ДомойХудомӯзБеҳтарин кейсҳои расонаии анбӯҳфиристӣ дар ҷаҳон

Беҳтарин кейсҳои расонаии анбӯҳфиристӣ дар ҷаҳон

Анбӯҳфиристӣ барои расонаҳо — воситаи хуби маблағкоркунӣ мебошад. Ҳамагӣ ҳазор нафар омодаанд, ки барои муҳтавои муфид ва баландсифат 10 долларӣ пардохт кунанд.  Ин иловаи ҷиддӣ ба буҷаи моҳонаи нашрия хоҳад буд.

Дар чорабинии омӯзишии Интернюс оид ба “Анбӯҳфиристҳо” дар бораи он нақл карданд, ки чӣ гуна консепсия омода кардан, хароҷотро ҳисоб кардан ва маҳсулоти ниҳоиро баровардан мумкин аст. Нахустин ҷаласаро дар чорабинӣ — Александр Амзин, мушовири ВАО, барандаи Telegram – канали @themedia, муаллифи китоби «Интернет — журналистика» баргузор кард. Коршинос дар бораи беҳтарин кейсҳои расонаии анбӯҳфиристӣ дар ҷаҳон қисса кард.

Анбӯҳфиристӣ ҳамчун маҳсулот чист?

Ҳеҷ як анбӯҳфирист, ки дар як рӯз навишта намешавад.  Ин ҳамеша як намуди маҳсулот аст — чизи муқаррарӣ, ки арзиши муайянро дар формати пешбинишуда ифода мекунад. Анбӯҳфиристҳо ҳамчун маҳсулот бояд ин хусусиятҳоро дошта бошанд:

  • Мунтазамӣ. Наҳама замон, вале баъзан вақт мунтазамӣ ба сикли хабар вобаста аст. Агар давоми ду ҳафта як маротиба анбӯҳфирист равона карда шавад, одамон дар бораи он фаромӯш мекунанд. Шумо метавонед анбӯфиристони худро ҳар рӯз, ҳафтае якчанд маротиба ё дар як ҳафта як бор фиристед.
  • Саҳифаи аввали фаромӯшшуда. Вақте ки шахс ба сомона ворид мешавад, ҳеҷ гоҳ ба сафҳаи асосии он назар намекунад – ӯ фавран ба саҳифаи лозимиаш меравад. Ин маънои онро надорад, ки саҳифаи аввал ҳамчун маҳсулоти расонаӣ лозим нест. Хабарҳои афзалиятнок барои давраи муайян аллакай як варианти хуби анбӯҳфиристӣ шуда метавонад.
  • Анбӯҳфиристӣ дар тартиби тет-а-тет кор мекунад. Истифодабарандагон огоҳинома аз дӯстон намегиранд. Ӯ анбӯҳфиристро дар почтаи худ қабул мекунад ва ҳатман онро мехонад.

Хусусиятҳои асосии анбӯҳфиристҳо

  • Маҳдудияти мундариҷа. Фиристодани анбӯҳфиристҳои дарозтар аз 12 ҳазор аломат — нодуруст аст. Ҳамчунин аз 7000 боло низ — барзиёд. Анбӯҳфиристи оптималӣ набояд аз андозаи мақолаи хаттии стандартӣ зиёд бошад.
  • Ягонагӣ будани шакли мундариҷа. Барои хонанда, нома ба монанди як аналоги филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон аст. Хонанда нишондиҳандаҳову форматҳои муайян ва натиҷа интизор мешавад.
  • Боварӣ ба мисоли пул аст. Аммо ба даст овардани он тақрибан ғайриимкон аст, агар шумо аз номи худ сухан нагӯед. Таҷрибаи фиристодани анбӯҳфиристҳои калон нишон медиҳад, ки агар онҳо ба формати гуфтугӯ бо шахси оқил наздиктар бошанд, ҳамон қадар мардум мехоҳанд барои он пул пардохт кунанд, тавсия диҳанд ё мубодила кунанд.

