ДомойНақди РасонаӣГовҳои ширдеҳ, мактабҳои ҳашарсоз ва дарахтони мувофиқ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои...

Говҳои ширдеҳ, мактабҳои ҳашарсоз ва дарахтони мувофиқ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 30-юми ноябр то 6-уми декабр

«Новый репортер» мониторинги барномаҳои ҷамъбастии ҳафтаро дар шабакаҳои асосии телевизионии Тоҷикистон оғоз мекунад. Дар таҳлили имруза дар бораи руйдодҳои ҳафтаи қаблӣ дар барномаҳои иттилоотии чор шабакаи телевизионӣ – «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва «Душанбе» нақл мекунем. Ҳафтаи сипаришуда мавзуи асосӣ — баргузории ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД ва инчунин оғози мавсими ниҳолшинонӣ дар кишвар буд. Се шабакаи аввал ба инъикоси ахбори расмӣ, шабакаи «Душанбе» бошад, бештар ба навигариҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ диққат доданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Мавзуи рақами яки бахши расмии ҳамаи расонаҳои иттилоотӣ, аз он ҷумла, телевизионҳои ҷумҳурӣ пахши гузориш аз баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид.

Ҳамаи шабакаҳо аз рафти ҷаласа, ки дар он роҳбарони Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон,  Федератсияи Россия ва дигар масъулини СААД иштирок карданд, гузориши муфассал доданд.

Хабари асосӣ дар ҷаласаи баргузоршуда – дар соли 2021 ба зиммаи Тоҷикистон гузаштани вазифаҳои раёсат дар Созмон мебошад.

Гузориши дигар ба сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф бахшида шуд буд. Муаллиф  Нуралӣ Сафовуддин дар гузоришаш дар бораи ҷудо намудани 500 млн сомонӣ аз тарафи ҳукумати кишвар ва сохтани 30 мактаб иттилоъ додааст. Бинобар «сергапӣ», яъне зиёд будани матни муаллиф дар гузориш гаштаю баргашта наворҳои аз боло ба воситаи коптер гирифтаи рамзҳои давлатӣ — парчам ва нишони давлатӣ нишон дода мешуд, ки ба гузориш костагӣ зам намудааст. Матни пасикадрӣ аз ибораҳои умумӣ,  аз қабили «давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд» ва «нақши калидии маориф» иборат буда, муаллиф наворҳо аз мактабњои кишвар такрор ба такрор намоиш дода мешаванд. Аз гузориш маълум гардид, ки соли гузашта 130 мактаб бо 32 ҳазор ҷои нишаст сохта ба истифода дода шуда,  аз ин миќдор 64-тоашро  бо тариқи ҳашар  ё ба пули соҳибкорони ватанӣ сохтанд.

Дар гузориш ду синхрон оварда шудааст, дар яке  сардор ва дар дигараш — корманди раёсати сохмони асосии вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баромад намуда, суханони то ин дам гуфтаи муаллифи гузоришро як ба як такрор менамояд.

Мавзуи сужаи 7-дақиқаинаи  журналист Нуриддини Қурбон бошад, дар бобати 15% зиёд намудани ҳаҷми маошу нафақапулӣ ва идрорпулиҳои донишҷуён буд. Ба гуфтаи муаллиф, дар 20 соли охир ҳаҷми маошу нафақањо 20 маротиба зиёд шудааст.  Њангоми дар бораи баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратура нақл кардани муаллиф, яъне матни пасикадрӣ дар экран наворҳои манзараҳои пойтахт аз баландӣ, яъне бо коптер гирифташуда, нишон дода мешаванд, ки ба сужа ягон иртибот надоранд. Барои омода намудани чунин мавод бењтар мебуд аз наворҳои ба худи низомиён бахшидашуда истифода мебурданд.

Корманди вазорати молияи ҶТ Назокат Одиназода ва корманди вазорати маориф ва илм Толиб Самизода назари худро дар гузориш баён намуданд, аммо муаллиф такроран сузанони онњоро дар матни пасикадрї истифода намуд.

Нуқтаи кулминатсионӣ дар сужаи мазкур – баромади донишҷӯдухтари беном аст, ки ҳамчун аълохон ва фаъола дар ҳаҷми 500 сомонӣ идрорпулӣ мегирад.  Ва аз матни сужа бармеояд, ки дар ҷумҳурӣ  20 ҳазор донишҷў чунин стипендияҳои баланд мегиранд.

Аз стендапи муаллиф бармеояд, ки камбизоатӣ дар 7 соли охир то 12,5%  коҳиш ёфтааст.  Ва ин ҷумла бо навори боло чандон часпоиш надорад.

Дар маводҳои пахшшудаи дигар,  раванди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти кишвар  ва дар вилояти Суғд сохта шудани 7190 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ва ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулот инъикос шудааст.

