ДомойНақди РасонаӣБоз сарфакорӣ ва симфонияи «Роғун». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон...

Боз сарфакорӣ ва симфонияи «Роғун». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 4 то 10 январ

Ҳафтаи сипаришуда мавзуъҳои гузоришҳои барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» чун ҳафтаи пешин ба сарфакунии қувваи барқ, аҳамияти таърихии китоби «Тоҷикон» ва озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» бахшида шуда буданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Ахбори расмӣ аз шиносоии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони «Истиқлол»-и пойтахт иборат буд. Дар гузориши омоданамудаи хадамоти матбуотии сарвари кишвар гуфта мешуд, ки ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, Пешвои миллат ва раиси пойтахт дар мавзеи алоҳидаи майдони Истиқлол, ки барои сабзкорӣ ва бунёди боғу гулгашт ба нақша гирифта шудааст, дарахтони сӯзанбарги кабуд шинониданд, ки аз Италия ворид гардидааст.

«Душанбе дар гузашта ҳам боғшаҳр буд, вале бо бунёди боғҳои нави фарҳангию фароғатӣ ва навсозию ободонии бесобиқаи боғҳои пешина ин шаҳри дилҳо кунун воқеан ба сабзшаҳр ва ё боғшаҳри камназири дунё табдил ёфтааст. Зеро пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирҳои арзандаи таҳсину офаринро роҳандозӣ намудаанд», — қайд намуданд аз хадамоти матбуоти президенти мамлакат.

Дар гузориш таъкид шуд, ки дар 10-15 соли охир дар Душанбе беш аз 20 боғи фароғатӣ ба туфайли иқдому ташаббусҳои ибратбахши пешвои миллат азнавсозӣ ва бунёд гардидааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Баъд дар наворҳо тарҳи майдон ва маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” намоиш дода шуд, яъне дар оянда мо онро чи гуна мебинем. Инчунин таъкид шуд, ки лоиҳаи ангоравии ин иншооти боҳашамат аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардидааст.

Гузориши дуввум ба масъалаи мушкилоти барқ дар чиллаи зимистон ва муҳим будани сарфакории он бахшида шуда буд. Муаллифони гузориш бори дигар таъкид карданд, ки ҳар як шаҳрванд бояд заковат ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошад.

Сабаби барқкуширо сар то сари кишвар, махсусан дар деҳот, масъулон дар кам будани сатҳи оби НБО «Норак» ва дигар обанборҳо номиданд. Масалан, сармуҳандиси НБО «Норак» Рустам Фозилов изҳор дошт, ки барои мунтазам коркард намудани қувваи барқ дар як сония 40 метри мукааб об лозим аст, аммо сатҳи оби обанбори Норак дар ҳолати 6 январ, 21 метр паст шудааст, ки аз меъёр се маротиба камтар аст. Сабабашро Робия Қандаҳорова, ки ҳамчун корманди сармуҳандиси НБО «Норак» муаррифӣ шуд, дар паст шудани ҳарорати ҳаво ва аз ин сабаб кам шудани маҷрои об номид.

Муаллифи гузориш таъкид намуд, ки «бо сарфаи об сокинони сарбаланду саодатманди Тоҷикистон бо таври доимӣ бо барқ таъмин хоҳанд буд».

Гузориши навбатӣ ба аҳамияти китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бахшида шуда, муаллифи гузориш таи чанд сония дар кадр китоб мехонад. Ӯ изҳор дошт, ки китоби аз нав бори чорум интишоршуда, ки ба аҳолии кишвар бо супориши президенти ҷумҳурӣ тақдим мегардад, хеле хонданбоб буда, шахс вақти мутолиа хастагиро ҳис намекунад ва чашм осеб намебинад. «Муқова ҷилодор, қоғаз офсетӣ ва ҳуруф – хонданбоб, яъне хонанда имкон дорад, ки шоҳасари беназирро бароҳат мутолиа намояд», — хулоса намуд журналист ва инчунин гуфтаҳои Ричард Фрайро дар бораи аҳамияти китоби «Тоҷикон» таъкид намуд.

Сужаи чорум ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» бахшида шуда, аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон гузориш омода гардид. Ғолиби озмун, хонандаи мактаб Иброҳим Иброҳимзода дастовардҳои худро номбар намуда, бо фахр изҳор дошт, ки мусиқии хориҷии «Деспозито»-ро навохтааст, як ҷавони дигар, ки худро чун оҳангсоз муарррифӣ намуд, нақл кард, ки достони симфонии «Роғун»-ро навиштааст.

