Дар интихоботи президентӣ, ки 11-уми октябр доир мешавад, гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» — яке аз расонаҳои Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот аккредитатсия дода нашуд. Рӯзноманигорони ин нашрия наметавонанд дар бораи рӯйдоди асосии сиёсии имсол нақл кунанд. Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси расонаӣ мегӯяд, ки чаро ин ҳодиса рух додааст ва чӣ гуна рӯзноманигорон дар Тоҷикистон метавонанд кори худро муҳофизат кунанд.
Чӣ шуд?
Моҳи августи соли равон, “Азия-Плюс” барои аккредитатсия ба Комиссияи марказии интихобот оид ба интихоботи президентӣ муроҷиат кард. Далел ин аст, ки аз соли 2018 ба Қонуни конститутсионии ҷумҳурӣ «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон» тағйиротҳо илова шуда буд ва акнун ҳатто рӯзноманигорони маҳаллӣ бояд барои инъикоси интихобот аз КМИ аккредитатсия (шаҳодатнома) гиранд. Аммо КМИ ба «Азия-Плюс» аз додани аккредитатсия даст кашид ва ба он ишора кард, ки ин расона дар Вазорати фарҳанг сабти ном нашудааст.
Сабти ном дар Вазорати фарҳанг давоми ҳар се сол нав карда мешавад. 13-уми августи соли 2020 нашрияи «Азия-Плюс» дар мавриди тамдиди он ба вазорат расман муроҷиат кард. Ҳама ҳуҷҷатҳо барои ин саривақтӣ пешниҳод карда шуданд, аммо ногаҳон маълум шуд, ки Вазорати фарҳанг ба шаҳодатномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ниёз дорад. Ҳайати нашрияи»Азия-Плюс» 14- августи соли 2020 ба Кумита муроҷиат кард, аммо посух нагирифт. Дар натиҷа, нашрия барои интихобот аккредитатсия гирифта натавонист.
Аслан “Азия-Плюс” дар Равзанаи ягона ҳамчун шахси ҳуқуқӣ сабти ном шудааст. Дар ҳоле, ки сабти ном дар Вазорати фарҳанг бояд ба феҳрист ворид карда шавад, то мақомоти ваколатдор донанд, ки дар ҷумҳурӣ чӣ қадар расонаҳо фаъолият мекунанд. Ин сабти номи бақайдгирӣ набояд хусусияти иҷозатӣ дошта бошад, аммо дар ин ҷо он дар ин робита баррасӣ карда мешавад. Дар ҳоле ки Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2019 тавсия додааст, ки ҳама монеаҳои ғайриқонунӣ, ки ба фаъолияти расонаҳо мушкил эҷод мекунанд, бартараф карда шавад. Хусусияти иҷозати сабти ном дар Вазорати фарҳанг бошад, чунин монеа дониста мешавад. Дар назар аст, ки соли оянда Тоҷикистон бояд дар доираи баррасии даврии умумиҷаҳонии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ гузориш диҳад. Мо бояд ин масъаларо матраҳ кунем, вагарна обрӯи давлат зарар мебинад.
Оё ин парвандаро ҳамчун вайронкунии моддаи 162 – и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ «Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон » баррасӣ кардан мумкин аст?
На он қадар. Гап сари он аст, ки ин модда дар бораи кори як рӯзноманигори инфиродӣ аст, на расонаҳо. Радди сабти номи “Азия-Плюс” дар интихобот радди тамоми васоити ахбори омма мебошад ва дар ин ҳолат, ба суд шикоят навиштан лозим аст, то ҳуқуқҳоятон ба радди КМИ барқарор шавад.
Аммо дар мавриди худи модда, дар Тоҷикистон тӯли зиёда аз 20 сол ягон парванда аз рӯи ин модда оғоз нашудааст. Дар моддаи 162 омадааст, ки ба журналистон халал расонидан ба кори онҳо манъ аст; дар сурати вайрон кардани ин қонун, шумо метавонед ҷарима ё ба мӯҳлати то се сол маҳдуд кардани озодӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян гиред. Дар Тоҷикистон аксар вақт хабарнигорон аз кор манъ карда мешаванд, аммо касе тибқи ин модда муҷозот намешавад.
