар аз нишондиҳандаи тамошои умумии видеоҳои ин 4 шабакаи дигари телевизионҳои давлатӣ аст…
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин 4 шабакаи минтақавии телевизиони давлатӣ, аз ҷумла Телевизиони Бадахшон, ТВ Суғд, ТВ Кӯлоб ва ТВ Хатлон фаъолият мебаранд. Ду сол муқаддам Телевизиони Хатлон шабакаи худро таъсис дода, бо пешниҳоди ҳамагӣ 5 видео дар он кори худро иктифо кардааст ва ҳоло ин шабака фаъол нест. Моҳи майи соли ҷорӣ телевизиони Бадахшон низ шабакаи худро дар YouTube бо номи Badakhshon TV таъсис дод, ки дар он 20 видео гузошта шудааст ва аксари онҳо ба масъалаҳои COVID19 ва ҳисоботи кӯмакҳои башардӯстона ба вилоят бахшида шудаанд.
Аслан бо истифода аз номи ТВ Хатлон ва ТВ Бадахшон дар муҳити тоҷикии YouTube боз чандин шабакаҳои дигар фаъолият доранд ва маълум нест, ки онҳо ба шабакаҳои телевизионии ин вилоятҳо чӣ иртиботе доранд. ТВ Суғд ва ТВ Кӯлоб шабакаҳои худро дар YouTube надоранд.
Дар ниҳояти ин қисмати тафсир таваҷҷуҳи хонандагони гиромиро ба як нукта ҷалб мекунем, ки он ба телевизиони Варзиш дахл дорад, ки яке аз муваффақтарин шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аст. Варзиш ТВ ҳамчунин YouTube-канали комёб ва ҷолибро низ эҷод кардааст.
Бешак, аз рӯи хусусият шабакаҳои варзишӣ ҳамеша ҳаводорону муштариёни зиёд доранд ва ин табиист. Аз ин лиҳоз дар миёни телевизионҳои давлатии кишвар шабакаи Варзиш ТВ дар YouTube бештар аз ҳама — наздик ба 100 ҳазор нафар муштарӣ дорад. Ҳоло дар ин шабака ҳафтае 6-8 видео гузошта мешавад. Дар давоми зиёда аз 4 соли фаъолияти он дар шабакаи мазкур 945 видео аз ҷумла, видеои гузоришҳои гуногуни хабарӣ аз чорабиниҳои мухталифи варзишӣ, инчунин анонси барномаҳои телевизионӣ қабл аз пахш, сабти барномаҳои маъруфи ин телевизион аз қабили “90 дақиқа” (шарҳи бозиҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон), “Як гузориш” (бахшида ба қаҳрамониҳои варзишии варзишгарони тоҷик), “Иртибот” (дар барномаи мустақим масъалаҳои мухталифи ҳаёти варзишии кишвар баррасӣ мешавад), чанд барномаи муаллифӣ, аз ҷумла барномаи “Фатҳ”, гузоришҳо аз ҷараёни мусобиқоти гуногуни варзишӣ ва ғайра ҷой дода шудаанд. Сербинандатарин видеои ин шабака гузориши телевизионӣ таҳти унвони “Намоиши аввалин автобуси дар Тоҷикистон истеҳсолкардашуда” мебошад, ки давоми як сол онро беш 330 ҳазор маротиба тамошор кардаанд.
Дар Шабакаи YouTube ҳамчунин боз як телевизиони дигари варзишӣ “Футбол” намояндагӣ дорад ва ин шабака беш аз 9 ҳазор нафар муштариро ба ҳам овардааст. Дар шабакаи мазкур 41 видеои бозиҳои футболи Лигаи олӣ ва Лигаи якуми Тоҷикистон, ҳамчунин бозиҳои сатҳи байналмилалии мунтахаби кишвар ҷой дода шудаанд.
Ҷойгоҳи телевизионҳои мутақили Тоҷикистон дар YouTube
Барои телевизионҳои мустақили кишвар низ нимаи даҳсолаи дуюми қарни 21 оғози фаъолияти густурда дар шабакаи YouTube гардидааст ва ба назар чунин мерасад, ки як телевизиони кӯчаки маҳаллӣ воқеъ дар ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо номи ТВ Ғӯлакандоз тасмим гирифтааст, то дар ин кор пешдаст бошад. Дар миёни шабакаҳои телевизионҳои мустақили кишвар ҳоло ин телвизион воқеан ҳам ба натичаҳои чашмрасу қобили таваҷҷуҳ ноил шудааст. Ин ширкати телевизионӣ шабакаашро дар YouTube 18 марти соли 2015 таъсис додааст ва ҳоло 74,4 ҳазор нафар муштарӣ дорад. Дар ин шабака 392 видео гузошта шудааст. Иддае аз ин видеоҳо клипу консертҳо буда, як теъдоди дигари онҳо гузоришҳои телевизионие ҳастанд, ки ба масъалаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии маҳал дахл доранд.
