60 рӯзноманигору блогнавис аз Осиёи Марказӣ аз рӯйи чор бахш ба даври ниҳоии озмуни II-юми минтақавии MediaCAMP Award 2020 роҳ ёфтанд.
Дар даври аввал маводҳои пешниҳодшуда аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон алоҳида баррасӣ карда шуданд. Дар даври навбатӣ иштирокчиёни даври ниҳоии ин панҷ кишвар бо ҳам рақобат мекунанд ва кори онҳоро ҳайати ҳакамони минтақавӣ баҳогузорӣ мекунанд. Ба ҳайати ҳакамони минтақавӣ — панҷ коршиноси мустақили ВАО, ки дорои таҷрибаи корӣ дар ВАО ва аз таҳияи мундариҷа шомиланд, дохил мешаванд. Раиси ҳакамон намояндаи Интернюс мебошад.
Ғолибони озмун 19-уми сентябр дар маросими MediaCAMP Fest 2020, эълон ва мукофотонида мешаванд.
Дар маҷмӯъ, барои ҷоизаи MediaCAMP Award 2020 дар чор бахш 282 мавод пешниҳод карда шудаанд:
“Ҳокимият ва ҷомеа”
“Вақти ёрӣ расонидан”
“Қаҳрамонони ҳамҷавор”
“Насли бидуни марз – вақти имкониятҳо”
Бахши панҷуми озмун — бахши махсус аст. Он «Объектив» ном дорад, ки дар ин бахш аксҳо қабул карда мешаванд ва ғолиб тавассути овоздиҳии интернетӣ дар сомонаи MediaCAMP Fest 2020 муайян карда мешавад. Ҳуҷҷатҳо барои ин бахш то 28 августи соли 2020 қабул карда мешаванд.
Қабули мавод барои чаҳор бахши дигар бошад рӯзи 31-уми июл хотима ёфта буд.
- Аз Қазоқистон – 70 дархост қабул шуд
- Аз Қирғизистон – 61
- Аз Тоҷикистон – 42 мавод
- Аз Туркманистон – 37
- Аз Ӯзбекистон – 72 мавод
Аз 282 мавод 201-тои он барои баррасӣ ба комиссияҳои миллии интихобӣ пешниҳод карда шуданд, ки қабл аз он ташкилкунандагони озмун интихоби техникӣ гузарониданд — дархостҳое, ки ба шартҳои озмун мувофиқат намекарданд, аз рӯйхати иштирокчиён хориҷ карда шуданд:
- кори ба озмун пешниҳодшуда дар давраи аз 1 -уми июли соли 2019 то 31 – юми майи соли 2020 нашр шуда бошад;
- ҳамон муаллиф ё ҳамон як расона метавонад дар ҳар як бахш танҳо як мавод пешниҳод кунад;
- маводҳои васоити ахбори хориҷӣ, ки қароргоҳашон берун аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ қарор дошта, аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд. Чун он васоити ахбори оммаи берун аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар барномаи MediaCAMP танҳо расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) шомил ҳастанд.
Агар худро дар рӯйхати иштирокчиёни ниҳоии озмун надидед, лутфан дархости худро дар озмун бори дигар бисанҷед. Шояд маводи шумо дар расонаҳои хориҷӣ чоп шуда бошад ё бо сабабҳои дигар мувофиқат накунад. Маводҳое, ки пеш аз мӯҳлати муқарраршуда, ё дертар баромадаанд, ба назар гирифта нашудаанд. Шумо метавонед дубора ба озмун дар соли 2021 пешниҳод кунед.
Комиссияҳои миллӣ дар ҳар як кишвар маводи номзадҳоро дар давоми 10-14 рӯз омӯхтанд ва аз рӯйи чор меъёр («Сифати мавод», «Хусусиятҳои визуалӣ ва техникӣ», «Риояи стандартҳои касбӣ», «Равиши эҷодӣ») баҳо доданд. Баъдан холҳо илова карда шуданд. Иштирокчиён метавонистанд аз ҳама зиёд 100 хол ва аз ҳама кам 20 хол гиранд.
Дар натиҷа иштирокчиёни даври ниҳоии MediaCAMP Award 2020 дар ҳар яке аз панҷ кишвар, муайян шуданд:
Тоҷикистон
Бахши «Ҳокимият ва ҷомеа»
- Гулнора Амиршоева, ширкати расонаии “Вечёрка”, филми мустанад дар бораи собиқ занони маҳбус;
- Ёдгор Исломбеков, муаллифи канала Iron King, мусоҳиба бо Каромат Шарипов;
- Абдулло Ғурбатӣ, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи набудани муҳити дастрас барои маъюбон.
Бахши «Вақти ёрӣ расонидан»
- Анна Мифтахова, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи ҳайвоноти хонагӣ;
- Алия Ҳамидуллина, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи кӯдакони дорои синдроми Дауна;
- Анушервон Шоймардонов, «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», мавод дар бораи аксияи «Барои кӯмак кардан, ба мо кӯмак кунед”.