Моделҳои тиҷоратии имконпазири анбӯҳфиристҳо

Моделҳои ягонаи тиҷорӣ барои анбӯҳфиристҳо ҳанӯз таҳия нашудаанд ва метавонанд гуногун бошанд:

Анбӯҳфиристҳои ройгони бидуни таблиғ. Ин метавонад як номае бошад, ки бренди шахсии соҳиби анбӯҳфиристҳоро бисозад ва пас аз хондан, қабулкунанда барои хидматҳои алоҳида тамос хоҳад гирифт.

Анбӯҳфиристи ройгон бо таблиғ. Онҳо одатан рекламаи ватаниро истифода мебаранд ва ин маъмултарин модели тиҷоратии ВАО мебошад. Ин амал дар равон кардани анбӯҳфиристҳо хуб кор медиҳад ва ба фурӯш мубаддал мешавад.

Паёмҳои пулакӣ. Ин модели тиҷоратӣ, ки маъруфият пайдо мекунад. Интернет пур аз муҳтавои аблаҳона аст.  Мундариҷаи хуб хеле кам аст. На хонандагон ва на муаллифон то ҳол фаҳмиши онро надоранд, ки ин гуна анбӯҳфирист бояд чӣ қадар арзиш дошта бошад. Чунин ба назар мерасад, ки 12-15-20 доллар ҳадди ниҳоии хароҷоти анбӯҳфирсит аст. «Омили Netflix» вуҷуд дорад, ки аз он зиёдтар пардохт кардан, номумкин аст.

Мактубҳои амалиётӣ. Шумо хариди доимӣ мекунед ва ба шумо паёмҳои муҳтаво пешниҳод карда мешаванд, ки барои дастгирии ВАО аст.

Омӯзиши хидмат / нигоҳдорӣ. Барои нигоҳ доштани одамон, ба шумо лозим аст, ки ҷараёни муҳтаворо эҷод кунед. Ё ки ба одамон фаҳмонед, ки онҳо метавонанд дар доираи системаи мураккаби пардохташон, чӣ кор кунанд.