Бояд зикр кард, ки чӣ видеоҳои консертӣ ва чӣ гузоришҳои рӯзноманигорони телевизион таваҷҷуҳи муштариёни зиёди шабакаро ба худ ҷалб кардааст. Пурбинандатарин видеои ин шабака “Смуглянка” ном дорад, ки дар давоми каме бештар аз 2 сол онро зиёда аз 6,3 миллион бор тамошо карда, 135 ҳазор нафар ба ин видео лайк мондаанд. Беш аз 15,3 ҳазор нафар дар зери ин видео шарҳ гузоштаанд, ки айни замон ин ҳам яке аз нишондиҳандаҳои нодири муҳити тоҷикии YouTube аст.
Умуман дар зарфи беш аз 5 сол аз тамоми видеои ин шабака беш аз 16,8 миллион бор тамошо кардаанд. На танҳо барномаҳои консертӣ, балкти гузоришҳои рузноманигорони телевизион низ аз ҷониби муштариён хеле хуш истиқбол мешавад. Масалан, таҳти унвони “Новости Дж. Расулов” (айнан оварда шудааст), санаи 5 май гузориш аз натиҷаҳои офати табиӣ, яъне селборон ва харобкориҳои он дар Исфанасой нашр шудааст. Ин видеоро дар зарфи 2 моҳ беш аз 207 ҳазор нафар тамошо карда, онро 1300 нафар лайк мондаанд ва зери ин матлаб зиёда аз 480 нафар шарҳ гузоштаанд. Телевизиони Ғӯлакандоз давоми ҳафта тақрибан ҳар рӯз дар шабакаи хеш видеоҳои нав мегузорад, ки аксари онҳо аз рӯйдодҳои тозатарини маҳал хабар медиҳанд.
Телевизиони “Мавҷи озод” яке аз аввалин ширкатҳои мустақили телевизионии кишвар ба ҳисоб меравад , ки фаъолияташро дар ноҳияи Восеъ ба роҳ мондааст. Ин телевизион шабакаи худро дар YouTube бо номи Мавҷи озод 30 январи соли 2016 таъсис додааст. То ба ҳол шабака 16,5 ҳазор муштарӣ дорад ва дар ин шабака 1162 видео ҷой дода шудааст. Як хусусияти вижаи ин YouTube – канал дар он аст, ки видеои барномаи консертӣ ё клипи ин ё он ҳунарманд дар ин ҷо гузошта нашудааст ва тамоми муҳтавои шабакаи мазкур аз барномаю гузоришҳои рӯзноманигорӣ иборат аст.
Аз рӯи ҷуғрофиё телевизон на фақат руйдодҳои ноҳияи Восеъ, балки ноҳияҳои ҳамшафати он Фархор ва Ҳамадониро низ инъикос мекунад. Барнома ва гузоришҳои видеоии шабакаи Мавҷи озод дар YouTube бештар ба проблемаҳои мухталифи ҳаёти деҳот бахшида шудаанд.
Дар ин шабака як қатор силсилагузоришҳои ҷолиб низ гузошта шудаанд, ки писанди муштариёни ин телевизион аст. Аз ҷумла, дар силсилабарномаҳо таҳти унвони “Оилаи солим – ҷомеаи солим” масъалаҳои танзими оила, мактаб ва оила, кӯдакони ятим, серфарзандӣ ва ғайра баррасӣ шудаанд. Зимни баррасии масъалаи “Оила, хукук ва ухдадории он” аз тақдири Лайли ва Маҷнуни асри нав, аниқтараш Қаҳҳори ҳулбукӣ ва Иродаи хоразмӣ (Ӯзбекистон) қисса мешавад, ки чигуна ишқу муҳаббат ин ду нафарро ба бунёди оилаи тифоқ водор кардааст. Силсилабарноимаҳои “Лӯлиҳо”, ки аз 7 қисмат иборат аст ба ҳаёт, урфу одат ва анъана, тарзи зисти лӯлиҳо, ки дар қаламрави вилояти Хатлон низ ба сар мебаранд, бахшида шудааст. Яке аз омилҳои дар миёни муштариён маъруфият пайдо кардани ин шабака низ ба он иртибот дорад, ки дар давоми ҳафта дар шабака аз 4 то 6-7 видеои нав гузошта мешавад.