Гузоришҳои дигари барнома ба намоишномаҳои театрӣ ва кам ташриф овардани мардум ба театр, инчунин коҳиш ёфтани шумораи сироятёбӣ бо коронавирус ва тавсияи табибон, ғайри ин, ба кишту кори зимистона ва яхобмонӣ бахшида шуда, сужаи охир аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки аз як мавзеъ ду маротиба — рузонаю шабона ба навор гирифта шуда, аз рафти шудгори заминҳои лалмӣ дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон нақл мекунад.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Дар муқоиса бо шабакаи «Тоҷикистон», сафиначиён ахбори расмиро аз барқияи изҳори тасаллии президенти кишварамон ба президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо дар иртибот ба ин фоҷиаи вазнин -суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Индонезия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, оғоз намуданд.

Инчунин дар бораи рафти корҳои сохмонӣ аз маҷмааи майдони Истиқлол гузориши муфассал интишор шуд.

Гузориши навбатии барнома ба аҳамияти китоби безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва тақсими он ба аҳолӣ бахшида шуда, ҳамчун руйдоди муҳими таърихӣ муаррифӣ карда шуд. «Пешвои миллат ба ҳар сокини миллат лутф карданд, ки ба хонадони онҳо ин китоб тақсим шавад. Ин аз ҳиммат, ғайрат ва ҷавонмардии он кас далолат мекунад ва барои зиёд шудани ифтихори миллӣ кумак менамояд», — изҳор дошт яке аз мусоҳибони гузориш.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши мухбирон аз вилояти Суғд ба сарфакунии барқ ва инчунин норасоии об бо сабаби сард омадани зимистон бахшида шуда буд. Дар он сокини ш. Хуҷанд Нурулло Охунов таъкид намуд, ки мардум бояд сарфакориро омузанд ва қувваи барқро ҳарчи камтар истифода намуда, хонаҳои худро бо ангишту ҳезум гарм намоянд.

Инчунин вобаста ба ин, хабар дода шуд, ки талабот ба ангишт зиёд шудааст ва гузориши дигар аз ш. Кулоб омода гардид. Хабар дода шуд, ки 100 тона ангишт бо нархи 90 дирам барои як кило ба фуруш бароварда шуд.

Мавзуи яхобмонӣ ва киштукор дар гузоришҳо аз Турсунзода ва Темурмалик омода гардида, дар бораи оғози кишти картошкаи барвақтӣ низ хабар дода шуд.

Қаҳрамони гузориши навбатӣ Санавбар Нуруллоева — собиқадори меҳнат аз ш. Гулистон дар бораи мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ гап зада, дар баробари ин, барои беҳтар шудани системаи бо об таъминнамоии шаҳр, ки 4 чоҳи обкаширо таъмир ва насб намуданд, изҳори сипос намуд.

Гузориши навбатӣ ба аҳамияти калони фарҳангӣ доштани озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» бахшида шуда, дар он дар бораи иштирокчӣ ва ғолиби озмун Саидамир Боқиев – хонандаи синфи 11-уми яке аз мактабҳои Душанбе нақл карда шуд.

Гузориши навбатӣ ба аҳамияти бузурги фарҳангии озмуни «Субҳи ҳикмат — китоб» бахшида шуд, ки дар бораи иштирокчӣ ва ғолиби озмун Саидамир Боқиев, хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои Душанбе нақл кард.

Ҳафт руз” , ТВ “Ҷаҳоннамо”

Баъди гузориши расмии хадамоти матбуоти президенти кишвар аз рафти корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи «Истиқлол», муаллифони барнома шарҳи навбатии худро ба масъалаи сарфаи неруи барқ бахшиданд.

«Энергетика омили муҳимтарини ҳастии олам дар асри XXI ба ҳисоб меравад”, — бо чунин суханҳо оғоз шуд гузориши навбатии барнома. Дар он оид ба бетарафии ҷомеаи байналмиллалӣ оид ба проблемаи обшавии босуръати пиряхҳо ва ивазшавии иқлим гап зада, таъкид гардид, ки мо бояд захираҳои обӣ дошта бошем ва он вақт марҳилаи нави энергетикаи Тоҷикистон барои коҳиш ёфтани норасоии барқ кумак менамояд.

https://www.youtube.com/watch?v=1aHwFVfyxEE

Ду гузориши дигар ба шудгори зимистона ва тоза намудани заҳбуру обёрии заминҳо дар хоҷагиҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида шуда буданд.

Гузориши охири барнома ба озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ғолибони он аз ноҳияи Муминобод бахшида шудааст. Хонандаи синфи 10, ғолиби яке аз номинатсияҳои озмун Аъзамҷони Шодӣ изҳор дошт, ки беш аз 20 роман, 44 повест ва новелларо хонда 70 ғазалро аз ёд кардааст. Қаҳрамони дигари гузориш – Далерҷон Боев, корманди шуъбаи фарҳанги ноҳия гуфт, ки озмун дар инсон ҳисси ватандустиву ватандориро тарбия мекунад ва гузаронидани он хеле муфид аст.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