ДомойНақди РасонаӣПахтачинӣ дар чиллаи зимистон. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз...

Пахтачинӣ дар чиллаи зимистон. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 10 то 17 январ

Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои асосии телевизионии кишвар — «Тоҷикистон», «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» бори чаҳорум дар бораи «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» қисса карданд, бори сеюм дар бораи аҳамияти китоби «Тоҷикон» гуфтанд ва бори дигар хотиррасон карданд, ки сокинон бояд қувваи барқро сарфа кунанд. Хабарнигорон ҳикояҳои такроршавандаро танҳо бо ҳикоя дар бораи ҷамъоварии ҳосили пахтаи моҳи январ идома доданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Дар сархати хабарҳои муҳими ҳафтаи сипаришуда шарҳи телевизионии Нуриддини Қурбон дар бобати афзоиши маҷмуи маҳсулоти миллӣ ва вобаста ба он афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ баррасӣ шуд. Ба гуфтаи муаллиф, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва бо ин васила, афзоиш додани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар мавқеи назаррас дорад. Дар ин зимн аз кушода шудани корхонаҳои нави саноатӣ наворҳо пахш шуда, иттилоъ доданд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба қадри имкон таъмин гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, аммо ягон факту рақами аниқ оварда нашуд. Муаллиф танҳо қайд намуд, ки ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст ва мусоҳибони ӯ — Баҳром Шарифов, коршиноси соҳа ва Қобил Ташрифов , корманди вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ низ қайд намуданд, ки дар мамлкат чандин корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз қабили шифербарорӣ ва дузандагӣ кушода шудааст. Дар охири шарҳи таҳлилӣ муаллиф афзуд, ки маҳз саноатикунонии босуръат ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот метавонад ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар оварда расонад.

Гузориши навбатӣ ба мавзуи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва сохтмону азнавсозии роҳҳои дар вилояти Суғд қарор дошта бахшида шудааст. Хабар дода шуд, ки 100 километр роҳҳои вилоят аз ҳисоби ҳукумат мумфарш карда шуданд. Дар наворҳо роҳҳои чандин шаҳру ноҳияҳои вилоят нишон дода шуда, аз ҷумла таъкид шуд, ки масалан, роҳҳои дохилиноҳиявии Исфара-Кулқанд-Сурх аз ҷониби соҳибкори ватандуст сохта шудааст, аммо ному насаби аниқи ӯ номбар нашуд. “Дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ соли гузашта 6 км роҳи дохили ҷамоат аз ҷониби шахсони баруманди диёр мумфарш ва таъмир карда шуд”, — омадааст дар гузориш ва ин бор низ номи шахсони баруманд ифшо нашуд. Бо вуҷуди ин, дар анҷом мушкилоти вайрон будани роҳҳои дохилии деҳаву маҳаллаҳо, ки чандин соли охир мумфаршу тармимро надидаанд, баррасӣ гардид.

Мавзуи гузориши навбатии Гулчеҳраи Саттор ба татбиқи лоиҳаи идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ дар мисоли ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида шудааст. Дар он аз рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуда қайд гардид, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ то соли 2022 ҳавзи калони таҳшинкунанда месозанд. Тибқи лоиҳа ин ҳавзи тахшинкунандаи об, ки дарозиаш 778 метр мебошад, метавонад чандин кубометр оби дарёро аз сангу шағал тоза намуда, беш аз 11 ҳазор гектар заминҳои деҳқониро бо оби полезӣ таъмин намояд.

Мавзуъҳои гузоришҳои дигар ба омода намудани майдонҳои кишт ва яхобмонӣ боз ҳам дар вилояти Хатлон, риояи гигиенаи шахсӣ дар кучаву ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ барои сироят наёфтан бо коронавирус ва аҳамияти китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафурову тақдими он ба аҳолӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буданд.

Гузориши охири барнома чун ҳафтаҳои пешин гирди озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» қарор гирифта, дар он корманди Вазорати маориф ва илми ҶТ Ҷалолиддин Амиров мардумро барои баланд бардоштани маърифати китобхонӣ ҳидоят намуд.