Дар муҳити тоҷикии YouTube инчунин шабакаи ширкатҳои телевизионии мустақили ТВ Регар (бо 8,2 ҳазор нафар муштарӣ), ТВ Диёр (бо зиёда аз 5 ҳазор нафар муштарӣ), ТВ5 Конибодом (бо 4,2 ҳазор нафар муштарӣ) фаъолияти қобили мулоҳизаро анҷом медиҳанд.
Инчунин ҳамаи ширкатҳои мустақили телевизионӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла CM-1, ТРК Танин, ТВ 7 Ситора, ТВ Исфара, ТВ Симо ва ТВ Панҷакент намояндагии худро дар YouTube таъсис додаанд. Баъзе аз ин шабакаҳо ин корро ба тозагӣ оғоз кардаанд ва баъзеи дигар ҳарчанд шабакаҳои худро барвақт эҷод карда бошанд ҳам, аммо аз сабаби нав накардани муҳтаво дар шабакаи хеш муштариёни зиёд надоранд. Инфографикаи зерин то андозае вазъи кунунии шабакаҳои телевизиониро дар муҳити тоҷикии YouTube ба намоиш мегузорад.
Дар ин қисмат низ мехостем, таваҷҷуҳи шуморо боз ба як нуктаи дигар ҷалб намоем. Ширкати телевизонии Азия, ки аз ҷумлаи куҳантарин ширкатҳои телевизионии мустақили кишвар ба ҳисоб меравад, низ шабакаи худро бо номи ТЕРРИТОРИЯ ЮМОРА ТРК АЗИЯ (айнан оварда шудааст) чор сол муқаддам таъсис додааст ва ҳоло бо доштани зиёда аз 61 ҳазор нафар муштарӣ ва ҷой додани наздик ба 230 адад видео яке аз шабакаҳои муваффақи муҳити тоҷикии YouTube. Аммо фаъолияти YouTube – канали ин ширкати телевизионӣ бо он фарқ мекунад, ки дар ин ҷо танҳо тарҳҳои вежаи телевизионӣ, аз ҷумла Қаламрави ҳаҷв, ки тарҳи хеле машҳури ширкати телевизион ва радиои “Азия” ба ҳисоб меравад, ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин бобат маълумоти муфассалро дар ин ҷо дарёбед.
Боз як ҷузъиёти муҳим, тибқи маълумоти Social Blade дар давоми моҳҳои май-июни соли ҷорӣ шабакаҳои телевизионҳои мустақили кишвар барои ҷалби бештари муштариён талошҳои зиёд карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Масалан, шабакаи ТВ Ғӯлакандоз дар миёни тамоми YouTube-каналҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар 24,6 ҳазор нафар муштариашро афзуда, дар ҳамин ҳол теъдоди тамошои умумии муҳтавои видеоҳои канал низ қариб 3,9 миллион маротиба зиёд шудааст:
Чунин ба назар мерасад, дар ҳоле, ки телевизионҳои мустақили кишвар барои ҷалби бештари муштариён ба шабакаҳои ютубии худ даст задаанд, шабакаҳои телевизиони давлатӣ бо ин, ки имконият ва захираҳои бештар доранд, ҳанӯз аз онҳо ба таври бояду шояд истифода намекунанд. Аз сӯи дигар ширкатҳои хурдаки маҳаллии телевизионии мустақил ҳам аз нигоҳи захираҳои кадрӣ ва ҳам молию техникӣ то андозае маҳдудиятҳо доранд. Гоҳо дар ингуна ширкатҳо ҳамагӣ 3 ё 4 нафар кор мекунанд, аммо ҳоло баъзе аз ин дастаҳои кӯчак тавоноии онро доранд, ки дар муҳити YouTube бо ширкатҳои бузурги телевизионии кишвар дар рақобат бошад.
Аз сӯи дигар сиёсати барномарезии шабакаҳои телевизиони давлатӣ дар YouTube аз фаъолияти офлайнии онҳо комилан фарқ дорад. То вақте, ки барномаҳо интихобӣ ва ғайриҳадафмандона вобаста ба майли шахсони алоҳида гузошта мешаванд, ин шабакаҳо барои муштариён мо чандон ҷаззоб нахоҳанд шуд. Танҳо тағйири мавқеъ ва муносибат ба муҳтавои шабакаҳои ютубӣ метавонад, ки ҷойгоҳи телевизионҳои Тоҷикистонро дар муҳити тоҷикии YouTube тақвият бахшад.