Дар гузориши Таваралии Соҳибназар сухан дар бораи рақобатпазирии истеҳсолоти кишвар рафта, аз кушодашавии корхонањои нав иттилоъ медиҳад. Дар навори мазкур 4 нафар соҳибкори инфиродӣ паи ҳам баромад менамоянд ва суханонашон як мароманд.

Ва ахиран, мавзуи дигар —  коркарди шир ва парвариши чорвои калони шохдор аз ноҳияи Хуросон баррасӣ шуд,  ки онро журналист Гулчеҳраи Саттор намуд. Муаллиф дар наворҳо 3 синхрон — аз номи директори хоҷагии зотпарвариии «Саодат», сардори сехи коркарди маҳсулоти ширӣ ва байтори хоҷагиро оварда, масъала мегузорад, ки дар ҷамоату деҳоти кишвар нуқтаҳои қабули ширро бояд марҳила ба марҳила  амалї намуд, то ањолии кишвар бо шир таъмин шавад.

Дар охирин гузориши барнома (муаллиф — Нуриддини Қурбон), ки ба масъалаи ниҳолшинонӣ бахшида шудааст, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ, профессор Саидалӣ Гулов дар бораи чї гуна ва дар кадом вақт шинонидани дарахтон муфассал нақл мекунад.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Чун дар шабакаи телевизионии «Тоҷикистон», дар ТВ «Сафина» низ ҷамъбасти ҳафта аз хабари расмӣ — гузаронидани ҷаласаи СААД оғоз шуд, ки 12 дақиқаи аввали барномаро ташкил кард.  Фарқияти гузориши «сафиначиён» танҳо дар илова намудани иштироки Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, мири ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ зикр шуд.   Дар он гуфта шуд, ки у дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияти дастаҷамъӣ ширкат намудааст.

Ҳафтаи сипаришуда «Сафина» бо чанд гузоришаш ба масъалаи таъмини барқ аҳамият зоҳир намудааст. Агар гузориши аввалин ба рафти корҳо дар сохмони асосии НОБ «Роғун» бахшида шуда бошад, пас гузориши дуюм ба НОБ «Сарбанд»-и ноҳияи Левакант, дигариаш бошад, ба шабакаҳои барқии ш. Турсунзода бахшида шудааст. Ду гузориши охир дар мавриди  омодагӣ ба зимистонгузаронӣ мебошанд.   Фарқ дар он аст, ки дар навори Левакант маъмулан наворҳо ба таври умумӣ нишон дода шудаанду дар маводи дуввум  бештар интершумро истифода бурдаанд.

Ду сужаи  паи ҳам пахшшуда пайгири мушкилоти гуногунанд: гузориши навбатӣ аз ноҳияи Нуробод дар бобати ба  муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлол омода намудани 250 иншооти ба нақшагирифташуда, ки аз он 185-тоаш аллакай сохта ба истифода дода шудааст, сухан меравад. Дар гузориш роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Сурхоб» баромад намуд, ки тавассути лоињаи онњо дар ноҳия корхонаҳои дузандагиву қаннодӣ барои занони хонашин таъсис дода шудааст.

Гузоришҳои баъдӣ ба сохтмони иншоотҳои нав дар Шаҳринав ва лимупарварӣ дар Кулоб бахшида шуд.

Ҳафт руз” , ТВ “Ҷаҳоннамо”

Ба ғайр аз хабарҳои расмии 2 декабр аз ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва иштироки онлайнии сарварзири мамлакат Ќоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай,  дар ҳафтаи сипаришуда инчунин чанд гузоришҳо омода гардиданд.

Масалан, журналист Ҳофизи Маҳмадалӣ дар бораи имрузу фардои пойтахт гузориш омода намудааст. Дар оғоз ду меҳмони бе унвон, яке бо лафзи тоҷикони шимол ва дигаре бо забони русӣ дар бораи зебогиҳои Душанбешаҳр ибрози назар мекунанд. Баъд муаллиф дар бораи ободиҳову сохтмони босуръати пойтахт гап мезанад. Ҳадафи асосии гузориш то охир номуайян монд.

