ДомойНақди РасонаӣФурӯзонакҳои ватанӣ, «Шаҳри сабз»-и Рустами Эмомалӣ ва инқилобе дар ҷомеа. Шарҳи хабарҳои...

Фурӯзонакҳои ватанӣ, «Шаҳри сабз»-и Рустами Эмомалӣ ва инқилобе дар ҷомеа. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 14 то 21 декабр

Ҳафтаи сипаришударо дар телевизионҳои кишвар метавон давраи фаъолияти хадамоти матбуотии президенти кишвар муаррифӣ кард, чунки ҷариб ҳама гузоришҳои барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» туфайли ахбори расмӣ пур гардид. Мавзуъҳои асосии ҳафта — ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ, машварати кории сарвари давлат ва ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ…» буданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Тавре ки барандаи барномаи таҳлилӣ — иттилоотии «Тоҷикистон» Фахриддини Муҳаммадюсуф дар сархати хабарҳои ҳафтаина хонда дод, гузориши муфассал аз кушодашавии корхонаҳои нави саноатӣ аз тарафи хадамоти матбуотии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Аввал, аз кушода шудани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Ғаюр-Пак» дар санаи 16 декабр бо иштироки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гузориш дода шуд.
Дар он хабар доданд, ки корхонаи мазкур, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст, бо таҷҳизоти муосири аврупоӣ муҷаҳҳаз гардида, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад. Иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 50 миллион дона халтаи полипропилении яккарата буда, истифодаи онҳо, ба гуфтаи муаллифони гузориш, барои муҳит безарар мебошад.
Ба гуфтаи Комрон Каримов, директори генералии ҶДММ «Ғаюр Пак», ба туфайли ин корхона, 140 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гаштанд. Дар бораи ҳаҷми маош ягон даҳан гап назаданд.
Дар навори мазкур духтарак (дар титр хато — Маҳмуд Шукуров навишта шудааст) ва Шаҳноза Исматова ном коргар баромад карда, пеш аз ҳама миннатдории худро ба Пешвои миллат, Президенти кишвар расониданд, ки то ин вақт хонанишин буданд ва ҳоло ба фаъолият дар корхона оғоз намуданд.
Агар аз як тараф, корхона барои таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ кушода шуда бошад, аз дигар тараф, барои гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”, ки асосан семент истеҳсол менамоянд, муфид аст, чунки талабот ба халтаҳои полипропиленӣ хеле калон аст ва ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат хизмат менамояд.
Корхонаи мазкур дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.
Сипас, президенти кишвар бо ҳамроҳии раиси ш. Душанбе дар ҳамин технопарк корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодии ҶДММ «Ғаюр Корея Технолоҷӣ»-ро ифтитоҳ намуданд, ки он низ аз тарафи соҳибкор Акбар Ғуломов бунёд шудааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин аввалин корхонаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея мебошад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Тавре Юсуф Сафаров, директори иҷроияи Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» иттилоъ дод, дар корхона 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, дар он истеҳсоли беш аз 100 номгӯй маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Шараф Мадалиев, директори корхонаи мазкур иттилоъ дод, ки ҳарчанд фурӯзонакҳои истеҳсолии онҳо балансифатанд ва барои онҳо кафолат дода мешавад, дар сурати аз кор мондан, онҳоро партофтан даркор нест ва мизоҷон метавонанд фурузонакҳои истифодашударо ба корхона супорида, ба ивазаш фурузонакҳои навро гирифта баранд, то маблағашон сарфа шавад. «Дар кишварҳои ҳамсоя ин технологияҳо ҳоло истифода нашудаанд», — афзуд у.
Дар интиҳои гузориш рўнамои бунёди чор корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”муаррифӣ шуд, ки дар оянда ният доранд дар Душанбе корхонаҳои истеҳсоли рангҳои замонавӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти сантехникӣ ва асбоби барқиро сохта ба истифода диҳанд.
Мавзуи гузориши сеюм низ ҷолиб буд, чунки дар бораи аз нав ба кор даровардани «Комбинати орди Душанбе» пас аз 30 соли аз фаъолият монданаш, иттилоъ дод. Он бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардид.