Бахши «Қаҳрамонони ҳамҷавор»
- Уктам Ризоев, рӯзноманигор, лоиҳа дар бораи духтари дорои маъюбият;
- Нумон Умаров, ТВ5 Конибодом, сужа дар бораи одамони дорои маъюбият;
- Меҳрангез Турсунзода, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи табибоне, ки бар зидди COVID-19 мубориза бурданд.
Бахши «Насли бидуни марз – Вақти имкониятҳо»
- Манзума Назарбекова, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи духтароне, ки дар аробаҳои маъюбӣ мерақсанд;
- Тахмина Саидова, блогнавис, силсилаи мақолаҳо дар бораи баробарӣ;
- Мадина Саидошоева, рӯзноманигор, ҳикоя дар бораи духтари дорои маъюбият.
Қазоқистон
Бахши “Ҳокимият ва ҷомеа”
- Лукпан Ахмедяров и Раул Упоров, филми ҳуҷҷатии «Он сӯйи нафт» аз нашрияи «Уральская неделя».
- Жасин Бикенов бо маводи «Шалқарға апарар жол» («Хабар 24»).
- Алиса Масалёва, мавод дар бораи мушкилоти хушунати хонаводагӣ.
Бахши “Вақти ёрӣ расонидан”
- Умиша Нурбек Шинтемиули, маводи видеоӣ.
- Оксана Акулова, ки маводи «…Ва он вақт ман гиря кардам” -аш дар рӯзномаи «Время» ба чоп расид.
- Амангүл Ермеккизи бо маводи худ аз Qfm
Бахши “Қаҳрамонони ҳамҷавор”
- Дия Батенова, бо пешниҳоди маводи «Агенти тағйирёбии ҷаҳон аз Қазоқистон» .
- Айҷан Мадихоҷаева, мавод дар бораи он, ки чӣ гуна хонандагони мактаб ва донишҷӯён лоиҳаи омӯзишии худро месозанд.
- Акмарал Майкозова бо маводи худ, ки «Пустите на танцпол!» ном гирифтааст.
Бахши “Насли бидуни марз – Вақти имкониятҳо”
- Роза Аренова, ҳамоне, ки маводаш дар Informburo.kz чоп шудааст.
- Айнур Шошаева, ки маводи «Жетімдер тағдыры: «Тойымыз өткен соң алып кетеміз…» -ро пешниҳод кардааст.
- Людмила Калашникова бо ҳикояе, ки чӣ гуна фермери қазоқистонӣ чӯпонҳои одиро ронда, бо ин амал зиёд захира мекунад.
Қирғизистон
Бахши “Ҳокимият ва ҷомеа”
- Александра Ли и Метин Ҷумагулов, бо пешниҳоди маводи «Ба ҷои дарахтон манзилҳо. Чӣ гуна мақомот беш аз сеяки боғи Отатуркро хаоб карданд».
- Алексей Журавлёв, ки дар бораи чаро сокинони Бишкек барои гаштугузор маҷбуранд мошин интихоб кунанд қисса мекунад.
- Елена Нечаева бо маводе ки дар YouTube-канали «Чёрный ящик, белый шум» нашр шудааст.
Бахши “Вақти ёрӣ расонидан”
- Елена Яковлева, ТРК «НТС», «Бар зидди рак ғолиб баромадан мумкин аст!».
- Айҷамал Туголбай кизи бо маводи «ВИЧке байланган балалык-үзүлбөгөн үмүт…».
- Хаким Юсупов, ки гузориши махсус оид ба вазъи экологии Иссик-кӯл пешниҳод кардааст.
Бахши “Қаҳрамонони ҳамҷавор”
- Бекжан Асилбеков и Александра Титова, гузорише дар бораи чӣ гуна донишҷӯёни политехникии академияи тиббӣ дар Қирғизистон аввалин протези бионикӣ карданд”.
- Элмурат Аширалиев, бо подкасти муаллифии- «КИШИ».
- Айжамал Туголбай кизи бо маводи «Кызыл өрүктүн София Ротарусу».
Бахши “Насли бидуни марз – Вақти имкониятҳо”
- Жайнагул Талас кизи, бо маводи видеоии «Сыноого сынбаган “президент кыз”».
- Нурзада Жоломанова, бо маводи худ дар kg дар бораи он, ки дар Қирғизистон одамони боистеъдод зиёданду касе дар бораи онҳо намедонад.
- Болот Сатаркулов, бо маводи худ, ки барои чӣ дар Қирғизистон кӯдакони ятим кӯмакпулии давлатӣ намегиранд.
Ӯзбекистон
Бахши “Ҳокимият ва ҷомеа”
- Нодирбек Нортураев, бо маводи мултимедии худ, ки дар бораи
Узбекистон барои набудани системаи канализатсияи баландсифат чӣ нарх пардохт мекунад, қисса мекунад. - Шуҳрат Шокирҷонов бо маводи «Kun.uz суриштируви: СамДУдан «йиқилган» қизлар балларни ҳисоблашда кўзбўямачилик бўлганини айтишмоқда».
- Мусулмонбек Иброҳимов бо маводи «Andijoncha spektakl-2: Viloyat hokimligi yolg‘on va soxta hujjatlar bilan ko‘zbo‘yamachilikni davom ettirmoqda».