Чӣ гуна фаҳмид, ки моддаи 162 вайрон карда шудааст?
Рӯзноманигорон шартномаҳои меҳнатӣ доранд, ки мувофиқи он фаъолият мекунанд. Одатан, рӯзноманигор ҳама гуна маводро бо дастури нашрия омода мекунад ва агар дар вақти ҷамъоварии маълумот — наворбардорӣ ё пурсиш — касе журналистро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ё ба тариқи дигар боздорад, ин монеаи фаъолияти касбӣ мебошад.
Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон:
1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386),
— бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2)Ҳамин кирдор, агар:
а) бо зўроварӣ;
б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
— бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Ғайр аз ин, агар рӯзноманигор барои гирифтани маълумот ба шахсони масъул муроҷиат кунад ва онҳо бидуни ягон далел аз пешниҳоди маълумот саркашӣ кунанд, ин метавонад ҳамчун монеа ба фаъолияти қонунии касбии журналист ҳисобида шавад. Зеро журналист бидуни иттилоот кор карда наметавонад. Аммо дар ин ҳолат, вайронкунии ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — моддаи дар боло зикршудаи 162 ва 148 «Радди додани маълумот ба шаҳрванд» дида мешавад.
Аммо масъулин дар Тоҷикистон хеле кам ошкоро аз додани иттилоот саркашӣ мекунанд, балки танҳо вақт бозӣ мекунанд. Чӣ гуна амал кард?
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд фавран маълумоти дорои аҳамияти ҷамъиятиро пешниҳод кунанд. Аммо, агар онҳо маълумоти заруриро дар мӯҳлати муайян ҷамъоварӣ карда натавонанд, пас бояд огоҳиномаи таъхирро омода намуда, дар давоми се рӯзи гирифтани дархости хаттӣ ба довталаб супоранд. Ин огоҳинома бояд сабабҳои мавқуф гузоштан ва мӯҳлати пешниҳоди маълумотро нишон диҳад.
Дар назария, меъёрҳои аз ҷониби умум қабулшуда 30 рӯзро ташкил медиҳанд. Яъне ин давраҳои ҳадди аксаре мебошанд, ки дар давоми он сохторҳои расмӣ вазифадоранд маълумоти дархостшударо ба шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод кунанд, аммо на ба ВАО.
Вақтҳои охир рӯзноманигорон аз он шикоят мекунанд, ки онҳо дархости расмӣ додаанд, вале посух нагирифтаанд. Мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки бори дуюм дархост кунед, дар он ба меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ муроҷиат карда, риояи қонунро талаб кунед. Дар ин ҷо шумо метавонед намунаи чунин дархостро пайдо ва боргирӣ кунед.
Агар ба фаъолияти рӯзноманигорӣ монеъ шуда бошанд, ба ки метавон муроҷиат кард?
Беҳтараш ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунед, зеро ин ниҳод иҷрои қонунҳоро дар дигар ҷойҳо назорат мекунад. Бояд изҳорот омода карда, дар он далели қонуншиканиро нишон диҳед. Ҳамаи далелҳои мавҷударо ҷамъ оваред — масалан, сабти навор, шоҳидонро ёфта нишон диҳед.
Кай метавон аз хизматрасонии адвокат истифода кард?
Адвокат метавонад дар марҳилаи омода кардани ариза ҷалб карда шавад. Ӯ метавонад дар таҳияи он кӯмак кунад. Ҳангоми ҷамъоварии мавод барои оғози парвандаи ҷиноӣ танҳо муфаттиш ё прокурор ба мавод дастрасӣ доранд. Аммо онҳо ба маводи тафтишот танҳо пас аз оғози парванда қабул карда мешаванд. Пас аз сар шудани кор, онҳо ба муҳофиз дастрас мешаванд — барои омӯзиш ва кори минбаъда.
Чанд муддати охир дар Тоҷикистон ҳолатҳое буданд, ки тибқи моддаи 162 парванда оғоз кардан имконпазир буд?