Инчунин яке аз ғолибони озмун, хонандаи мактаб Сайидо Шарифӣ дар баромадаш қайд намуд, ки «Миллати тоҷик китобхон, китобдуст ва соҳибкитоб буда, дар арсаи ҷаҳонӣ чун миллати бофарҳанг муаррифӣ гаштааст» ва гузаронидани чунин озмун «як иқдоми аҷибест, ки дар тамоми дунё овоза шудааст, ки чунин озмун вуҷуд дорад». Дар гузориш инчунин аз тарафи омузгорон ва хонандае пешниҳод гардид, ки дар оянда яке аз номинатсияҳо ба илмҳои дақиқ бахшида шавад. Вобаста ба ин, корманди вазорат Амиров боз дар экран пайдо шуда, дар бораи аҳамияти фанҳои дақиқ гап зад ва ин пешниҳодро дар доираи эълон шудани 20-солаи рушди фанҳои дақиқ бисёр мувофиқ муаррифӣ намуд. Ӯ афзуд, ки «адабиёти классикии мо саршор аз фанҳои дақиқ аст».

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Гузоришҳои нахустини барномаи ҷамъбастии ин шабака низ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти кишвар бахшида шуда, дар он аз рафти омодагиҳо дар шаҳрҳои Ҳисор ва Истаравшан иттилоъ доданд. Гуфта шуд, ки то моҳи сентябр дар Ҳисор 424 иншоот, аз он ҷумла, 10 мактаб ва 6 муассисаи томактабӣ ва дар Истаравшан аз 70 иншоот – 54-тоаш аллакай ба истифода дода шуда, дар мактаби деҳаи ҷамоати Гули Сурх 10 синфхонаи иловагӣ месозанд.

Гузориши дигар аз рафти маъракаи тақсими китоби безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон омода шуда, дар он дар бораи аҳамияти ин китоб ва сипосгузорӣ аз иқдоми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд.

Сарфакорона истифодаи  бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтӣ барои истифодаи он — чунин буд мавзуи гузориши навбатӣ аз ш. Ваҳдат, ки дар бораи рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва ба номи А. Абдулвосиев хабар медиҳад. Дар гузориш шахсони масъул ва худи сокинон баромад намуда, гуфтанд, ки муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” дар бораи сарфакории қувваи барқ ва истифода аз сузишвории алтернативиро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Алимардон Қодирзода, раиси ҷамоати деҳоти Гулистон дар суҳбат афзуд, ки онҳо 4 гуруҳи кориро ташкил дода, ба деҳаҳо сафарбар намудаанд ва аз мардум ба миқдори зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ пардохти пули қувваи барқро ҷамъоварӣ намуда ба давлат супориданд. Дар гузориш фаровон печкахои давраи пешин, ба ном “буржуйкахо” нишон дода шуда, аз номи сокинони деҳот гуфта шуд, ки онҳо барқро танҳо барои равшан намудани хонаҳо ва тамошои “оинаи нилгун” истифода мекунанд. Файзимоҳ Назарова ном зани солхурда иброз дошт, ки ӯ хурокро фақат дар дегдон мепазаду “пилта гуфтанӣ ва дигар ягон чизи қувваи барқро истифода мекардагӣ” надорад.