Якчанд анбӯҳфиристҳои муваффақ дар ВАО

  • theSkimm – анбӯҳфиристҳо, ки дар соли 2016 беш аз чор миллион касро фаро гирифт.  Он ба тамошобинони ҷавони фаъоли занона равона карда шудааст ва дар бораи он нақл мекунад, ки чӣ гуна воқеият метавонад хеле печида бошад ва танҳо анбӯҳфирист метавонад дар муайян кардани он кӯмак кунад. Муаллифон зуд ба як барномаи обунаи пулакӣ гузаштанд ва бо ин васила аз почта дур шуда, пеш аз хоб барои 5-10 дақиқаи ройгон хонданро пешниҳод карданд ((дар замима дар паҳлӯи ин нишонаи ҳоҷатхона мавҷуд аст (37% тамоми истеъмоли ВАО дар ҳоҷатхона рост меояд).
  • Axios – нашрияе, ки  дар асоси анбӯҳфиристҳо фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин нашрия муаллифон барои зиёда аз 360 ҳазор муштариён даҳҳо мактуб дар мавзуъҳои гуногун пешниҳод мекунанд. Аксар мактубҳо сохти ягона доранд, ки ин хуб аст: вақте ба хонанда рӯйхати почтаҳо писанд меоянд, вай медонад, ки метавонад ба мавзӯи дигар обуна шаваду бо маҳсулот шинос гардад. Ҳама анбӯҳфиристҳо аз тарафи шахсони алоҳида омода мешаванд ва муаллифонро низ дӯст медоранд. Даромад аз ҳисоби таблиғ ва сарпарастӣ ба даст оварда мешавад.
  • NYT’s The morning briefing — ин як намунаи шадиди анбӯҳфиристҳо аст. Чунин ба назар мерасад, ки шумо аз ин ҳам баланд ҷаҳида наметавонед, чун рӯйхати ин анбӯҳфирист — 17 миллион муштариро дар бар мегирад. Чанд муддат аст, ки дар рӯйхати анбӯҳфиристҳо як роҳбаре ворид карда шудааст, ки фардият меорад. Ҳоло муаллифон дар мавриди персионализатсия таҷриба мегузаронанд, зеро барои ҳамагон як навигариро якхела баровардан ғайриимкон аст.
  • Stratechery by Ben Thompson – ин анбӯҳфиристи таҳлилии технологӣ мебошад. Арзиши обуна дар як сол 120 долларро ташкил медиҳад, ки барои он муаллиф дар як ҳафта чор анбӯфирист пешниҳод мекунад — се рӯз пайи ҳам ва дар як ҳафта як маротиба. Охирин анбӯҳфирист ройгон аст. Муаллиф пайвандҳоро фаъолона истифода мебарад, хонанда дер ё зуд метарсад, ки баъзе таҳлилҳои бениҳоят муҳимро гум мекунад. Ғайр аз он — дастрасӣ ба форумҳо, подкастҳои пулакӣ, RSS ва вебсайти махсус. Дар мавриди ин анбӯҳфирист — арзиши таҳлилӣ бузург аст.
  • Substack — платформае, ки ба ҳар як корбар имкон медиҳад анбӯҳфиристи худро эҷод кунад ва барои ивази он маблағ кор кунад. Платформа ба платформаи таҷрибаҳои ҷолиб табдил ёфтааст — масалан, он рӯйхати пардохтҳои пулакии Substack Everything -ро нашр кард:  20-доллар барои панҷ анбӯҳфирист дар бораи ҳосилнокӣ, тиҷорат ва иқтисод.
  • Tim Urban — обунаи ройгон, анбӯҳфиристҳои номунтазам, паёмҳои азиме, ки мавзуъро фаро мегиранд. Модели тиҷорӣ — краудфандинг, тиҷорати электронӣ, сарпарастии пост. Ин рӯйхат барои таҳлили дигар моделҳои тиҷоратӣ ҷолиб аст.

Тавсияҳо барои муаллифони анбӯҳфирист

  • Анбӯҳфирист маҳсулотест, ки бо мавқеи дақиқ рӯбарӯ аст. Шумо бояд бисёр хусусиятҳои анбӯҳфиристро ҳамчун маҳсулот тавсиф кунед. Шумо бояд бифаҳмед, ки ин барои ки аст, чаро он пайваст мешавад, агар шумо маводро наёбед, чӣ мешавад, чӣ гуна аз он пул кор карда метавонед?
  • Анбӯҳфиристҳои муваффақ афзалиятҳоро муқаррар мекунад ва ба таври доимӣ манфиатҳои назаррас медиҳад. Он бояд на танҳо як қисми хонанда гардад. Онро бояд интизор бошанд.
  • Истифодабарандагон аз ҷиҳати ҳассосӣ ба муҳтавои муфид майл карда, онро аз будаш зиёд нишон медиҳанд. Хонанда фавран ҳис мекунад, ки ин хеле хуб аст.
  • Анбӯҳфиристҳои ройгон як хазина мебошанд. Ин ҳамеша домест, ки дар он мо баъзе ғояҳо, маҳсулот, хидматҳоро ба муштариён мефурӯшем. Мо бояд бифаҳмем, ки чӣ чизеро ба даст меорем. Аслан ба шумораи муштариён не, ба сифати онҳо аҳамият додан лозим аст.
  • Анбӯҳфиристҳои пулакӣ бояд фавран арзиши худро собит кунанд. Барои нишон додани ин, шумо метавонед усулҳои мухталифро истифода баред — ягон намуди имконоти ройгон, маҳсулоти иловагӣ ё пешниҳоди чизи дигар.

Ҳама маводи зурурии чорабинии омӯзишии «Анбӯҳфиристҳо» – ро аз ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