Ҷолибияти гузориши саввум дар он буд, ки дар он дар баробари наворҳо (картинка) маълумоти зиёд оварда шуд. Масалан, дар баробари дар як шабонарӯз 400 тонна гандум коркард шудану 10 навъи орд истеҳсол кардани корхона, мо фаҳмидем, ки бори аввал дар кишвар истеҳсоли хуроки парранда, моҳӣ ва чорво роҳандозӣ мешавад, ки барои дустдорони ҳайвонот қулай аст, чунки хуроки моҳиҳо махсусан нархи гарон дорад, чунки аз дигар кишварҳо интиқол дода мешавад.
Баъди се гузориши корхонаҳои нав, баранда дар бораи баргузории машварати кории президент, ки 15 декабр баргузор шуда буд, иттилоъ дод. Дар он аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастгоҳи Раиси кишвар, раисони шаҳру ноҳияву вилоятҳо, масъулони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон, дигар идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бонкҳо иштирок карданд.
Дар гузориш иттилоъ дода шуд, ки дар ҷаласа — таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқу гармӣ ва маводи ғизоӣ, дар маҷмуъ — андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва назорати нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ буданд. Бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар, президент супориш дод, ки майдони кишту кори картошка ва ғалладонагиҳо зиёд карда шавад.
18 декабр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи видеоконференсия иштирок намуда, дар масъалаи дигаргуниҳои ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар пасманзари пандемияи COVID-19 суханронӣ намуда, даъват кард, ки дар доираи Иттиҳод, тадбирҳои муассиртар қабул шаванд, то ки сатҳи зиндагии аҳолӣ каме беҳтар гардад.
Мавзуи навбатии барнома ба тадбирҳои вобаста ба иқдоми «Шаҳри сабз», ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ шуд, гузориш омода намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 14 декабр раиси ш. Душанбе дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино ташриф оварда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд ва дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ду дарахти платан ва дар дар ҳудуди Боғи Ҷавонон низ дарахтони ликвидамбарро шинонид.
Аз гузориш маълум гардид, ки муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе оид ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, миёни аҳолии пойтахт ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд. Давоми як моҳи оғози мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ, дар миқёси шаҳри Душанбе зиёда аз 53 ҳазор дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши навбатии муфассали расмӣ аз сафари Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ба вилояти Хатлон баррасӣ шуд, ки онро мухбирони барномаи «Тоҷикистон» Самандар Исмоилзода ва Аҳлиддини Карим омода намуданд.
Гуфта мешуд, ки аз 17 то 19 декабр сарвазир дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Восеъ, Кулоб, Фархор ва Бохтари вилояти Хатлон сафар намуда, нахуст аз раванди корҳои сохтмонии бинои нави 5-ошёнаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, марҳилаи ба истифододадиҳии хати обии тозаи нӯшокӣ, воқеъ дар деҳаи Офтобрӯяи ноҳия, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Кангурт боздид намуда, бо корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли ҷумҳурӣ дар дигар ноҳияҳо низ ошно гардид. Дар интиҳо сарвазири мамлакат рафти сохтмони роҳи Душанбе-Бохтарро мавриди тафтиш қарор дода, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар охирин гузориши худ чорабинии муҳими фарҳангӣ — ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” баррасӣ шуд. Дар он муаллиф иброз дошт, ки “дар ҷомеаи мо ин озмун инқилоберо ба вуҷуд овардааст” ва бино бар гуфтаи ў, барои ҷавонону наврасони кишвар усуле мебошад, ки донишҳои худро афзун гардонанд. Барои мо, тамошобинони оди бошад, иштироки роҳбарони сатҳи аввал – вазирону раисони кумитаҳо дар маросими ҷоизасупори ва Президенти Академияи илмҳои ҶТ, Раиси нависандагони Тоҷикистон ва дигар шахсони бонуфуз ба ҳайси ҳакамон хотирнишон монд. Мумкин сабаби чунин фаъолмандӣ, иқдоми пешгирифтаи президенти кишвар аст, ки соли дуюм аст, гузаронида мешавад ва ин бор хеле хотирмон буд,
Бино бар гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар озмун беш аз 160 ҳазор нафар (аз 5 то 70 сола) иштирок намуда, 76 нафари онҳо, аз он ҷумла, ду шахси нобино ҷойҳои баландро сазовор шуданд. Шоҳҷоизаро дар соли 2020 Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11-ум аз шаҳри Панҷакент соҳиб гардид, ки ба у диплом ва 60 000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим шуд.
