Ҳафтаи сипаришуда дар ВАО-и кишвар се хабари асосӣ баррасӣ шуд – кушодани иншооту биноҳои нав, ҷаласаи муштараки ду палатаи Маҷлиси Олии ҶТ ва таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ. Панҷоҳ эфири барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» аз ахбори расмӣ иборат буд.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Се хабари асосии ҳафтаи сипаришуда дар рӯзи 11 декабр ба вуқуъ пайваст ва аз ҷониби хадамоти матбуотии Президенти кишвар ирсол гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Душанбе муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-ро пас аз таъмиру навсозӣ қабул намуданд. Баъдан дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок карда, пас аз он дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқоматиро кушоданд, ки барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Дар ду хабари охир ҷалбкунанда худи наворҳо буданд.
Дар гузориши муаррифии нақлиёти ҷамъиятӣ хабар дода шуд, ки автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи “Акиа Ориё” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистону Туркия буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст. Зимни суҳбат роҳбари корхона Асрор Мирзоев иттилоъ дод, то охири соли равон онҳо дар маҷмӯъ 50 адад автобус истеҳсол ва ба корхонаҳои нақлиётии пойтахт интиқол медиҳанд.
Инчунин, он рӯз 69 троллейбуси нави истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус низ муаррифӣ шуданд. Дар гузориш суҳбат бо ронандагон аз ҳама ҷолибтар буд: ронандаи автобус ҳарчанд дар тан либоси расмӣ — шиму костуми нав пӯшида бошад ҳам, ронандаи троллейбус аз вай дида фасонтар, ба костумаш мувофиқ гарданбанд низ баста, дар паси чанбарак буд.
Хабари ҷолибтарини гузориш ин аз забони роҳбари корхонаи «Акиа Авесто» дар Тоҷикистон ба истеҳсоли троллейбусҳои ватанӣ пардохтани онҳо мебошад. Он рӯз дур нест, ки шумораи хатҳои барқ то шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӯ кашида шуда, ба он ҷойҳо мо бо троллейбус равона мегардем.
Дар гузориши дигар, ки ба маросими кушодани ду бинои нави 12-ошёнаи истиқоматӣ ба сарҳадбонон бахшида шуда буд, махсусан суханронии сарҳадбон Идимат Шамсов хеле муассир буд, ки соли гузашта дар амалиёте ярадор шуда, ҳоло дар аробачаи маъюбӣ аз паи табобат аст. Ӯ ва оилааш ҷудогона миннатдории худро ба роҳбари кишвар изҳор намуданд, ки ба онҳо як хонаи дуҳуҷрадор бо ҳама таҷҳизоти лозимаи рӯзгор дода шуд. Пас аз ин оила, инчунин се корманди дигари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ суханронӣ намуда, ба президенти ҷумҳурӣ барои додани манзил миннатдории худро изҳор доштанд. Махсусан, бо либоси миллии арусӣ сухан рондани корманди кумита Зулайхо Абдухолиқова ғайриоддӣ намуд.
Мавзуи гузориши навбатӣ ба барномаҳои миёнамуҳлати Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 бахшида шуда буд, ки дар бораи дастовардҳо ва натиҷаҳои он аз забони номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳром Сафаров фаҳмидем. Ӯ афзуд, ки вазифаи асосии барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2016-2020, ки дар арафаи анҷомёбист, ин ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди мусоидат ба содироти маҳсулоти ватанӣ мебошад. Дар барномаи миёнамуҳлати оянда, ки барои солҳои 2021-2030 мебошад, дар назар аст, ки вобастагии кишварро аз омилҳои берунӣ камтар карда, саноатикунонии он ба роҳ монда шавад ва амалҳои коррупсионию иқтисодиёти пинҳонӣ аз байн раванд. Мо ҳам ба ин чиз умед мебандем.
Мавзуи дигари ин барнома ба рушди маҳал бахшида шуда буд ва гуфта мешуд, ки дар доираи аз ҷониби президенти кишвар эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот дар ноҳияҳои Панҷу Дӯстӣ ва вилояти Суғд кадом тадбирҳо андешида мешаванд. Аҷибаш он аст, ки агар ду нафар баромадкунандагони аввал ҳамчун раисони деҳотҳои “Панҷ” ва “Қумсангир” муаррифӣ шуда бошанд, нафаре бо номи Фаридун Ҳодибоев ҳамчун сокини ш. Хуҷанд дар бораи рушди маҳал дар вилояти Суғд сухан кард. Симои ин нафар шинос аст, чунки ҳафтае пештар ӯ дар масъалаи дигаре низ тариқи ин барнома сухан ронда буд ва ҳамчун сокини муқаррарӣ баромад намуданаш каме аҷиб менамояд.
Ин бор низ гузориши журналист Гулчеҳраи Саттор аз вилояти Хатлон нашр шуд ва ин дафъа низ ба мушкилоти соҳаи чорводорӣ бахшида шуда буд. Аммо агар ҳафтае пеш муаллиф ба масъалаи истеҳсоли шир таваҷҷуҳ карда бошад, ин маротиб маводи таҳиякардааш ба зотпарварӣ ва истеҳсоли гӯшт бахшида шуда буд. Аз гузориши мазкур фаҳмида шуд, ки аз рӯи меъёрҳои қабулшудаи давлатӣ як одам бояд дар як сол беш аз 40 кг гӯшт истеъмол намояд, дар асл бошад, дар Тоҷикистон ба як нафар ҳамагӣ 14 кило гӯшт рост меояд.
