Ҳудуди сад рӯзноманигору коршиносони расонаии Тоҷикистон аз соли гузашта инҷониб дар атрофи нусхаи таҷдидшудаи ҳуҷҷате, ки меъёрҳои ахлоқии расонаиро баён мекунад, мубоҳиса мекунанд. Муҳокимаи ҳуҷҷат аз ҷониби Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, як созмони мустақил, ки ҳуқуқи рӯзноманигоронро муҳофизат мекунанд ва бар риояти меъёрҳои ахлоқӣ назорат мебарад, мудирият мешавад.
Меъёрҳои таҷдидшуда чӣ гуна ҳастанд ва пас аз ворид намудани ислоҳот барои рӯзноманигорон чӣ тағйир меёбад? Ҷавоби ин савол дар матлаби “Новый репортер”.
Инҳо чӣ гуна меъёрҳоянд?
Меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигоронро Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда соли 2009 қабул кард. Пас аз он, санадро 65 созмони расонаӣ ва рӯзноманигорӣ (ҳоло 68) имзо карданд, ки мувофиқи ихтиёри худ меъёрҳои ахлоқиро риоя мекунанд. Дар маҷмӯъ, 17 нуктаи аслӣ дар ин санад сабт гардида буд, ки марбут ба дурустии иттилоот, муҳофизат аз манбаи иттилоот, дастури риояти ҳамбастагии касбӣ, наомехтани муҳтавои тиҷоратӣ бо муаллифӣ ва ғайра мебошанд. Дар тӯли 12 соли вуҷуди ин санад, гарчанде ки дар худи ВАО тағйироти назаррасе ба вуҷуд омада буд, он ҳеҷ гоҳ таҷдид нашуд. Соли гузашта Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон барои илова кардани тағйирот ба ин санад тасмим гирифт ва меъёрҳоро дар доираи ҷомеаи расонаӣ барои муҳокимаи васеъ баровард.
Дар меъёрҳои ахлоқӣ чиро мехоҳанд тағйир диҳанд?
Шумораи меъёрҳо аз 17 то ба 10 коҳиш дода шуд. Аммо ҳар як меъёр муфассал тавсиф гардид. Акнун онҳо аз ду то 12 бандро дар бар мегиранд. Инчунин, ҳуҷҷат меъёрҳои наве дорад, ки ба мушкилоти имрӯза ҷавобгӯ мебошанд. Масалан, банди зерин илова шуд: ”Рад кардани мукофотҳои пулӣ, тӯҳфаҳо барои интишор ё нашр накардани иттилоот, инчунин ҷуброни хароҷоти гуногун, истироҳати ройгон ва дигар имтиёзҳое, ки фаъолияти рӯзноманигориро вобаста мекунанд, ба обрӯи журналист зарар расонида ва эътимодро нисбати нашрия коҳиш медиҳад”. Қаблан ин қоида вуҷуд надошт, аммо ба далели он, ки ҷоизаҳо ва тӯҳфаҳо ба рӯзноманигорон аз тарафи мансабдорон ё соҳибкорон дар Тоҷикистон маъмул гаштаанд, ҷорӣ карда шуд.
Илова бар ин, ҳоло ба Меъёрҳо зарурати эҳтироми ҳуқуқи мусоҳибро ҳамчун ҳаммуаллифи мусоҳиба ё сӯйистифода накардани эътимоди одамоне, ки таҷрибаи зарурии муносибат бо матбуотро надоранд, қайд мекунад.
Барои онҳое, ки Меъёрҳои ахлоқиро риоя намекунанд, чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст?