Гузориши дигари “Сафина” низ ба ин мавзуъ бахшида шуда, аз шаҳри Исфара матраҳ шудааст. Мухбир иброз дошт, ки мардум асосан барои истифода аз ангишту ҳезум ва гази моеъ ҷалб карда мешавад ва дар наворҳои аз нуқтаи сузишворӣ гирифта шуда аён гардид, ки сокинон бо истифода аз баллонҳои хурд чӣ гуна гази моеъро пур мекунанд. Дар асл бошад, истифодаи чунин таҷҳизот аз ҷониби хадамоти оташнишонии кишвар манъ карда шудааст. Инчунин аз суханони сармуҳандиси ҶСК “Ангишт” дар ш. Исфара Ҳусейн Зокиров маълум гардид, ки як кило ангишт дар Исфара 60-65 дирам арзиш дорад, ҳол он ки нархи он дар Душанбе то 1-2 сомони боло рафтааст.
Дар барнома гузориши нодир — аз рафти чиниши пахта дар ноҳияи Восеъ баррасӣ гардид. Дар он гуфта шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Раҳматулло” сардиҳои аввали январро аз сар гузаронида, натавонистанд дар вақташ ҳосилро ҷамъоварӣ намоянд ва рузҳои 15-16 январ, ки офтобӣ буданд, 3 тонна пахта чиданд. Бино ба гуфтаи Саидаҳмад Ҳомидов, сардори хоҷагии деҳқонии “Раҳматулло”, ин пахта ҳосили кишти дуюм буда, барои талаф наёфтани он вазифа гузошта шуд, ки то кӯраки охирин пахтаро ҷамъоварӣ намоянд.

Гузоришҳои дигари барнома ба бунёди боғи ниҳолпарварӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва гармхонаҳои нав дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида шуданд. Чун дар нашрҳои қаблии барнома гузориши ҷамъбастӣ аҳамияти озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ”-ро дар тарбияи насли наврас нишон дод.

“Ҳафт руз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”
Гузориши аввалини барнома ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд то соли 2030 бахшида шуда, дар он профессор Аброр Мирсаидов назари худро дар ин бора мегуяд. Ба гуфтаи ӯ, раванди гузариш аз кишвари воридоткунанда ба кишвари содиркунанда хуб ба роҳ монда шуда, умед аст, ки то соли 2030 Тоҷикистон ба давлати рушди устувор дохил мешавад. Далели чунин дигаргуниҳо, ба гуфтаи ӯ, 31% кам шудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ва зиёд шудани шумораи корхонаҳои нави истеҳсолӣ мебошад ва ин маънои онро дорад, ки мо аллакай ба кишвари сатҳи миёна расидем.
Гузориши навбатии «Ҳафт руз» низ ба шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва аҳамияти он барои тоҷикистониён бахшида шуда буд. Сайдулло Қувватзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ иброз дошт, ки иқдоми байни аҳолӣ тақсим намудани чунин шоҳасар саривақтист. “Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ як раванди шадиди сиёсӣ ҷо дорад: раванди таърихсузӣ ва таърихдуздӣ ва баъзе кишварҳо мехоҳанд хотираи таърихии баъзе миллатҳоро аз байн бибаранд. Дар ин раванди сиёсӣ дастрас намудани ин китоб мусоидат ба он мекунад, ки мо хотираи таърихии худро қавӣ гардонем, аз каму костагии таърихӣ сабақ гирем, хатогиҳои таърихиро ислоҳ намоем ва ояндаи дурахшони худро муайян кунем”, — қайд намуд мусоҳиб.

https://www.facebook.com/safeddara

Гузориши Раҳматулло Мирзозода ба аҳамияти озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бахшида шуда, дар он қайд гардид, ки озмуни мазкур диққати миллатро ба омузиши китоб ҷалб кард ва ҳамаи моро китобхон намуд. Дигар гузориши барнома аз ноҳияи Спитамен ба азхудкунии заминҳои обӣ ва мубориза бо шуршавии заминҳою яхобмонӣ бахшида шуда буд. Баъди он аз маҷмааи сайёҳиву лижаронии “Сафеддара” гузориш омода шуда, дар он аз бобати фоидаи роҳгардӣ бо усули скандинавӣ, ки дар ин мавзеъ роҳандозӣ карда шудааст, хабар доданд.

Гузориши охири барнома ба лоиҳаи “E-дониш”, ки аз ҷониби “Шаҳри ҳушманд” амалӣ мегардад, бахшида шуд. Аз ҷумла қайд шуд, ки бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ лоиҳа дар тамоми мактабҳои пойтахт роҳандозӣ мешавад.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