Бахши “Вақти ёрӣ расонидан”
- Отабек Исроилов, ки маводаш дар рӯзномаи Mashal нашр шуд.
- Замира Балтаева, ки қиссаҳои занонро ки бояд гуфта шавад ҷамъ овард.
- Сайёра Шоева бо маводи «Сотилган Муҳаббат… қабристонда тунади».
Бахши “Қаҳрамонони ҳамҷавор”
- Кобулҷон Ахмедов бо филми кӯтоҳсужаи «Зулмат ортида».
- Дилором Каршибоева, бо пешниҳоди маводи «YPX xodimlari ayollarni nega to’xtatishdi? | Tilamchi bir kunda qancha».
- Айжамал Жолбасбаева бо мақолаи «Баҳорни яратган гул».
Бахши “Насли бидуни марз – Вақти имкониятҳо”
- Константин Башлаев, ки дар бораи чӣ гуна донишмандони Ӯзбекистон технологияҳои ояндаро дар гараж истеҳсол мекунанд бинвишт.
- Шуҳрат Шокирҷонов, ки дар мавзӯи «Тўғри йўлдаги «самарқандлик Робин Гуд»: у бўлиб ўтган ишлардан таассуфда» қисса кард.
- Сайёра Шоева бо маводи «Нега 220 нафарга мўлжалланган мактаб-интернатда 365 нафар бола таҳсил олмоқда?».
Туркманистон
Бахши “Ҳокимият ва ҷомеа”
- Мяхри Халлиева, ки мақолаи «Ҳиссагузории соҳибкорон барои шукуфоии Ватан» -ро пешниҳод кард.
- Инна Бурова бо маводи «Барномаи миллии озуқаворӣ».
- Лейли Бегенчева бо маводи «Имкониятҳои бузурги соҳибкорон – некӯаҳволии халқ».
Бахши “Вақти ёрӣ расонидан”
- Ягуда Халилова, бо пешниҳоди мақолаи «Begmyrat kösäniň guýusy».
- Айҷемал Омарова бо қиссаи дар бораи роҳи «устод-шогирд».
- Инна Бурова бо маводи худ, ки дар бораи чӣ гуна тарзи ҳаёти солимро ба роҳ мондан қисса мекунад.
Бахши “Қаҳрамонони ҳамҷавор”
- Мадина Мустафина бо мақолаи «Зебоӣ мегӯем, занро дар назар медорем!».
- Александрина Евстигнеева, ки дар бораи мардони дар аспҳои “қанотдор” қисса мекунад.
- Елена Кузоваткина, маводи «Симфонияи бохонҳои тиллоиро” пешниҳод кардааст.
Бахши “Насли бидуни марз — Вақти имкониятҳо”
- Елена Долгова, бо пешниҳоди маводи «Сӯҳбат аз самими дил …».
- Сапар Сапаров бо маводи худ дар боғдорӣ.
- Тойҷан Борҷаков, ки дар бора шоҳигарии қаҳрамонҳо қисса мекунад.
Ҳамоҳангсозони озмун иштирокчиёни даври ниҳоиро табрик намуда, бешубҳа бо ҳар кадоме аз онҳо тамос хоҳанд гирифт. Ҳамзамон онҳо чун иштирокчиёни махсус ба ҷашнвораи расонаии Осиёи Марказии MediaCAMP Fest, ки тариқи онлайн аз 14 -уми сентябр то 19 -уми сентябри соли 2020 баргузор мешавад, даъват карда мешаванд.
Ҳама маводҳои интихобшуда ба ҳакамони минтақавӣ пешниҳод карда мешаванд. Онҳое, ки ба забонҳои миллӣ нашр шудаанд, ба забони русӣ тарҷума карда мешаванд.
Онҳое, ки ба даври ниҳоии озмун нагузаштанд, Интернюс барои таваҷҷуҳи онҳо ба озмун, барои иштирок ва талошҳо ҷиҳати беҳтар сохтани журналистика изҳори сипос мекунанд.
“Ба озмун як қатор маводҳои ҷолиб пешниҳод карда шуданд. Боиси таассуф аст, ки ҳамаро мукофотонидан номумкин аст, — гуфтанд ҳамоҳангсозони озмун. — Интихоб душвор ва ҳатто дардовар буд. Баъзан холигӣ дар рейтинги номзадҳо танҳо 1 хол буд. Мо бешубҳа дархостҳои ҳамон муаллифонро дар соли оянда интизор мешавем. Ба ҳама қаҳрамонҳои ҷолиб, мавзӯъҳои амиқ, барору комёбиҳо дар озмун ва мусобиқаҳо, ки шумораи зиёди онҳо бештар хоҳад буд ва албатта, саломатӣ мехоҳем. »
Ин лоиҳа дар чаҳорчӯбаи барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад. Маълумоти бештар дар бораи созмон: Интернюс дар ҷаҳон, Интернюс дар Қазоқистон, Интернюс дар Қирғизистон, Интернюс дар Тоҷикистон.