Риояи Меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ихтиёрӣ аст. Шӯрои ВАО ҳеҷ гуна абзори фишор ба рӯзноманигоронро надорад. Аммо ин созмон мониторинги риояи Меъёрҳои ахлоқиро дар ВАО-и Тоҷикистон роҳандозӣ карда, шурӯъ аз соли равон натиҷаи таҳқиқотро дар сомонаи худ нашр мекунад ва як навъ рейтингҳои вайронкунандагонро медиҳад. Муаллифони мониторинг умедворанд, ки масъулият дар баробари ошкорбаёнӣ низ хоҳад омад. Раванди ҷаҳонӣ ин аст, ки ҷомеа аз ВАО риояи меъёрҳои ахлоқиро талаб мекунад. Агар расонаҳо аз иҷрои онҳо саркашӣ кунанд, он гоҳ обрӯйи худро на танҳо дар назди ҷомеа, балки дар назди шарикони тиҷорӣ ё муассисаҳои байналмилалие, ки дастгирӣ мекунанд, аз даст медиҳанд. Аллакай дар кишварҳои хориҷӣ шарикони ҷиддӣ, чун қоида, аз ҳамкорӣ бо чунин расонаҳо даст мекашанд.
Ғайр аз ин, яке аз манфиатҳои риояи Меъёрҳои ахлоқӣ ин амният аст. Агар шумо қоидаҳои дар ин санад муқарраршударо риоя кунед, пас мақомот (ва на танҳо онҳо) барои даъво ба расонаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ягон сабаб нахоҳанд дошт.
Шӯрои ВАО кадом расонаҳоро назорат хоҳад кард?
То соли 2021 Шӯрои ВАО танҳо он расонаҳое, ки узви ин созмон ҳастанд, назорат мекард. Ҳоло Шӯро ҳуқуқ дорад, ки шумораи васоити ахбори оммаро барои мониторинги ҳармоҳа васеъ кунад.
Оё барои вебнависон ҳам риояи Меъёрҳои ахлоқӣ ҳатмӣ аст?
Барои вебнависон, инчунин барои рӯзноманигорон, риояи Меъёрҳои ахлоқӣ ихтиёрист. Аммо, моддаҳое, ки дар ин санад оварда шудаанд, дар асл қоидаҳое мебошанд, ки бояд аз ҷониби ВАО (муҳим нест вебнавис ё расона) риоят шаванд, агар онҳо худро ҳамчун як платформаи боэътимод ва босифат муаррифӣ мекунанд.
Илова кардани тағйирот ба Кодекси ахлоқӣ чӣ гуна сурат гирифт?
Коршиносони Шӯрои ВАО бо бозигарони бузурги бозори расонаӣ вохӯрӣ карда, дар бораи чӣ гуна тағйирот ворид кардан маълумот ҷамъ оварданд. Вохӯриҳо дар ҳамаи чор минтақаи кишвар — пойтахт, вилоятҳои Суғду Хатлон ва инчунин дар ВМКБ баргузор шуданд. Дар муҳокима қариб сад нафар рӯзноманигор ва коршиноси ВАО ширкат варзиданд, ки хоҳишу тавсияҳои худро баён карданд. Ҳама маълумот ба комиссияи коршиносон ки онро Шӯро ҷамъ овард супорида шуд. Комиссия аз мутахассисони маъруфи ВАО: Шаҳло Акобирова, рӯзноманигор, роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии Хома, ҳуқуқшиноси расонаӣ Ранжет Ятимов, рӯзноманигор ва омӯзгори меъёрҳои ахлоқӣ Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигори маъруф Раҷаби Мирзо ва дигарон иборат буд. Онҳо тавсияҳои бадастомадаро таҳлилу баррасӣ намуда, тавсияҳоеро муайян карданд, ки расонаҳои Тоҷикистон ба онҳо бештар ниёз доранд.
Дар баробари ин кор, шарики Шӯрои ВАО — Иттифоқи журналистони Литва — таҳлили меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорони дигар кишварҳоро анҷом дод ва ба ҳамкасбони тоҷикаш шарҳи муфассал пешниҳод намуд, то ки онҳо тавонанд нуқтаҳои заруриро барои лоиҳаи нави Меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорон мутобиқ кунанд.
Лоиҳаи Меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорон дубора ба муҳокимаи умумӣ гузошта шуд ва қарори ниҳоӣ оид ба тағйирот 3 уми майи соли 2021, ҳангоми ҷаласаи Шӯрои ВАО қабул карда мешавад.