Гузориши дигар чун дар шабакаи ТВ”Тоҷикистон” низ ба таҳсилот бахшида шудааст. Фарќаш дар он буд, ки дар он роҳбарони чанд мактаби ноҳияи Қубодиен баромад намуда, дар бораи бо тарзи ҳашар сохтани синфхонаҳои иловагӣ ва дастгирӣ шудани онҳо аз тарафи соҳибкорони маҳал гап заданд. Бо вуҷуди он, ки дар баромадашон ишора карданд,  ки имсол ба мактаб 5 ҳазор талаба ба синфи як қабул шуданду ҷой нест ва 11 нафар мактаббачагони ноҳия дар озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ…» иштирок намуда, роҳхат гирифтанд,  он маводро хотирмон накард. Дар назди бинои нимсохти мактаб ба навор гирифтани директори мактаб, бе нишон додани рафти кори сохтмон он ќадар нишонрас набуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар масъалаи боғпарварӣ, нигоҳубини заминҳои бекорхобида ва дигар мавзуъ мухбирони минтақавӣ аз ноҳияи  Ашт ва Мирсаид Алии Ҳамадонӣ  гузориш омода намуданд. Сабти гузориши ахир (муаллифаш Каримҷон Ҳамроқулзода) ҳамчун акси садо ба гуш мерасид. Дар гузориши ноҳияи Ашт бошад, журналист ҳамсуҳбати худро нодуруст шинондааст, ки наворбардор низ ба он аҳамият надода, дар кадр мусоҳиб ба тарафи чапи экран нигоҳ мекунад.

Бояд зикр намуд, ки  рузи якшанбе инчунин барномаи ҷамъбастии ҳафта дар “Ҷаҳоннамо” бо забони англисӣ низ бо номи Weekly news пахш мешавад, ки аксари маводаш аз хабарњои  расмӣ иборат аст.

7 рузи Душанбе”  дар ТВ “Душанбе”

Дар шабакаи телевизионии мазкур ғолибан маводи барои сокинони пойтахт аҳамият дошта гузошта шавад ҳам, он ба ҳамаи шаҳрвандони  мамлакат равона шудааст.  Масалан, ҳафтаи сипаришуда дар масъалаи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ бо иштироки  мутахассисони соҳа мавод омода гардид.

Яке аз гузоришҳо дар барномаи љамъбастї  ба муносибати Рузи байналмиллалии маъюбон бахшида шуда буд, ки дигар шабакаҳо онро пайгирӣ накарданд, ҳарчанд давоми ҳафта чандин гузоришҳо дар “Ҷаҳоннамо”-ву “Сафина” доир ба ин мавзуъ баррасӣ шуд.  Дар гузориши мазкур оиди ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахурон ва шахсони бесаробони ш. Душанбе кумак намудани  ширкати автомобилии «Рахш такси» ва ҶДММ «Саёҳон” тариқи тақсим намудани маводи хурока ва сару либос омода шудааст. Наворҳо ҷолиб буда, дар баробари ин, ду рукни   зарурии гузориш истифода нашудааст. Агар нафаре аз масъулини ин корхона ё шахси кумакгирифта аз зумраи  шахси маьюб дар навор суханронӣ мекард, гузориш пурратар гашта, эътимоднокии тамошобин нисбат ба ин гуна соҳибкорон меафзуд.

Гузориши дигар  аз омодагиҳо ба гузаронидани даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ” бахшида шудааст, ки аз 7 то 15 декабр дар Китобхонаи Миллии ҷумхурӣ  баргузор мегардад.  Дар синхрон корманди китобхонаи мазкур муфассал  дар бораи тайер намудани 5 толори бино барои иштирокчиёни озмун нақл кард. У ба ҷузъиёте, ки гуфтани он шояд он қадар ҷолиб нест, аз қабили киҳо дар кадом толор бояд нишинанд ё дар бораи иштироки 5 шабакаи телевизионӣ дар  чорабинї  иттилоъ дод. Бењтар мебуд дар бораи синну соли иштирокчиёни озмун ва аз кадом минтақаҳо бештар ширкат варзидани онњо маълумот медоданд.

https://jahonnamo.tj/

Боз як гузориши хотирмон аз Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидови пойтахт аст, ки намоиши нави худро аз руи асари Кароматулло Мирзоев “ Гунҷишкакон њам механданд”-ро ба саҳна монда дар доираи баргузории “16 рузи алайҳи хушунати хонаводагӣ” пешкаши тамошобинон гардонданд. Муаллиф бо коргардони намоиш Қамариддин Мирзоев ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи он маълумот мегирад.

Наворҳо хуб омода шуда бошанд ҳам, дар матни муаллиф хатогї дида мешавад. Масалан, дар интиҳо журналист чунин мегуяд: “Ҳамин тавр, дар репертуари театри ҷавонон боз як асари пурмазмун ҷо гирифт”, ки дуруст нест.Чунки  аз руи асар намоишнома менависанд ва дар сањна намоиш ё ба истилоњ, спектакл мемонанд.

Ба маводҳои пешниҳодшуда назар афканда дар байни онҳо гузоришҳои олами варзиширо низ дучор наомадем. Ба ҳар ҳол, ба камбудиҳо нигоҳ накарда, шабакаҳо кушиш намуданд, чанд маводи гуногунмавзуъро ба тамошобин пешниҳод намоянд. Бе чунин рангорангӣ журналистикаи телевизион бурд нахоҳад кард.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