ДомойМедиалентаРӯзноманигори Осиёи Марказӣ дар бораи илм бояд чиро донанд?

Рӯзноманигори Осиёи Марказӣ дар бораи илм бояд чиро донанд?

Илм дунёест, ки тибқи қоидаҳои худ кор мекунад ва он дар ҳар як кишвар гуногун аст. Дар бораи оне, ки илм дар минтақаи мо чӣ гуна кор мекунад, дар нахустин Мактаби журналистикаи илмӣ ва тиббии Осиёи Марказӣ сӯҳбат карданд.

«Новый репортёр» иқтибосҳои баромади олимони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро гирд овард.

Қазоқистон

Дамел Мектепбаева, биотехнолог, мутахассиси соҳаи менеҷменти инноватсионии Донишгоҳи Назарбоев, ғолиби озмуни коммуникатсияи илмии FameLab дар бораи сохтори илми Қазоқистон нақл кард. Ҳоло чанд иқтибоси ҷолибро аз ҷаласаи Дамел пешниҳоди шумо мегардонем:

— Дар Қазоқистон зиёда аз 20 000 ходимон ва садҳо ташкилотҳои илмӣ мавҷуданд. Илмро ба ду қисм тақсим мекунанд — илми фундаменталӣ, вақте олимон меомӯзанд, ки ҷаҳони мо чӣ гуна кор мекунад. Дигар илми татбиқшаванда, вақте ки илм барои ҳалли масъалаҳои мушаххаси амалия истифода мешавад. Таҳияи ваксинаҳо, ки ҳоло мавзуъи доғи рӯзанд, ба қисми дуюм дохил мешаванд. Ин ду гурӯҳ олимон комилан мухталифанду бо корҳои гуногун машғуланд. Ҳарду қисми илм хеле муҳиманд. Солҳои охир Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон ҳангоми ҷудо кардани грантҳо диққати худро ба соҳаи амалӣ равона мекунад.

— Дар Қазоқистон қисми зиёди корҳои илмиро давлат маблағгузорӣ мекунад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон грантро эълон, олим таҳқиқоти илмиро тавсиф ва вазорат дархостро баррасӣ мекунанд. Инчунин грантҳои байналмилалӣ мавҷуданд, ки барои пешниҳоди дархост ба он бояд донандаи хуби забони англисӣ бошӣ. Дар маблағгузории грантӣ камбудиҳо низ мавҷуданд. Барои олимон маоши муайян вуҷуд надорад. Агар грант ба итмом расаду олимон барои гирифтани гранти дигар муроҷиат накунанд, бидуни маош мемонанд. Аз ин рӯ, бисёриҳо якчанд лоиҳаҳоро баробар иҷро мекунанд.

Дамел Мектепбаева

— Дар илми Қазоқистон мушкилиҳо мавҷуданд: буҷа, вақт, дастрасӣ ба мақолаҳои илмӣ, ҳисоботҳо. Олимон натанҳо аз ҳисоби маоши паст дилгиранд, балки аз суръати татбиқи илм ва бюрократия низ қаноатманд нестанд.

— Тавсияҳои дарёфти маълумот дар бораи олимон ё таҳқиқотҳо: сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон барои истифодабарандагон маълумоти зарурӣ ва тамос бо олимонро дода наметавонад. Дар он сомона асосан ҳисоботи муқоисавӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо муфид аст, мавҷуданд. Шумо инчунин метавонед аз сомонаи nauka.kz ё вебсайтҳои баъзе донишгоҳҳо истифода баред. Масалан, сомонаи Донишгоҳи Назарбоев.

— Агар шумо мехоҳед, ки дар бораи олиме маълумот пайдо кунед, метавонед индекси Хиршаи ӯро бубинед. Индекси Хирша — ин ҳосилнокии олимонро инъикос мекунад. Барои ин як воситаи Google Scholar мавҷуд аст, ки дар он шумо ба индекси H таваҷҷуҳ хоҳед кард. Мушкилоти худтанзимкунӣ барои Қазоқистон мубрам аст. Агар дар мақолааш олим ба худ ишора кунад, пас ин боиси шубҳа мегардад.

— Мақолаҳои илмӣ кори заҳматталаб аст, ки вақти зиёдро талаб мекунад. Мақолаи илмӣ фавран қабул карда намешавад, барои баррасӣ фиристода мешавад. Ман дар бораи маҷаллаҳои баррасишавандаи Қазоқистон чизе намедонам. Маҷаллаҳое мавҷуданд, ки ҳар маводе мефиристанд, чоп мекунанд ё кафолати нашрро медиҳанд. Шумо бояд бо онҳо эҳтиёткор бошед, ин тиҷорат аст.

Тоҷикистон

Мамадшо Илолов – профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМСТ), доктори илмҳои физика ва математика дар бораи чигуна кор кардани илми муосир дар Тоҷикистон қисса кард:

— Имрӯз илми Тоҷикистон аз чор қонун асос ёфтааст: «Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои олӣ ва баъди он», «Дар бораи таҳсилот».

— Дар кишвар се соҳаи илм мавҷуд аст: академӣ, саноатӣ, донишгоҳӣ. Бахши академӣ аз пажӯҳишгоҳҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иборат аст. Соли 2020 собиқ Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳайси як шуъбаи илмҳои тиб ба ҳайати Академияи Миллии Илм ва Технология дохил шуд. Ҳоло академия дорои чор шуъба мебошад. Ҳар як бахш марказҳои илмӣ ва институтҳои таҳқиқотиро дар бар мегирад. Масалан, шуъбаи тиббӣ 13-то чунин сохтор дорад. Дар шуъбаҳои илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техника низ 13 пажӯҳишгоҳи илмӣ мавҷуданд. Кафедраи илмҳои ҷамъиятӣ аз ҳафт ва шуъбаи илмҳои биологӣ аз шаш пажӯҳишгоҳу марказҳои илмӣ иборатанд.