Гузоришҳои дигари ин барнома ба тарзи ниҳолшинонӣ, ки дар он номзади илмҳои биологӣ Убайдулло Акрамов баромад намуда, дар бораи дар ҳавои сарди зимистон ва боришот нашинонидани дарахтон тавсияҳои судманд дод. Мавзуи дигари барномаи ҷамъбастӣ ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ва манъ шудани гузаронидани чорабиниҳои оммавии солинавӣ аз сабаби паҳншавии бемории коронавирус бахшида шуда, дар он се мутахассиси соҳаи тандурустӣ назари хешро баён доштанд.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Ҳамчун барномаи ҷамъбастии шабакаи аввалини кишвар “Тоҷикистон”, барномаи “Ҷамъбасти ҳафта” низ аз гузоришҳои омоданамудаи хадамоти матбуотии президенти кишвар оғоз гардид, ки тақрибан 50% эфири онро ташкил медиҳад.
Ду гузориши паи ҳам низ ба хабари расмӣ бахшида шуда буданд: 9 декабр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор шудани иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ ва як рӯз пас, 10 декабр дар Душанбе гузаштани ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.
Ҷолибияти ҷаласаи аввал дар он буд, ки дар он 38 масъала баррасӣ шуд, аз он ҷумла, сифати хизматрасонӣ, таъмини ғизои мусофирон ва ба талабот ҷавобгӯ набудани он дар ширкатҳои ҳавопаймоӣ баррасӣ шуд. Ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ дастур дода шуд, ки масъалаи мазкурро бо назардошти таҷрибаи ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ омӯхта, таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Мавзуи дигар ба ҳамоҳангсозии илму иктисодиёти кишвар бахшида шудааст ва дар ин бора гузориш аз бизнес-форуми ҷумҳуриявӣ омода гардид, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Ва гузориши охирини барномаи ҷамъбастӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд, ки дар он ҷо давраи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” мегузарад. Дар сужети мазкур мактаббачаҳо баромад намуда, яке аз онҳо иброз дошт, ки ба шарофати ин озмун ҳамин сол бештар аз 200 китоби бадеӣ мутолиа намудааст. Анис ном бача бошад, афзуд, ки ҳаводори эҷодиёти Чехов аст ва қариб ҳама асарҳои нависандаи дӯстдоштаашро хондааст. “80 фоизи ин китобҳоро ман ба забони русӣ хондаам”, — таъриф кард мактаббача. Офаринаш бод, дар ин замона калонсолон ин қадар китоб намехонанд.
«Ҳафт руз» , ТВ «Ҷаҳоннамо»
Ба кор даромадани «Кохи Ваҳдат», тақдими ду бинои истиқоматӣ ба кормандони Кумитаи амнияти кишвар ва ба хатсайрҳои пойтахт баромадани автобусу троллейбусҳои наву ҷаласаи якҷояи ду палатаи Маҷлиси Олии кишвар – чунин буданд хабарҳои расмии ин барнома дар соати аввал.
Бар замми ин, дар барнома аз мулоқоти Президенти Федерацияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Вазири варзиш, Раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз-2030 ҷаноби Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овард, хабар дода шуд. Дар вохӯрӣ масъалаи баргузории Бозиҳои Олимпии Осиё дар соли 2030 дар Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Маводи таҳлилии худро “Ҷаҳоннамо” ба масъалаи бо барқ таъмин кардани аҳолии кишвар бахшид. Ҳамчун баҳонаи иттилоотӣ муаллиф аз 10 декабр сар то сари кишвар бо барқи доимии шабонарузӣ таъмин кардани аҳолиро гирифта, дар гузориши худ бо се масъулини ширкати “Барқи тоҷик” ҳамсуҳбат мешавад. Онҳо дар бораи он, ки “акнун аҳолӣ дигар аз набудани барқ танқисӣ намекашад” (Дустмурод Тоиров, сардори хадамоти марказии диспетчерии ҶСК “Барқи точик”, дар 35 зеристгоҳи барқии пойтахт гузаронидани корҳои таъмирӣ (Исмоил Маликов, мутахассиси ҶСК “Барқи тоҷик”) ва сарфакории нерўи барқу баланд бардоштани маданияти истифодабаранагони барқ (Абдуҳалим Самизода, муҳандиси шабакаҳои барқи ш/ Душанбе) баромад намуданд.
Журналист дар гузоришаш, ки аз 7 дақиқа бештар буд, дар бораи аз тарафи шаҳрвандон, “новобаста аз самти фаъолият ҳангоми истифодаи дилхоҳ таҷҳизоти барқӣ нисбати сарфаи қувваи барқ ғамхорона муносибат намудан”сухан ронда, сипас, дар бобати захираҳои энергетикии кишвар низ маълумот дод. “Аз 527 миллиард киловатт захираҳо танҳо панҷ дар сади он истифода гардидааст”, — гуфт муаллиф ва нофаҳмо монд, ки мо, тамошобинон, ки ба қатори дилхоҳ шаҳрвандони ҷумҳурӣ дохил ҳастему нисбат ба қувваи барқ, ба гуфтаи худи ӯ, бояд муносибати ғамхорона зоҳир намоем, захираҳои энергетикии кишварро бисёртар истифода намоем ё не?
P.S. Яке аз ҷолибтарин хабарҳои ҳафтаро аз сатри равон (бегушая строка) фаҳмидем. Тибқи он иттилоъ дода шуд, ки дар Кӯлоб аз як дарахти лиму то 300 дона ҳосил гирифтанд. Магар, ки рафта лимупарвариро ёд гирем.
Мониторинги барномаҳои ҷамъбастии ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизионии Тоҷикистон аз ҷониби «Новый репортер» дар заминаи доимӣ ҳар ҳафта ба роҳ монда шуда, рўзҳои сешанбе нашр мешавад.