Албатта! Масалан, қазияи маротибаи дуюм латукӯб шудани Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”. Ин нишонаи возеҳи вайронкунии моддаи 162 мебошад. Яъне, Абдулло мусоҳибонро барои таҳияи гузориш филмбардорӣ ва мусоҳиба кардааст. Ҳамлагарон фаҳмиданд, ки ӯ рӯзноманигор аст ва фаъолияти касбии худро анҷом медиҳад, ба ӯ иҷозат надодаанд, ки кор кунад. Ҳамзамон дар додгоҳ онҳо эътироф карданд, ки вақте онҳо фаҳмиданд, ӯ наворбардорӣ мекунад, тасмим гирифтанд ба кори ӯ халал расонанд. Аммо дар ниҳоят, тибқи моддаи 460 — и Кодекси маъмурӣ “Майдаавбошӣ» парванда оғоз карда шуд. Рӯзноманигор ва адвокати ӯ аз болои ин қарори суд шикоят накарданд.
Ҳамин ҳолатҳо бо дигар рӯзноманигорон низ рух додаанд — масалан, бо Далер Имомалӣ ва Шералӣ Давлатов, ки баҳори соли 2020 кӯшиш карданд дар бораи рӯйдодҳои бозорҳои пойтахт гузориш диҳанд. Вале маъмурият ба онҳо иҷозат надод.
Чаро дар кишвар тибқи ин модда парванда оғоз намекунанд?
Аксар вақт, худи рӯзноманигорони ҷабрдида намехоҳанд ҳимояи худро то охир идома диҳанд. Сабаби ин бисёр аст: баъзан вақт ба хешовандонашон занг зада, таҳдид мекунанд, баъзан вақт бошад журналистон намехоҳанд то охири қазия раванд, чун ба адолат бовар намекунанд. Масалан, вақте Доро Суҳробӣ, ки он вақт хабарнигори “Фараж” буд, латукӯб карданд, қариб тибқи моддаи 162 парванда боз карда мешуд. Қонуншиканӣ буд, изҳорот буд, шоҳидон ва далелҳо буданд. Вале дар лаҳзаҳои охир рӯзноманигор тасмим гирифт, ки сулҳ кунад ва аз сабукдӯш шудани яке аз кормандони шуъба қаноатманд шуд. Ҳамин тавр, Абдулло Ғурбатӣ низ аз нав дида баромадани қазия, пурзӯр кардани ҷазо ва дар умум аз идомаи қазия даст кашид.
Рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бояд аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон намуна гиранд. Масалан, вақте ки ба Кодекси ҷиноятӣ барои шиканҷа меъёри ҷавобгарӣ дохил карда шуд, он фавран дар амал татбиқ нашуд. Вале Эътилофи зидди шиканҷа дар таблиғи он хеле хуб амал кард: ҷабрдидагонро дастгирӣ намуда, ба онҳо дар ҷустуҷӯйи адолат ва оғози парванда тибқи ин моддаи мушаххас кӯмак кард. Дар аввал онҳо тибқи ин модда парванда оғоз накарданд, гарчанде ки шиканҷа буд. Вале ба омори имрӯза агар назар кунед, пас чунин ҳолатҳо дигар кам шудаанд.
Ҷомеаи ВАО низ бояд муттаҳид шавад ва дар лаҳзаи пайдо шудани таҳдид ба рӯзноманигорон, надодани иҷозат барои фаъолият тибқи ин модда талаб кунанд, ки касони айбдор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ва як намунае бояд эҷод кард, тто масъулин дарк кунанд: рӯзноманигоре, ки шаҳодатнома дорад ва ба кори ҳамарӯзаи худ машғул аст, набояд ба иҷрои кораш монеъ шавӣ, зеро ин амали ҷиноятӣ аст. Масалан, кормандони полис — мо аз кӯдакӣ медонем, ки агар полисҳо либоси ягона дошта бошанд, пас навбатдоранд ва ба онҳо халал расондан комилан мумкин нест. Бояд ҳамон натиҷаеро ба даст овард, ки барои мисол одамон, шахсеро бо камера ё навиштаҷоти «ПРЕССА» бубинанд, дарк кунанд, ки ба рӯзноманигорон халал расонидан мумкин нест. Ва агар дар ҳолати халал расониданд ба фаъолияти онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, зиндон таҳдид мекунад.