— Маблағгузории илми муосири тоҷик асосан аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад. Даромадҳои иловагӣ бошад, аз ҳисоби муносибатҳои шартномавӣ ва грантҳо мебошанд. Масалан, соли 2018 барои илм 66,9 миллион сомонӣ (5,8 миллион доллар бо қурби ҳозира) ва соли 2017 — 5,3 миллион доллар ҷудо карда шуда буд. Албатта ин миқдори кам аст, аммо шарҳҳои илмӣ одатан нишондиҳандаҳои асосии илмро таъмин мекунанд. Инҳо хароҷоти дохилӣ барои таҳқиқот ва рушд ҳамчун фоизи ММД мебошанд. Дар мавриди Тоҷикистон, ин рақам 0,086% -ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса: дар Русия — 1,1%, Исроил — 4,25%, Кореяи Ҷанубӣ — 4,24%, Швейтсария — 3,37%.

— Олимони Тоҷикистон аз грантҳои дохиливу хориҷӣ истифода мебаранд. Масалан, грантҳои Бунёди Президент оид ба таҳқиқоти асосӣ, ки барои лоиҳаҳои илмӣ ҷудо карда мешаванд. Соли 2020, онҳо 250 ҳазор сомонӣ (тақрибан 22 ҳазор доллари ИМА) -ро ташкил доданд. Грантҳои байналмилалӣ низ барои олимони тоҷик дастрасанд, ки онҳо дар соли 2020 қариб 1,5 миллион сомонӣ (тақрибан 131,5 ҳазор доллари ИМА) гирифтанд. Грантҳои фонди президентиро асосан олимони ҷавон мегиранд. Ҳамзамон онҳо барои грантҳои байналмилалӣ низ муроҷиат мекунанд. Инчунин марказҳои илмие ҳастанд, ки аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда намешаванд, аммо дар ҳар сурат, онҳо аз аккредитатсияи давлатӣ мегузаранд.

Ӯзбекистон

Дар бораи илми Ӯзбекистон Рустам Ашуров, олим, ходими калони илмии Институти ион-плазма ва технологияҳои лазерии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон қисса кард:

— Дар Ӯзбекистон илмро ду шуъба пешбарӣ мекунад — Вазорати маълумоти олӣ, Академияи илмҳо ва як шуъбаи дигар — Вазорати рушди инноватсионӣ онро маблағгузорӣ мекунад. Аз ин рӯ, агар мехоҳед, ки илмро танқид кунед, пас шумо бояд дарк кунед, ки маҳз чӣ чиз ба шумо маъқул нест — мундариҷа ё маблағгузорӣ. Ва ё мувофиқа карда, барои танқид ба ҷойҳои гуногун муроҷиат кунед.

— Барои илм дар Ӯзбекистон 0,18% ММД сарф карда мешавад. Ин миқдори хеле ночиз аст ва барои эҷоди инфрасохтори технологӣ кофӣ нест. Барои ҳар як миллион аҳолии Ӯзбекистон 496 кормандони илмӣ рост меоянд, ки тамоюли боло рафтанро дорад. Шумораи заноне, ки дар соҳаи илми мамлакати мо машғуланд, дар сатҳи кишварҳои мутараққӣ, 41% -ро ташкил медиҳанд. Ҷавонон бошанд, кам ба соҳаи илм мераванд. Гарчанде ки фаъолияти илмӣ дар кишвар меафзояд. То соли 2019 — аз рӯйи маълумоти пойгоҳи Scopus — 1477 мақола аз муаллифони Ӯзбекистон нашр шудаанд. Бештар аз ҳама дар бораи физика ва математика, афзоиши технологияҳои компютерӣ навиштаанд.

Рустам Ашуров

— Соли 1991 дар Ӯзбекистон мактаби пурқуввати илмӣ вуҷуд дошт. Сипас таназзул ба амал омад. Дар соли 2016, тағйиротҳо сар шуданд. Гузариш ба системаи асосии маблағгузорӣ ба амал омад. Ҳоло барои кадрҳои ҷавон таҷрибаомӯзӣ амал мекунад. Қаблан мо ҳамеша ба Қазоқистон, ки ҳама чиз беҳтар аст, бо ҳавас менигаристем.

— Оё нашрияи илмӣ натиҷа дорад? Нашрия танҳо як қисми сафари илмӣ мебошад. Сохтор ингуна аст: нашрия — муҳокима — иқтибосҳо — натиҷаи илмӣ.

***

Мактаби журналистикаи илмӣ ва тиббӣ дар Осиёи Марказӣ бо забонҳои русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ баргузор мешавад. Ширкаткунандагони мактаб тақрибан 100 рӯзноманигор, муҳаррир, вебнавис, таблиғгари илм ва олимоне ҳастанд, ки мехоҳанд дар бораи илм ба таври содаву дастрас сӯҳбат кунанд. Тӯли ду ҳафта дар Мактаби журналистикаи илмӣ ва тиббӣ маърӯзаҳо, ҷаласаҳои интерактивӣ, санҷишҳо ва семинарҳо баргузор мешаванд, ки ба ширкаткунандагон дар соҳаи илму малакаи рӯзноманигории соҳаи тандурустӣ кӯмак мерасонанд.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии #MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