Бо пешниҳоди Вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 нафар иштирокчии фаъол, ки хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд, роҳхат барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода шуд ва бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон се нафар ба аъзогии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сазовор гардиданд. Ба андешаи ман, ин аст инқилоби мадании ҳақиқӣ, ки кас метавонад тариқи чунин озмун ба аъзогии Иттифоқ дохил шавад, ки кори саҳл нест ва борҳо шоҳиди он гаштем, ки шоиру нависандагони шинохтаро низ ба аъзогӣ напазируфтанд.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Ҳамчун барномаи ҷамъбастии шабакаи “Тоҷикистон”, барномаи “Ҷамъбасти ҳафта” низ аз гузоришҳои омоданамудаи хадамоти матбуотии президенти кишвар иборат буд ва ягон маводи худӣ, эксклюзивӣ надошт. Гуё барои мухбирон истироҳат дода бошанд.
Барандаи барнома Зубайдуллои Убайдулло дар оғоз маводи баррасишавандаро хонд ва маълум гардид, ки “сафиначиён” дар муқоиса бо шабакаи асосии кишвар (“Тоҷикистон”) тасмим гирифтанд, гузориши ҳамкорони худ аз Хадамоти матбуотии Президенти кишварро аз маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориш аъзои Ҳукумат, яъне вазирону раисони кумитаҳои давлатии кишвар ба президенти кишвар савганд ёд карданд, ки “манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд”.
Баъди савгандёдкунӣ онҳо ба савгандномаи худ имзо гузошта, аз руи протоколи расмӣ ба президент супориданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ин маросим мутобиқи моддаи 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои Ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Дигар гузоришҳои расмии Хадамоти матбуотии Президенти кишвар аз рафти ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ, аз машварати кории Раиси ҷумҳур, аз рафти сафари кории сарвазири Тољикистон ба вилояти Хатлон, маъракаи дарахтшинонии Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ ва маросими ҷоизасупорӣ пас аз ҷамъбасти озмуни ҷуҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” баррасӣ гардиданд, ки аз паси кадр бе иштироки муаллифон хонда шуданд.
Фарқи ин барномаи “Ҷамъбасти ҳафта” аз “Тоҷикистон” дар он буд, ки тартиби гузоришҳоро иваз намуданд. Яъне аввал ахбори расмиро аз савгандёдкуниву машварати кории президент, пас аз ҷаласаи ИДМ ва иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар он ва дар охир, аз ифтитоҳи корхонаҳои нав монданд, дар ҳоле ки дар шабакаи асосии кишвар аксенти асосӣ ба ифтитоҳи корхонаҳо дода шуд.

“Ҳафт руз” , ТВ “Ҷаҳоннамо”
Барномаи ҷамъбастии ТВ “Ҷаҳоннамо” низ пурра аз хабарҳои расмӣ иборат буда, гузориши аввалиаш ба ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ, ки тариқи видеоконфронс сурат гирифт, бахшида шудааст. Тибқи гузоришҳои омодагардидаи Хадамоти матбуотии раиси кишвар, баъди ҷаласаи ИДМ, дар бораи маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, машварати кории Президенти ҷумҳурӣ, кушодашавии се корхонаи саноатӣ дар Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ гузоришҳои муфассал баррасӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Тибқи гузориши охир, иттилоъ дода шуд, ки то соли 2030-ум, 70 корхонаи саноатӣ дар мамлакат ба кор дароварда мешавад, ки метавонад боиси хурсандии мардум гардад, чунки барои коҳиш ёфтани муҷоҷират мусоидат менамояд.
Дар натиҷа маълум шуд, ки дар барномаҳои таҳлилӣ-иттилооти мо ягон маводи таҳлилиро оиди мавзуи баррасишаванда пайдо накардем.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